Дар музокироти миёни тоҷикон бисёр шахсиятҳои маъруф иштирок намуда, дар барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оғоз аз соли 1995 дар гуфтушуниду музокираҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ низ фаъолият намудааст.
Аз рафти музокирот, таҳия ва қабули созишномаҳо, мушкилоти ба миёномада, роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези онҳо хабарнигорамон бо Зариф Ализода суҳбат доир кард.
-Музокираҳо то рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар чанд давр доир шуданд ва он тӯли чанд сол идома дошт?
-Ба муносибати 15 –умин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне, гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.
Мақсади хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилӣ ва ноил гаштан ба сулҳу субот ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд.
Баъдан бо душвориҳо бошад ҳам, гуфтушунидҳои тарафайн, доир гаштанд. Вақте моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москва аввалин музокира оғоз шуд, бисёриҳо, аз ҷумла тарафҳои дар ин чорабинӣ иштирокдошта, бовар надоштанд, ки ба сулҳ мерасанд.
Сарфи назар аз вазъи душвори дохилии Афғонистон, 17- 19 майи соли 1995 аввалин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ доир гардида, бо дарки масъулият дар назди мардуми азияткашидаи кишвар изҳороти муштарак қабул шуд.
Умуман, то рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир гардид.
Бахусус барои ба имзо расидани Созишномаи мазкур вохӯрии иштирокчиёни музокирот, ки моҳи декабри соли 1996 дар Хостдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон баргузор шуд, заминаи воқеӣ гузошт.
-Хоҳишмандем доир ба ин музокирот, ки шумо иштирокчии он будед, маълумоти муфассал диҳед?
-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ноором буд. Бо назардошти масъалаҳои таъмини амният ба Президент маслиҳат намедоданд, ки озими ин сафар шавад. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташнаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон буд, аз раъйи ҷиддии худ барнамегашт ва чунин посух дод: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам…».
Ҳамин тавр, 10- 11 декабри соли 1996 дар Хостдеҳ мулоқот доир шуд. Ҳайати ҳукуматӣ аз Душанбе дар ду чархбол парвоз карданд. Дар суҳбати якҷоя Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ, қаҳрамон Аҳмадшоҳи Масъуд, роҳбари мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, намояндаи СММ ҷаноби Мерэм иштирок доштанд.
Суҳбат хеле оддӣ ва хоксорона ҷараён дошт. Бо сару либоси пур аз чанг, рӯйи кӯрпача нишаста пиёлаи чойи сард дар даст Президент суҳбат дошт, ором, ботамкин, қотеъонаву боварибахш. Дар он ҷо дар дили мо шуълаи умед бедор шуд, ки ояндаи ин музокирот бо ҳама ихтилофу нофаҳмиҳояш, Сулҳу Ваҳдат аст.
Баъд аз гуфтушунид оид ба масъалаҳои мувофиқашуда ҳуҷҷат бояд тартиб дода мешуд. Дар таҳияи он ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мухолифин Давлат Усмон, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҷумъабой Ниёзов, Отахон Латифӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон банда, Иброҳим Усмонов, Саид Салимов, Баҳодур Абдуллоев иштирок доштанд. Матни ҳуҷҷатҳо шабона таҳия ва дастӣ навишта шуд.
Протоколи якум дар бораи минтақаи даргириҳо буд. Бо назардошти вазъи номуътадили минтақаи шарқии ҷумҳурӣ қарор қабул шуд, ки гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин дар ҷониби рости ағбаи Каранак ва қӯшунҳои ҳарбии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарафи чапи ин ағба нигоҳ дошта мешаванд ва ягон ҷониб набояд ба пеш ҳаракат кунад. Яъне, ин эълони оташбас дониста мешуд.
