Дуюми апрели соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва №62 (ноҳияи Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе ба ҷойи вакилони хориҷшуда интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мувофиқи маълумоти комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, пас аз ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №25 номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо дарёфти 84,80 дарсади овозҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Дар ин ҳавза бо Рустами Эмомалӣ номзадҳо аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов (7,81 дарсад) ва Ҳикматуллоҳ Саидиён аз Ҳизби демократии Тоҷикистон (2,65 дарсад) рақобат карданд.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии интихобкунандагон дар интихобот 8669 нафар иштирок намуданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №62 номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайзода — 75,11 фоиз, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Мавсума Абдуллоева — 11,65 ва Васила Файзуллобекова — номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 8,78 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаҳои интихоботии №4, №8, №23 ва № 24 низ интихоботи вакилон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ доир шуд.
Дар ҳавзаи интихоботии №4 (ноҳияи Сино) номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода — 74,75 фоиз ва Абдуҳалим Раҷабов — номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, 17,72 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №8 (ноҳияи Шоҳмансур) номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Низом Ҳакимзода — 74,63 фоиз ва номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Иноят Дадоҷонова 18,7 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №23 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор — 73,97 фоиз ва номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Тоҷев Манучеҳр Наҷмуддинович 18,24 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.
Дар ҳавзаи интихоботии №24 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Шариф Самӣ — 74,07 фоиз, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Шарифамо Каримова — 12,84 ва номзади худпешбар Ислом Гадойбоев 8,70 дарсади овозҳоро соҳиб гардиданд.
«Садои мардум»