«Суд»-у зиён аз тамошою тарғиби суратҳои бегона

№36 (3673) 04.04.2017

коллаж 4суратҲодисаҳои бегонапарастӣ, ки сироят ба решаҳои чуқури таърихии миллати моро доранд, мутаассифона, рӯз то рӯз авҷ гирифта истодаанд.

Дар баробари ин, бетафовутии бархе аз аҳли ҷомеа касро ба андеша водор менамояд. Чунин ба назар мерасад, ки дигар касеро ба касе коре нест. Муборизаҳои беамонро бо силоҳҳои гуногун, ки ба ҳадафи нест намудани фарҳангу миллатҳо, забти сарзамину боигариҳо нигаронида шудаанд, нодида мегирем. Тавассути ин гуна силоҳҳо ки пеш аз маҳви ин ё он миллате, ибтидо, мафкура, ҷаҳонбинии ӯро дигар мекунанд ва то ба дараҷаи манқуртӣ мерасонанд. Он тарафаш, тавре мегӯянд, кори вақт аст. Маълум аст, ки дар як қатор давлатҳои даргир маҳву заифсозиҳо бо дасти фарзандони ба ду ҷабҳаи мухолиф ҷудогардидаи як миллат сурат мегирад. Он гунае, ки солҳои навадуми асри гузашта ин таҷрибаро дар Тоҷикис­тон гузаронда буданд. Барои коргардонҳои фитнаҳои зайл муқаддасоте вуҷуд надорад. Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҷинояту ваҳшонияте рӯ намегардонанд. Муруввату шафқат барин мафҳумҳоро намедонанд. Дар ҳоле ки дар пеши назари аҳли башар давлатҳоро хароб, шаҳру деҳаҳоро бо аҳолиашон бомбаборону қир карда истодаанд, дигар аз онҳо чиро интизор шудан мумкин аст? Дар мамлакатҳои гирифтор низ ин аҳриманҳо якбора муваффақ нашуда буданд. Балки корро бо мулоиматӣ оғоз бахшида, дар ниқоби дӯсту хайрхоҳ, маслиҳатчию омӯзгори демократия, кумакҳои хайриявӣ, муҳофизони ҳуқуқи инсон,  тавсеабахшони баробарҳуқуқии занону мардон, рафъи хушунати хонаводагӣ, зӯроварӣ нисбат ба зан ва амсоли он худро нишон медоданд. Бо ин мақсад фаъолияту «реклама»-ҳои худро озодона, бидуни фишоре, балки бо ­ҳамраъйию мусоидати бевоситаи бархе роҳандозӣ менамуданд. Ба ин минвол, сабурона рӯҳияву табиати ин ё он халқу миллатро хуб омӯхта, ҷойи сусти онҳоро меёфтанд. Ҷавонони аз гумроҳӣ ба «ДИИШ» пайваста низ натиҷаи «хайрхоҳӣ»-и онҳост. Имрӯз дину мазҳаби ҳатто дар замони гӯё атеистӣ ё бехудоии шӯравӣ поку беолоиши мо ба ҳазору як «вирус» сироят шудааст. Дар задухӯрдҳои хунин асосан мардуми мусалмон бо дасти якдигар қурбон мегарданд. Сиёсату корбарии ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоиро нодида гирифтан, маънои бо оташ бозӣ карданро дорад. Вақте ки СССР–и абарқудратро барҳам зада тавонистанд, ба ҷангу хунрезӣ кашидани давлатҳои хурду қафомонда, гумроҳ намудани наврасону ҷавонони бетаҷриба барои онҳо мушкиле надорад.

Дар ҳайратам, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷикро ба ақлҳо аз берун чӣ ниёз  бошад? Ворид намудани молу маҳсулоти хориҷӣ бас набуд, ки ба воридоти ақлу фарҳангҳои иртиҷоӣ шурӯъ намудаем. Баробари танқиди рафтори мулломаобе, каҷравиҳо дар дину мазҳаб, ҳатман шахсро ба динситезӣ ва исломбезорӣ, ҳатто кофарӣ ҳукм мекунем. Дини ислом гуфта, миллати арабро дар назар доштан куллан иштибоҳ аст. Он ҳаргиз ба як миллат мансуб буда наметавонад. Мисли он ки сотсиализми гаҳворааш собиқ шӯравӣ дар ин қаламрав аз байн рафта, дар давлатҳои алоҳида, аз ҷумла Чини бузург пойдор аст. Ҷангҳои дар сарзамини араб идомадошта гувоҳи тавъам набудани араб ва ислом аст. Мо, миллати соҳибтамаддуни тоҷик, маҳз бо касофати ифроту таассуби динӣ аз дигарон қафо мондаем. Дар аҳди шӯравӣ то андозае хурофотпарастиамон коҳиш ёфта бошад ҳам, баъди пошхӯрии он авҷ гирифт.