Мухолифин розӣ шуданд, ки дар маҳалҳо намояндагони Ҳукумати қонунӣ фаъолият дошта бошанд ва ҷониби Ҳукумат низ розӣ шуд, ки дар вазоратҳои қудратии ҳукуматӣ намояндагони мухолифин иҷрои вазифа кунанд. Чунин буд, моҳият ва мазмуни Протоколи рақами якум.
Баробари бозгашт аз Хостдеҳ ба Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии рӯзи 11 декабри соли 1996 супориш дод, ки Фармон дар бораи сулҳ омода шавад. Ҳамон шаби 11-ум ба 12 декабри соли 1996, соати 2330 дақиқа Фармони мазкур аз тариқи телевизион пахш шуд. Мувофиқи Фармони мазкур, аз соати 00 шаби 12 декабри соли 1996 дар тамоми Тоҷикистон сулҳ эълон мешавад. Бояд амалиётҳои ҳарбӣ қатъ шаванд ва гуруҳҳои мусаллаҳи низомии мухолифин низ ин амалро дастгирӣ мекунанд.
Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин Фармонро бори дигар ба самъи иштирокдорон расонданд.
Ҳамзамон ҳамон шабу рӯз протоколи сулҳи Ғарм (17 сентябри соли 1996) бо неруҳои мухолифин дар ин минтақа ба имзо расида буд. Ҳарчанд дигар қумондонҳои мухолифин, бахусус онҳое, ки дар Афғонистон қарор доштанд, ба имзои сулҳи Ғарм бо шубҳа менигаристанд.
Созишномаи асосӣ, пешнависи созишномае буд, ки он бояд 19 декабр дар шаҳри Москва тасдиқ мешуд. Дар ин Созишнома масъалаи принсипҳои сохтор ё мақоме, ки давраи гузарро таъмин мекард, баррасӣ шуда буд.
Ин ва дигар масъалаҳое буданд, ки давоми музокироти тӯлонӣ баррасӣ мешуданд.
-Тавре дар суҳбат ёдрас шудед, вохӯрию музокираҳо борҳо қатъ мегаштанд, тарафҳо ба як қарори қатъӣ намеомаданд. Асосан ихтилофи назар атрофи кадом масъалаҳо сурат мегирифт?
-Дар аввалин вохӯрӣ, ки 12 апрели соли 1994 сурат гирифт, масъалаи асосӣ аз тартиб додани рӯзномаи гуфтушуниди музокироти тарафҳо иборат буд. Албатта, масъалаҳо хеле зиёд буданд, аммо тарафҳо тавонистанд, ки рӯзномаро тасдиқ намоянд. Масъалаҳои мавриди баррасӣ асосан аз се қисм иборат буданд: масъалаҳои сиёсӣ, оид ба баргардонидани гурезаҳо ба ҷойи зисти доимии худ ва сохтори ояндаи давлатдорӣ.
Раванди ояндаи гуфтушунид миёни тоҷикон нишон дод, ки гузориши ин се масъала муҳим ва асосӣ будаанд. Албатта, дар идомаи гуфтушунид дигар масъалаҳо ба миён омаданд, ки аксари онҳо мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи музокирот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд, масъалаи парлумони касбӣ баррасӣ ва қабул гардид. Қарорҳо доир ба оташбас аввал муваққатӣ, муҳлатнок ва ниҳоят доимӣ қабул шуданд.
Дар масъалаи кушодашавии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон аз ҷониби мақомоти судӣ манъ шуда буд, мавриди ихтилофи назар қарор дошт. Пешниҳоди мухолифин ин буд, ки аз лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудан Комиссияи оштии миллӣ ин ҳизбу ҳаракатҳо ба кори худ шуруъ менамоянд. Дар рафти музокирот дар шаҳри Бишкек 16- 18 майи соли 1997 тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳизбу ҳаракатҳо ва воситаҳои ахбори омма аз лаҳзаи аз ҷониби роҳбарияти ИНОТ эълон шудани парокандашавии неруҳои мусаллаҳи оппозитсион ва ба қувваҳои ҳарбии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя шудани онҳо шуруъ ба фаъолият мекунанд. Ин қарорҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ буданд. Вобаста ба дигар масъалаҳо низ ихтилофи назар ҷой дошт ва онҳо дар рафти музокирот бартараф мегаштанд.
