иброз намуд зимни суҳбат муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова
-Шонздаҳумин сол аст, ки сокинони кишвари азизамон аз файзу баракати Сулҳу Ваҳдат, дар фазои оромию осудагӣ машғули кор ва зиндагии созандаанд. Нек медонем, ки ин Сулҳу Ваҳдат дар ивази ҷонбозиҳои садҳо тан фарзандони сарсупурдаи миллат муяссар гардид. Ба қавли Саъдӣ:
Агар шабҳои пурдаҳшат намебуд,
Намедонист Саъдӣ қадри имрӯз.
- Ҳарчанд ки душманони миллат, оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист дар муддати кӯтоҳ забонаҳои оташи ҷангро хомӯш кунад, ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад.
Ҷангҳо, сарфи назар аз хурдию бузургиашон, дар ҳама ҳолат мусибату бадбахтиҳои зиёде дар пай доранд, бахусус ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ.Он ҷанги таҳмилиро, ки дар бисёр маврид бо исми ҷанги бародаркуш ба забон мегирем, душманони миллати мо замоне рӯйи кор оварданд, ки ҳама ҷумҳуриҳои бародари собиқ аз бародари бузурги хеш талаби мерос мекарданду баҳри ободии ватан дар ҷаҳду талош буданд. Акнун барои мо, ҳамзамонон, бисёр ҷойи таассуфу надомат аст, ки он вақт ба ҷойи талаби меросу якдигарфаҳмӣ мо ба васвасаи душманон дода шуда, гиребонгири ҳамдигар шудем ва панҷ соли бутун ин Ватани тозаистиқлолро бо дасти худ ба коми оташ кашидем.
Дар ин маврид гуфтаниам, ки натиҷаи он осори даҳшатангезу бадбахтиҳои аввалини ин ҷанги таҳмилиро, ман худ ҳамчун зодаи вилояти Хатлон, ки он вақт дар маркази ноҳияи Темурмалик кору зиндагӣ мекардам, пештар ва бештар аз дигарон ҳис намудам. Имрӯз, ки душманони миллат аз пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, ноҷӯру нороҳат гаштаанд, мисли ҳамон солҳои аввали 90-уми қарни гузашта боз дар пайи озори миллат, рӯй ба ҳамон навкарони собиқи санҷидашудаи ватанфурӯш, ба амсоли Додоҷон Атовуллоев, овардаанд. Ин ватанфурӯш, ки то ҳол аз рехтани хуни фарзандони ватан бо дасти ҳамдигар сер нашудааст, дар ҷое мегӯяд, ки имрӯз кӯдакони кишвари мо дар беморхонаҳо бо иллати нарасидани маводи доруворӣ ва нон фавтида истодаанд.Оё нафаре аз шаҳрвандони кишвар ва берун аз он метавонад ин дасисаву шӯрангезии навбатии ба ном роҳбари ҳаракати «Ватандор»-и беватанро бовар намояд? Ба ҳеҷ ваҷҳ!
Агар хоини ватан ин даъвои хешро рафту дар солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуши 1992- 1994 ба миён мегузошт сокинони кишвар, бахусус мардуми минтақаи Кӯлоб, ки он солҳо бо супоришу раҳнамойии Атовуллоевҳо дар муҳосираи тӯлонии иқтисодӣ қарор доштанд, бидуни шакку шубҳа ин далели хоинро мепазируфтанд. Дар хотирамон хуб нақш мондааст, ки дар он солҳои даргир, на ин ки кӯдакон, балки сокинони саросари ин минтақаи дар муҳосирамонда, маҳз бо касофатии амалҳои ҳамин гуна ашхоси орӣ аз нангу номуси миллӣ, аз гуруснагию нарасидани маводи доруворӣ сахт ранҷу азият мекашиданд. Он вақт нони дастархони ин мардум, орди тухми ҷорӯбу кунҷора буд. Садҳо хурду калони сокинони навоҳии он, ба амсоли Фархору Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз истеъмоли гандуми заҳролуд, гирифтори бемории гелиотроп гаштанд. Дар натиҷа, қисмати зиёди онҳо аз нарасидани дору ва ғизои зарурӣ фавтиданд ва қисмати боқимонда бошад, ба таври абадӣ маъюбу маслуқ гаштаанд. Амалҳои разилонаи душманони миллат, мардуми ба ҳоли табоҳ афтодаи минтақаро, воқеан бо ҳам қарину муттаҳид намуд ва ҳамон як пораи нони ба мушкилӣ дастрасшударо бо ҳам медиданд. Шахсан шоҳиди бисёр лаҳзаҳои ғамангезу ногувор будам, ки пеши назар оварданашон дилро ба риққат меорад. Медидем, ки занону кӯдакон ба хотири аз гуруснагӣ эмин мондан, аз ноилоҷӣ рӯй ба гадоӣ овардаанд. Ҳамин ки дуди танӯр боло мебаромад, дарҳол рӯйи ҳавлӣ аз бачаҳои нонгадо пур мегашт.Боре тамоми нони пухтаамонро ба кӯдакони ниёзманд бахшидему сипас ҳамроҳи фарзандону шавҳари омӯзгорам баҳри дарёфти боз як каф орди навбатӣ, бо ранҷ дар пайи ҷустуҷӯ шудем. Аз ин амали хеш, ки он вақт манфиати оиларо нодида гирифта будам, то қиёмат розию қаноатмандам. То ҳол чеҳраҳои аз дарёфти нони гарм якбора шукуфтаи он бачаҳои нимсеру нимгуруснаи рӯйи ҳавлӣ, ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад.
