Қасри фарҳанги «Даҳана». Чаро таъмири он кашол меёбад?

№34 (3671) 30.03.2017

Касри фархангҚасри фарҳанги деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб аз соли 1987 фаъолият дорад. Мутаассифона, бо гузашти айём он ба харобазоре табдил ёфтааст. Риққатовар ин аст, ки аз солҳои шӯравӣ то кунун боре рӯи таъмирро надидааст. Дару тирезаҳояш шикаста, ҳуҷраҳояш аз боду борон вайрон гашта, деворҳояш кандаю фарсуда буда, дар қабати болоии он ҷуз лонаи парандагон чизи дигаре боқӣ намондааст.

Алимуҳаммад Муҳиддинов, мудири Хонаи маданияти деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб дар суҳбат чунин тавзеҳ дод: «Дар солҳои аввали фаъолият шукӯҳу шаҳомати ин бино хеле зиёд буд. Ҳудуди 50 нафар дар он фаъолият доштанд ва дар ошёнаи дуюм китобхона ва толори варзишӣ низ амал мекард. Ҳоло бо кормандони китобхона ҳамагӣ 13 нафар фаъолият доранд. Барои таъмири он ба мақомоти дахлдор дархости хаттию шифоҳӣ кардем, лекин то ба ҳол натиҷаи мусбате нест. Борҳо тариқи воситаҳои ахбори омма низ аз ин нуқсонҳо гузориш додем, аммо аз ҷониби масъулон ягон чора андешида нашуд.

Хайрулло Тоҳиров — мудири бахши фарҳанги вилоят мегӯяд: — Дар минтақаи Кӯлоб 383 муассисаи фарҳангӣ аст, ки  41 — тои онро хонаи маданият ва қасрҳои фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Мутаассифона, бинобар нарасидани маблағ дар аксари шаҳру навоҳӣ иншооти фарҳангӣ таъмирталабанд. Аз ҷумла, қасрҳои фарҳанги деҳаи Лағмон ва деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб низ. Вазъияти кунуниро дар ҳисоботи солона ба Вазорати фарҳанг, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон расондем.

Сарахон Абдуқаҳҳоров, мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ эътироф кард, ки аз ҳолати бинои Қас­ри фарҳанги деҳоти «Даҳана» воқиф аст.

Дар маҷмӯъ, масъулин медонанд, ки қасри фарҳанги мазкур дар ҳолати ногувор қарор дорад, вале суоли матраҳ он аст: — ки чаро чораандешӣ намекунанд?

 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Рӯзноманигор