Масъалаи асосӣ ва муҳим амалӣ гаштани талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд, зеро ин ҷо, пеш аз ҳама, тарафҳо нуктаҳои Созишномаро ба манфиати худ тафсир мекарданд. Ин мушкилот вақте рӯйи об баромад, ки Комиссияи оштии миллӣ шуруъ ба фаъолият кард.
-Комиссияи оштии миллӣ чӣ гуна сохтор буд ва дар асоси кадом санад кор мекарду чӣ салоҳият дошт?
-Комиссияи оштии миллӣ барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақоми сиёсие ба шумор мерафт, ки мутобиқи Созишномаи 23 декабри соли 1996 таъсис ёфт. Дар рафти музокирот он бо номҳои гуногун, аз қабили Шӯрои координатсионӣ, Шӯрои машваратӣ, Шӯрои давлатӣ, Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон ёдовар мешуд.
Ба фаъолият шуруъ намудани Комиссияи оштии миллӣ низ чандон осон набуд. Музокироте, ки аз 4 то 18 январи соли 1997 дар Теҳрон бо мақсади тайёр кардани Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ гузашт, хеле душвор буд, зеро ҳар ду тараф ғараз ва мақсади худро дошт. Масалан, ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехост, ки аъзои Комиссияи оштии миллӣ хеле кам, яъне 17 нафар бошад, мухолифин теъдоди 40 нафарро мехост. Ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехост Комиссияи оштии миллӣ танҳо аз ду тараф иборат бошад, мухолифин иловаи тарафи сеюм, яъне «бетарафҳо»- ро тақозо доштанд. Ҳамин тавр, таносуби пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 70+30 ё 50+50, мухолифин 40+40+20 фоиз буданд.
Тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дошт, ки баробари имзо шудани Низомнома ё ақаллан аз 1 феврали соли 1997 Комиссияи оштии миллӣ ба кори худ сар кунад. Тақозои мухолифин ин буд, ки бо ҳал шудани амният, масъалаҳои низомии Комиссияи оштии миллӣ метавонад ба фаъолият оғоз намояд ва ба ҳамин монанд дигар талабот пеш меомад.
Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Машҳад (21-22 феврали соли 1997) мебоист баробари дигар масъалаҳо, аз ҷумла бо ворид намудани тағйирот ба ду нуктаи Созишнома квотаи тарафҳо муайян карда шавад. Дар натиҷа, ба қароре омаданд, ки дар асоси он аъзои Комиссияи оштии миллӣ 26 нафар аз ҳар ду ҷониб баробар ва раис аз ҷониби мухолифину муовин аз тарафи Ҳукумат таъин хоҳад шуд. Барои таъмини амнияти аъзои Комиссияи оштии миллӣ ҳаштод нафар ба ҳисоби баробар аз ду тараф муқаррар гардид. Раъйдиҳӣ дар Комиссияи оштии миллӣ ба тариқи консенсус (розигии тарафҳо) ва агар дар даҳ масъалаи аввал ин таври раъйдиҳӣ натиҷа надиҳад, Комиссияи оштии миллӣ онро тағйир дода метавонад. Ба хулоса омаданд, ки ҳиссаи мухолифин дар ҳукумат 30 фоиз мешавад.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Москва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва аъзои ном ба номи он 4 июли соли 1997 имзо шуд. Раиси Комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини вай Абдулмаҷид Достиев буданд. Дар асоси Протоколи музокирот, ки 23 декабри соли 1996 дар шаҳри Москва имзо шуда буд, Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ тасдиқ шуд. Дар ин протокол сохтор, тарзи ташкилу фаъолияти он муқаррар гардид.
Дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ чор зеркомиссия: оид ба масъалаҳои сиёсӣ, низомӣ, муҳоҷирон ва ҳуқуқ таъсис ёфт. Хуб шуд, ба ҳайати Комиссияи оштии миллӣ он нафароне низ шомил гардиданд, ки дар ҷараёни музокирот иштироки бевосита доштанд. Ба ҳайати Комиссияи оштии миллӣ ворид накардани гуруҳи сеюм (бо иловаи ҷонибҳои ҳукумат ва мухолифин) низ оқилона ва ба мақсад мувофиқ буд, зеро ҳалли тамоми мушкилот бар уҳдаи ҷониби ҳукумат ва мухолифин буд. Ворид шудани гуруҳ ё қувваи сеюм чӣ дар Комиссияи оштии миллӣ ва чӣ сохтори давлатӣ, мушкилоти зиёдеро пеш меовард.
Ягона хусусияти Комиссияи оштии миллӣ аз он иборат буд, ки қарорҳои он тавассути салоҳияти Президент ва Парлумони ҷумҳурӣ амалӣ мешуд. Бо ин тарзи фаъолияти якҷоя ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин механизм, яъне Комиссияи оштии миллӣ, Президент ва Парлумон сохтори пурсамар, мувофиқ ва дуруст дар давраи гузар дониста шуд.
Масалан, мақоми аз ду тараф ташкилёфта, ки салоҳияти конститутсионӣ надорад, ба воситаи ин ду шохаи ҳокимияти давлатӣ амалӣ мешуд. Чунин тартиби фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ба он овард, ки нуктаҳои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва сохтори мавҷудаи давлатдорӣ амалӣ карда шаванд. Ин дарёфти ҷолиб мебошад.
Комиссияи оштии миллӣ, агар оғози корашро аз 7 июли соли 1997 ҳисоб кунем, 998 рӯз фаъолият кард. Мутобиқи Низомнома Комиссияи оштии миллӣ то ба кор шуруъ намудани Парлумони нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Баъди интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ вазифаашро ба анҷом расонид. 31 марти соли 2000 Президент аъзои Комиссияи оштии миллиро қабул карда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуд. Дар хусуси қатъ гаштани фаъолият Комиссияи оштии миллӣ 31 марти соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.
-Муносибати тарафҳо дар вохӯрию суҳбатҳои ғайрирасмӣ сари як пиёла чой чӣ гуна буд?
-Дар аввалин вохӯриҳо намедонистем чӣ тавр муносибат намоем, ҳарчанд пеш ҳам якдигарро мешинохтем. Саломҳоямон низ чандон самимӣ набуд. Якҷоя хӯрок намехӯрдем, дар меҳмонхонаҳои алоҳида зиндагӣ мекардем. Меҳр дар чашм аст, мегӯянд, ки дуруст мебошад. Баъди як –ду бор вохӯрдан ҳисси нобоварӣ бартараф шуд. Якҷоя хӯрок мехурдем, суҳбату вохуриҳоямон ҳам гарму боваринок шуд.
Дар мулоқотҳои оянда ба ҳам оғӯш кушода салом мекардем. Бо якдигар бовариамон бештар мешуд. Роҳ то Ваҳдати миллӣ ва расидан ба сулҳ чандон осон набуд. Аммо бо душворӣ онро пушти сар кардем, зеро мақсади ягона доштем. Дигар фарқ миёни мо намонда буд.
-Шояд ин муносибати гармро дида, дар музокироти Москва Евгений Примаков дар толор аъзои музокиротро танҳо гузошта гуфтааст, ки шумо -тоҷиконро танҳо мегузорем, он тарафаш — кори худатон?
-Дар Бишкек, Москва дигар маҳалҳою музокирот мизбонон чунин муносибати гарму самимии моро мушоҳида мекарданд. Онҳо низ хурсанд буданд, ки миёни мо чунин муносибати самимонаи тоҷикона барқарор шудааст.
Хушбахтона, чунин тавр ҳам шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»