4-уми апрели соли равон дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳият ва вазифаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар баргузор гардид. Дар он узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ мулоҳизаронӣ карда, аз ҷумла, гуфт:
- Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ боби алоҳида (боби сеюм) ихтисос дода шудааст, ки дар он омадааст: «Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Он аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Номбурда зикр кард, ки салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя аз тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода, ризоят ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъини интихоботи Президент, қабули истеъфои Президент, сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаи олии ҳарбӣ ва баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент иборат мебошад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳият ва ваколатҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муайян кардаанд, Дастури фаъолияти худро қабул ва тибқи он амал менамоянд.
Бахтовар Сафарзода, ҳамчунин аз хусуси салоҳият ва вазифаҳои ҳар ду Маҷлиси парламент ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Сипас, миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