Барқияҳои табрикӣ

№38 (3675) 11.04.2017

7 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

 «Муҳтарам Владимир Владимирович!

Санаи хотирмон – 25 — солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ман имкони хуб медиҳад, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро ирсол намоям.

Тӯли ин чоряк аср муносиботи Тоҷикистон ва Россия тибқи хатҳои тулӯъкунанда рушд кардаанд, ошкоро будан ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар дар ҳамкории мутақобилаи онҳо, чӣ дар заминаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрсамта меъёр гардидааст.

Дар Тоҷикистон ба нақши таърихии Россия дар ҷараёни барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин ҳиссаи муҳими он дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат баҳои баланд медиҳанд.

Басо гуворост, ки тӯли солҳои гузашта бо кӯшишҳои муштарак мо ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро, ки ба анъанаҳои қадимии дӯстӣ ва робитаҳои дуҷонибаи мардумони мо асос ёфтаанд, ба сатҳи нави босифати шарикӣ баровардем. Мо тӯли ин солҳо натиҷаҳои амалии бадастовардашуда дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо мувофиқро муътабар медонем.

Тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатиро бо Россия ҳамчун афзалияти калидии сиёсати дохилии худ баррасӣ намуда, мо бо умедҳои нек ба ояндаи қобили мушоҳидаи он нигоҳ мекунем ва ба амалисозии амалҳои пайваста оид ба таҳкими ҳамкории минбаъдаи ду кишвар тибқи қоидаҳои шарикии стратегӣ устуворона омодаем.

Зимни ин мо онро ба назар мегирем, ки бо мақсади ба муносибатҳои муттаҳидаи мо додани сифати хеле баланд, хусусияти комилӣ ва мутаносибӣ, давом додани корҳо дар тамоми сатҳҳо ҷиҳати ба даст овардани мувозинат миёни паҳлӯҳои ҳамкории дуҷониба- сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории мутақобила муҳим аст.

Дар робита ба ин, мехостам аҳамияти муҳими амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати ба сатҳи татбиқи амалӣ баровардани тавофуқоте, ки чанде пеш зимни сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, таъкид намоям. Бовар дорам, ки мо якҷоя метавонем иқтидори бузурги ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Россияро ба манфиати мардумонамон пурра амалӣ намоем.

Ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович тансиҳатӣ ва дар амалӣ гардидани тамоми нияту мақсадҳои ба таҳкими амният ва таъмини шукуфоии Россияи бузург равонагардида муваффақиятҳои калон, ба халқи дӯсти он сулҳ, беҳбудӣ ва саодат орзумандам».

7 апрели соли 2017 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

 «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни муҳим – 25 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон қабул фармоед.

Дар давоми солҳои гузашта робитаҳои Россияву Тоҷикистон дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, ки мардумони моро ба ҳам меоранд, босамар рушд карданд. Беш аз 150 созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳо танзим мекунанд. Ҳамгироии самаранок дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ, САҲА ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.

Мутмаинам, ки мо минбаъд низ муносиботи шарикии стратегии миёни Россия ва Тоҷикис­тонро ҳамаҷониба таҳким бахшида, кӯшишҳоро баҳри мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамоҳанг месозем, ки ин, бешубҳа, ба манфиатҳои умумии мо ҷавобгӯ буда, ба самти таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ равона мегардад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб тансиҳатию муваффақият ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бурдбориву шукуфоӣ таманно дорам».

www.president.tj