Дар ислом зоҳирпарастӣ, худнамоӣ, дурӯғ, қатлу куштор, ҷудоиандозӣ барин амалҳои ношоиста маҳкум гардидаанд. Афсӯс, ки гурӯҳу шахсони алоҳида моҳирона бо ривоятҳои бофтаю сохта тавонистаанд, ки нақшаҳои ифлоси худро амалӣ созанд, наврасону ҷавононро ба доми тазвири худ кашанд. Натиҷа ин аст, ки шумораи занону духтарони сатру ҳиҷобпӯш рӯ ба афзоиш дорад. Албатта, ин ҷо ҳамаи онҳоро гунаҳкор карданӣ нестем, вале ба аксарият маълум аст, ки занону духтарони алоҳидаи сатрпӯш ба чӣ корҳо машғуланд. Тӯли ҳафтод соли мавҷудияти шӯравӣ, ки бибиҳою модарони мо либосҳои шинаму муносиби миллии тоҷикӣ мепӯшиданд, магар мусалмон набуданд? Ё бо барҳам задани созу суруд дар тӯйҳо ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ кардани амри маъруф шахсе, ки садоқату муҳаббат ба дин надорад, мусалмон мегардад? Дарвоқеъ, агар амри маъруф аз тарафи домуллоҳо самимӣ мебуданду ба шунавандаҳо таъсиргузор, имрӯз ҷавонон ба равияву доираҳои иртиҷоӣ намепайвастанд. Оё муллое бе подош ба никоҳу амри маъруф ба хизмат мепардозад, дар ҳоле ки ҷанозаи муъминон бе музд хонда намешавад? Маъракаи хурсандӣ аз мотам бояд фарқ кунад. Амри маъруф ва суруду мусиқӣ ҷойи худро доранд.

Роҳҳои паҳн намудани фарҳанги бегона мухталифанд. Барои мисол, тавассути молу маҳсулоти диққатҷалбкунанда, вале барои солимии аъзои ҷомеа зарарнок, аз қабили  матоъҳои синтетикии арзону назарфиреб, шарбату нӯшобаҳо, уребчаҳо (памперс) ва амсоли онҳо, ки аллакай кори худро кардаанд. Чун дар истеҳсолу ихтироъ муваффақ нестем, аксарият ҳар як навовариро насанҷида, бо ҷону дил қабул мекунему суду зиёни онро дар тарозуи ақл барнамекашем.

Адабиёти гуногун, кинофилмҳои фаҳш, қатлу куштор, тарғибу ташвиқи суратҳо аз воситаҳои дигари ин раванд мебошанд. Ҳол он ки аксарият худро мусалмон меноманд, вале аҳкоми шариатро риоя наменамоянд. Дар дину мазҳаби мо парастиши сурат, ҳайкалҳо, холгузориҳо дар дасту рӯю бадан, умуман зоҳирпарастӣ ҷоиз нест. Магар Муҳаммад — Расули Худо (с) наметавонист, ки аз худ сурат боқӣ гузорад ё гузоштани ҳайкалашро васият намояд?

Наврасону ҷавонони имрӯза ба парастиши суратҳое машғуланд, ки бадбахтиҳое дар худ ниҳон доранд. Дуруст аст, ки чеҳраи зебо, бахусус, зану духтарони зебо, ҳамаро писанд аст. Ба қавли устод Мирзо Турсунзода, «сурати гулчеҳрагонро мо парастиш мекунем, чунки рӯзе нур аз он сурат ба мо ҳам мерасад». Вале симои мардони ғайришарқиёна, аксаран бенуру манфури барои миллати мо бегона ба насли имрӯза чӣ манфиате меорад?

Овехтан ва нигоҳ доштани сурати  шахсиятҳои машҳурро касе манъ накардааст. Аммо миёни суратҳое, ки имрӯз насли ҷавони тоҷик мавриди парастиш қарор додааст ва суратҳои нуронии Синою Ҷомӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон, Қаҳрамонони Тоҷикистон ва санъаторону варзишгарони машҳурамон фарқ аз замин то осмон аст. Насли ҷавон дилхоҳ қаҳрамони филмҳои америкоию туркӣ, санъаткорону варзишгарони хориҷиро то рақамҳои мошин чӣ хӯрдану чӣ ном доштани сагу пишакашонро аз ёд гуфта медиҳанду дар мавриди худиҳо хомӯш мемонанд. Чаро наврасону ҷавонони Ғарб бузургон, ситораҳои санъату варзиши мо — тоҷиконро намепазиранд? Наход аз чеҳраи ориёнаи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмумин Раҳимов дида, сурати  Майкл  Тайсон — муштзани америкоӣ писандидатар бошад, ҳарчанд сухан танҳо сари холкӯбиҳо дар рӯю бадан ва тарҷумаи қабеҳи нӯшокии «MIKE TYSON» («Қуввати Тайсон») меравад, ки хилофи фарҳанг, дину мазҳаби мо буда, нӯшандагонаш гӯё қуввати Тайсонро нӯшида, чун ӯ боқувват мегардида бошанд? Вале кадом қувват, қуввати мушт, дасту бозу ё…?

Боқӣ, қазоват аз суханфаҳмону ҷомеашиносон аст, ки таҳлили масъалаҳои зикршуда вазифаи ҷониашон мебошад.

М. НУРАЛИЕВ,

«Садои мардум»