Дар ҷаласаи Раёсати Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ узви пайваста (академик), Моҳира Зарипова, Адлия Бабаева ва Нуралӣ Ҳасанов аъзои вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Ҳамчунин, се нафар аъзои АМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни Академияи муҳандисии байналмилалӣ (АМБ), ки 18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор мегардад, пешниҳод гардиданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»