- Воқеан ҳам хиради азалии миллати мо боло гирифту ба худ омадем ва якдигарро бахшидем. Акнун таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ дар дунёи муосир ҳамто надорад. Тавре аз таърих огаҳӣ дорем, хатлониён дар ҳама давраҳои мушкилоти давлатдории хеш маҳз аз сулҳу салоҳ ва ваҳдат кор мегирифтанд. Имрӯз хатлониён ба ин муқаддасот ва анъанаи нек чӣ гуна арҷгузорӣ мекунанд?
- Хатлониён аз ибтидо то имрӯз мардумони қавлу амаланд. Қавлу амал сифати хоси мардуми ҷасуру якрӯй аст. Мо, хатлониён ба ин сифату хислати азалии хеш ифтихор мекунем. Ҳоло дар вилоят ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ аз Ваҳдат даҳҳо деҳу кӯчаҳо, муассисаҳои таълимию фароғатӣ ва ҷамоатҳои деҳот ба ин исми муқаддас, номгузорӣ шудааст. Илҳоми шоирону нависандагонаш ҳамеша дар тараннуми он саршори меҳру муҳаббат аст. Чунончӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб мефармояд:
Ваҳдати мо дил ба рӯи якдигар во кардан аст,
Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.
Ҳамин тариқ, имкон ҳаст, ки оид ба ин суоли шумо бемаҳдуд андешаронӣ кард, зеро ҳар дастоварди иқтисодию иҷтимоии вилоят, қабл аз ҳама мансуби Ваҳдат аст.
- Хуб мешуд аз ин хусус андаке ёдовар мешудед.
- Аслан мисли тамоми кишвар, таҳаввулоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар вилоят баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Сокинони вилоят тавонистанд, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ оқибатҳои ҷанги бемаънии бародаркушро рафъ намуда, баҳри шукуфойии он камари нангу номус банданд. Маҳз туфайли дастгирию раҳнамоии Сарвари давлат, Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он, ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ тараққӣ кард. Бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, нақби мошингузари «Шаршар», бисёр роҳҳо ва пулҳо бунёд гаштанд, ки иншооти мазкур дар пешрафти ҳаёти иқтисодии кишвар низ аҳамияти хосаро соҳиб мебошанд. Ҳоло дар вилоят беш аз 300 корхонаи гуногуни саноатӣ амал мекунад ва ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли молҳои саноатӣ дар ҳоли болоравӣ қарор дорад.
Вазъи кори таълиму тарбия таври куллӣ тағйир ёфт. Гувоҳи ин иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимиамон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва шумораи зиёди дохил шудани хатмкунандагони макотиби вилоят ба донишгоҳҳои олии дохилу беруни кишвар мебошад. Барномаи компютерикунонии мактабҳо ба 90,4 фоиз расид.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар ин давра таҷлили 2700- солагии шаҳри бостонии Кӯлоб баргузор гардид ва тавассути ин чорабинӣ симои ин шаҳри кӯҳан замонавӣ шуд. Оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ тадбирҳои зиёди назаррас андешида шудаанд, ки барқароркунии Тахти шоҳони Ҳулбук аз ҷумлаи онҳост.
Ин дастовардҳои хеле мушаххаси хатлониёнанд, ки бо шарофати Сулҳу Ваҳдат насибашон гаштааст. Вилояту кишвари азизам рӯз аз рӯз аз файзи Ваҳдат ободтару зеботар мешавад. Аз забони шоир мегӯям:
Озодакишвари ман ҳусни тамом табрик,
Таҷлили Рӯзи Ваҳдат бар хосу ом табрик.
Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»