Тақвияти муносибатҳо бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

№79 (3064) 27.06.2013

DSC_0842

Бисту панҷуми июни соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Шӯрои машваратии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро таҳти роҳбарии хонум Стефан Ли – муовини Намояндагии Доимӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Шӯрои машваратии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро ба кишвари мо хайра мақдам гуфта, ташрифи ҳайати мазкурро ба сарзамини тоҷикон омили рушду таҳкими муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ кард. Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Шӯрои машваратии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, бо тамоми ниҳодҳои тобеи Созмони Милали Муттаҳид мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид моҳи октябри соли 1993 дар фазои ҳамкориҳои дӯстона шартномаеро ба имзо расонид, ки ҷиҳати ҳалли бисёр масъалаҳо, рушди иқтисод, болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар шумори 191 кишвари дигар Декларатсияи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба имзо расонидааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёди мавҷуда, кишвари мо ҷиҳати ноил шудан ба рушду тараққӣ назари некбинона дошта, ба дастгирии ҳамаҷонибаи шарикони байналмилалии худ такя мекунад.

Барои Парламенти Тоҷикистон яке аз муҳимтарин вазифаҳои бахши қонунгузорӣ таври воқеӣ инъикос намудани талаботи ҷомеа ва ҳангоми қабули қонунҳо ба эътибор гирифтани манфиатҳои интихобкунандагон мебошад. Ин табиист: инсон, эҳтиёҷоти ӯ нуқтаи асосии тамоми фаъолияти қонунгузории парламентро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2007-2009 бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар назди Маҷлиси намояндагон шуъбаи назорати тамоми маблағҳои буҷетӣ таъсис шуд. Дар доираи ташаббусҳо оид ба шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ як силсила тадбирҳо оид ба тақвияти иқтидори чорабиниҳо ҷиҳати пешбурди ислоҳоти сиёсӣ дар ин бахш амалӣ гардид. Баъдтар ин ташаббус барои таъсиси Муассисаи олии аудит, ки ҷиҳати назорати сарфи маблағҳои буҷетӣ мақоми мустақил мебошад, замина гузошт.

Дар Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи экологӣ таъсис ёфтааст, ки он низ бо Барномаи Рушди СММ дар бахши муҳити зист ҳамкории зич дорад. Дар ин бахш дар давоми солҳои 2011-2013 як силсила қонунҳо қабул карда шуданд. Айни ҳол Барномаи Рушди СММ ҷиҳати таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мониторинги экологии ҷамъиятӣ бо ин ниҳоди Маҷлиси намояндагон ҳамкорӣ менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба нақши зан дар ҷомеаи кишвар ва Маҷлиси намояндагон суҳбат ороста, аз ҷумла зикр намуд, ки айни замон тақрибан 20 дар сади вакилони Маҷлиси намояндагонро занон ташкил дода, як муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, ду раиси Кумита ва раиси Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парламент аз шумори занҳо мебошанд.

Парламенти мо ҳамкориро бо Хазинаи беҳдошти аҳолии Созмони Милали Муттаҳид муҳим мешуморад, ки ба шарофати он имкониятҳои иштирок дар мақомот ва сохторҳои машваратии минтақавӣ доир ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ, ҳамчунин барои сифати меъёрҳои масъалаҳои ҳифзи сиҳатии аҳолӣ зиёд гардиданд.

Бо назардошти он ки имкониятҳои қонунгузории Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо низоми Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он бештар амалӣ мешавад, мо ҳангоми таҳияи қонунҳои марбут ба беҳдошти аҳолӣ, ҳифзи сиҳатии мардум ва сиёсати ҷавонон ба экспертизаи техникӣ ва дастгирии ЮНФПА, аз ҷумла дар бахшҳои сиҳатии омма, экология, масъалаҳои иқтисодӣ, иштироки ин ниҳод дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дастрасии таҷрибаи қонунгузории пешрафта, сафарҳои омӯзишии намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва ғайра умедвор ҳастем.

Роҳбари ҳайати Шӯрои машваратии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Стефан Ли – муовини Намояндагии Доимӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз нақши парламент дар рушди соҳаҳои ҷомеаи кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмакҳои худро бештар амалӣ хоҳад намуд. Хонум Стефан Ли ва ҳайати ҳамроҳонаш ба як силсила саволҳои худ роҷеъ ба мавзуъҳои гуногуни ҳаёти дохиливу хориҷии кишвари мо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Суҳбат дар фазои самимият ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон