Иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ

№33 (3670) 28.03.2017

25 марти соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии кишвар тибқи даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ва Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.

Сафари кории ҳайати парлумонӣ то 29 марти соли 2017 идома меёбад. Тибқи барномаи сафар Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои Шӯро, Иҷлосияи чилу шашуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи зикршуда, инчунин ҷаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба муносибати 25-солагии баимзорасии Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, 15-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, 10-солагии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Конфронси парламентии муштараки Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.

26 марти соли 2017 дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба муносибати 25-солагии баимзорасии Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, 15-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок намуд.

Аъзои Шӯро ҳафт масъала, аз ҷумла оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро, оид ба 25-солагии баимзорасии Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, 15-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои хориҷии ҳайатҳои парламентии давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва иштироки онҳо дар сессияи навбатии тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Зимни қабули қарорҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Қарори Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои хориҷии ҳайатҳои парламентии давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва иштироки онҳо дар сессияи навбатии тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо пешниҳодҳои асоснок намуд, ки ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма аз шаҳри Санкт-Петербург