Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои мукаммал — таконбахши рушди ҷомеа

№79 (3064) 21.06.2013

DSC_0769

25 июни соли ҷорӣ таҳти раёсати Давлатшо Гулмаҳмадов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд.

Раиси Кумита масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаҳои хешро иброз доштанд.

Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ таври алоҳида хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