Шонздаҳ сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯз дар таърихи миллати бостонии тоҷик бо хати зарҳалин сабт гардид. Доир ба Ваҳдати миллӣ бо раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев суҳбат оростем.
- Муҳтарам раис, фикр мекунам Ваҳдате, ки соли 1997 рӯйи кор омад, барои кулли миллати тоҷик чун обу ҳаво зарур буд, барои сокинони Бадахшон бошад бебаҳо…
- Бадахшон, аз ҷумла марказаш шаҳри Хоруғ, ки дар муҳити хеле вазнини ҷуғрофӣ мустақар аст, аз баракати Ваҳдат хеле обод гардид. Бо бунёди шоҳроҳи Мурғоб- Кулма роҳи мошингард ба ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой кушода шуд. Аз болои рӯдхонаи Панҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чор пули азим бунёд ёфт. Солҳои пеш Помирро ба маркази дигар вилоятҳои кишвар роҳи мошингарди Хоруғ – Комсомолобод мепайвасту халос, ки давоми сол ҳафт моҳ баста буд. Соли 1992 ба рӯзи мақоми шаҳр гирифтани Хоруғ 60 сол пур шуда бошад ҳам, дар он ҳамагӣ ду бинои маъмурӣ — обкому комиҷроияи вилоят ва боз 4-5 бинои истиқоматии дуошёна мавҷуд буду халос. Ягона роҳи андак васеъ тақрибан барои ду мошини рӯбарӯомада ин кӯчаи марказии шаҳр ҳисоб мешуд. Саросари шаҳр аз хонаҳои якқабатаи пастак пур буданд. Умуман, Хоруғ бо ном шаҳр буд, аммо симои шаҳрро надошт. Дар маркази шаҳр як варзишгоҳе буд, ки он аслан ба майдончаи варзишии мактаби деҳот шабоҳат дошт. Сарфи назар аз ин чорабиниҳои вилоятиву шаҳри Хоруғ дар ҳамин ҷо баргузор гардид.
- Ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта, махсусан соли 1993, шаҳри Хоруғ пур аз ҷангиёни мухолифин бошад ҳам, ба хотири Ваҳдату сулҳу салоҳ, беҳбудии рӯзгори мардум, бунёдкориву ободонии диёр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.
- Яке аз омилҳои маҳбуби мардум гардидани Ҷаноби Олӣ, ҷасурии ӯст. Он рӯзҳо на ҳар кас ҷуръати вориди Хоруғ шудан мекард, вале Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ омад.
Нахустин сафари Раиси Шӯрои Олии мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи июни соли 1993 ба Бадахшон ҷараён гирифт, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии вилоят ва ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ гузошт. Дар заминаи ин сафар рӯзи 16 – уми июли соли 1993 Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба тасвиб расид ва лоиҳаи Барномаи ислоҳоти иқтисодии шаҳри Хоруғ низ барои солҳои 1995-2000 таҳия карда шуд. Ин ҳуҷҷатҳо дар раванди ислоҳоти кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими вилоят ва рушди бемайлони онҳо нақши хос гузоштанд. Моҳи майи соли 1995 бошад, бо даъвати Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Волоҳазрат Оғохони IV ба Тоҷикистон, аз ҷумла ба ВМКБ ташриф овард. Ташрифи Сарвари давлат ва Волоҳазрат, вохӯрию суханрониҳои онҳо дар назди фаъолон ва сокинони шаҳри Хоруғ ба риояи тартиботу қонуният такони тоза бахшид. То дараҷае ҳал гардидани масъалаи гурезаҳо, халъи силоҳ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон, рӯ овардан ба соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам омад. Ба вазъи ногувори иқтисодии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, соли 1995 як қатор иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд.
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳар сол ба ВМКБ ташриф меоранд…
- Дар тӯли солҳои истиқлолият сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солеро дар хотир надоранд, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ба вижа маркази вилоят сафари корӣ надошта бошад. Бахусус, сафари 37-умини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобистони соли 2008 ба Бадахшон ҷараён гирифт, суҳбату мулоқотҳояшон бо фаъолони шаҳр фаромӯшнашаванда буд, зеро баъди ин сафар баробари дигар навоҳии вилоят дар маркази ВМКБ низ бунёдкориҳои беш рӯйи кор омад. Баҳри беҳбудии рӯзгори мардум тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Баъди солҳои 2000 – ум рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ назаррас аст. Агар соли 2000 – ум буҷети шаҳри Хоруғ 410 ҳазор сомонӣ буд, соли 2010-ум 5,1 млн. сомониро ташкил дод. Соли 2011 буҷети шаҳр нисбати соли 2000 – ум 15 маротиба зиёд шуд. Ба хотири амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» «Барномаи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ дар давраи то соли 2015» таҳия шуда, масъалаи такмили заминаи қонунгузорӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар шароити кӯҳистон, вусъат додани системаи маблағгузорию қарздиҳӣ, инчунин пурзӯр намудани ҳамкории субъектҳои соҳибкорӣ ба бозор ва сохторҳои давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон, ташкили фондҳои гуногуни дастгириии соҳибкорӣ, ҳамкории байналмилалӣ, гузаронидани мониторинги фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Барномаи мазкур вазифаҳои аввалиндараҷа муқаррар карда шудаанд. Вобаста ба иҷрои Барномаи рушди шаҳр як қатор иншооти аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ зарур дар шаҳри Хоруғ сохта шуд. Дар ин давра варзишгоҳи марказӣ барои шаш ҳазор ҷойи нишаст, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, гимназияи президентӣ, маркази омӯзишӣ, Кохи ҷавонон, Театри ба номи М.Назаров ва чойхонаи миллӣ сохта шуд, нақшаи генералии шаҳри Хоруғ моҳи марти соли ҷорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, сохтмони хобгоҳ барои муаллимони гимназия – интернати президентӣ идома дорад. Азнавсозии боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ, гузоштани муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ, сохтмони бозори 20 — солагии Истиқлолияти давлатӣ анҷом ёфта, пули байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бунёд гардида, ташкил намудани бозори наздисарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар маҳаллаи Тем ва терминали фурудгоҳи ҳавоӣ дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуд. Танҳо ба хотири барқарорсозии фаъолияти идораи обу ташноб 3,7 миллион доллар ҷудо гардид. Коргарону мутахассисони ширкати «Тоҷикроҳсоз» роҳҳои автомобилгарди шаҳрро асфалтпӯш намуданд.
Соли 2011 дар шаҳри Хоруғ сохтмони 24 иншоот идома ёфт ва то рӯзи 20 – солагии Истиқлолият 4 – тоаш ба истифода дода шуд.
Хоруғ аз баракати Ваҳдат имрӯз хеле тараққӣ кардааст. Ҳоло дар ин ҷо 317 корхонаи саноатӣ, маркази савдо, тарабхона, корхонаҳои хурди соҳаҳои гуногун ва ғайра фаъолият доранд. То соли 1992 дар шаҳри Хоруғ Институти биологӣ ва танҳо як омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва омӯзишгоҳи тиббӣ фаъолият дошту халос. Ҳоло дар маркази вилоят Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Пажӯҳишгоҳи инсоншиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Пойгоҳи илмии чорвопарварии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, мактаби давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ фаъолият доранд. Вақтҳои наздик бунёди Донишгоҳи ҷаҳонии Осиёи Марказӣ оғоз мегардад.
- Фардои Хоруғро чӣ тавр тасаввур мекунед?
- Муҳити комилтари ободию бунёдкории шаҳри Хоруғ ҳоло фаро расидааст. Баҳори соли ҷорӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи генералии маркази вилоятро тасдиқ кард. Тибқи он дар муддати хеле кӯтоҳ дар Хоруғ бунёдкориҳои зиёд рӯйи кор меояд. Тибқи нақша, минбаъд дар шаҳри Хоруғ асосан биноҳои 9-ошёна бунёд мегарданд. Бунёди чунин биноҳо маҳз аз маҳаллаи Бархоруғ оғоз мегарданд. Соли ҷорӣ бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» ва пас аз он неругоҳи барқи обии «Санобод» оғоз мегардад. Бо анҷоми ин ду неругоҳ дар шаҳри Хоруғ сохтмони корхонаҳои саноатӣ сар мешавад.
Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ободию бунёдкории шаҳри Хоруғ эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва ҳама ободиҳое, ки дар даврони истиқлолият дар шаҳри Хоруғ мушоҳида мекунед, аз баракати таваҷҷуҳи Сарвари давлдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст.
Суҳбаторо Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»