Ҳамовозӣ

Фурсатро набояд аз даст диҳем

№38 (3675) 11.04.2017

dwnghnwdpmcchudehluuengdam

Мусоҳибае, ки зери унвони «Ҳашарот бар зидди ҳашарот» 30 марти соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расид, ба масъалаи хеле муҳим бахшида шудааст.  Дар он номзади илмҳои кишоварзӣ Икром Тешаев тамоми паҳлуи масъаларо баён намуда, манфиати  гузаштан ба усули биологии ҳимояи  набототро  возеҳ бозгӯйӣ кардааст.

Охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамчун ходими рӯзномаи ҷумҳуриявии «Совет Тожикистони» (ҳоло «Халқ овози») ба ноҳияи Шаҳритуз рафта, бо сарвари хоҷагии дар ҷумҳурӣ машҳури «Бешкент»- Раҳимқул Ҳайдаров вохӯрдам. Ӯ дар  собиқ вилояти Қӯрғонтеппа  яке аз аввалинҳо шуда, усули биологии ҳимояи пахтазорро ба роҳ монда буд. Роҳбарони ноҳияву вилоят ба ҷои дастгирӣ, «агар таҷрибаат натиҷаи хуб  надиҳад, ҷазо мегирӣ», — гӯён, ба ӯ  таҳдид намуданд.

- Дуруст аст, ки ба Ватан пахтаи бисёр  даркор, вале  пахтае, ки боиси расидани зарар ба саломатии одамон шавад, ба кӣ лозим? – гуфта буд ӯ.

Зимни мусоҳиба  пурсидам, ки оё бе истифодаи заҳрхимикатҳо соҳаи кишоварзӣ пеш меравад?

Раҳимқул Ҳайдаров дар ҷавоб гуфта буд:

- Заҳрхимикатҳо дар навбати аввал ба  зараррасонҳо не, ба худи одам таъсири манфӣ мерасонанд, зеро мо аз ҳавои бо заҳрхимикатҳо «муаттар» нафас мекашем, ҳосили бо заҳрхимикат рӯёндашударо истеъмол мекунем, оби бо заҳрхимикат  омехташударо  менӯшем.

Ҳамон солҳо (1989- 1990) хоҷагӣ дар ҷумҳурӣ якумин шуда, нақшаи пахтасупориро иҷро намуд.  Минбаъд, дигар хоҷагиҳои ноҳия низ аз ин таҷриба истифода бурданд. Раҳимқул Ҳайдаров дар ин бобат бо академик М. Нарзиқулов ва профессор Ш. Умаров, ки дар самти бо усули биологӣ мубориза бурдан бо зараррасонҳои пахта таҷрибаи кофӣ доштанд, ҳамкорӣ мекард.

Ман он вақт дар бораи натиҷаи мусбати усули биологии ҳимояи наботот  мақолаи  калоне омода кардам, вале «аз боло» ба муҳаррири рӯзнома занг зада гуфтанд, ки «ин усулро тарғиб накунед». Аз як мақолаи калон хабари кӯтоҳе «сохтанд».

Воқеан, Икром Тешаев дар мусоҳиба оид ба фурӯши заҳрхимикатҳо ҳавасманд будани баъзе доираҳои муайянро дуруст ёдоварӣ кардааст. Он давра бо вуҷуди натиҷаи назаррас додани  усули биологӣ, бо ҳар роҳ доираҳои муайяни ба фурӯши заҳрхимикатҳо ҳавасманд пеши роҳи тарғибу паҳншавии ин усулро мегирифтанд, ба кори олимони дар ин самт фаъолияткунанда халал  мерасониданд. Монеагузорон чун диданд, ки Раҳимқул Ҳайдаров аз роҳи худ ақиб гаштанӣ нест, дар хоҷагӣ тафтиш  гузарониданд. Ба қавле, «аз ресмон то сӯзан»- ро дида  баромаданд, вале хатои ҷиддие наёфтанд.

Дар даврони шӯравӣ, агар дар рӯзномае  мусоҳиба ё мақолаи  пурмазмуне чоп мешуд, онро дигар рӯзномаҳо тарҷумаву  бознашр  мекарданд. Ба андешаи ман, меарзад, ки мусоҳибаи дар «Садои мардум» чопшударо дигар рӯзномаҳо низ нашр кунанд. Воқеан, дар таъсиси Маркази усули биологии мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ фурсатро бояд аз даст надиҳем.  Зарур аст, ки мардум бештар дар ин хусус маълумот пайдо намоянд. Чунки боре як соҳибзамин «киштзорамро канаи 7 холдор зер кардааст», — гӯён аз нофаҳмӣ ин ҷонваракони фоиданокро нобуд сохтааст.

Ҳоло фурсате расидааст, ки на танҳо зидди ҳашароти зараррасон, балки ба муқобили заҳролудкунандаҳои муҳити зист низ мубориза барем, зеро тоза нигоҳ доштани об, ҳаво ва замин гарави саломатии инсон аст.

Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон