Имсол ба баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Кохи фарҳанги Ҷамъияти саҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), маъруф ба «Қасри Арбоб» доир шуд, 25 сол пур мешавад. Ба ин муносибат бо собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, полковник Мирзо Олимов ва подполковник Саидмирзо Мирзоев ҳамсуҳбат шуда, хотироташонро пурсон шудем:
Мирзо Олимов: — Соли 1992 барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ниҳоят вазнину мудҳиш буд. Бар асари таблиғу ибтикори чанд тан аз мансабталош оташи ҷанги бародаркуш аланга зад ва мамлакат дар вартаи нобудшавӣ қарор гирифт.
Ба бахти мардум ақли солим ва қувваҳои ҳурмуздӣ бар сияҳкориҳои аҳриманӣ пирӯз шуданд ва пирӯзӣ маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад. Дар он вакилони халқ тайи 17 рӯз роҳҳои аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавӣ берун баровардани ҷумҳуриро баррасӣ ва ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистонро барқарор карданд.
Воқеан ҳам, иҷлосия тақдирсоз буд ва дастоварди қобили мулоҳизаи он, бидуни шакку шубҳа, интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шӯрои Олӣ маҳсуб мешавад.
Вақте ки ӯ бо тавозӯъ дирафши Ватанро бӯсид ва ба чашм молиду қумондонҳои фронти халқӣ ва мухолифин низ ин амали ӯро такрор карда, дасти дӯстию бародарӣ ба ҳам доданд, аз чашмонам ашк ҷорӣ гардид.
Банда ҳамчун сардори гурӯҳи муҳофизони собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев шоҳиди баргузории иҷлосия будам.
Саидмирзо Мирзоев: — Ҳар қадар ки аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар вақт мегузарад, он ҳамон андоза аҳамияти хоса касб мекунад. Ҳамон вақт, мо — як гурӯҳ кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба шаҳри Хуҷанд рафтем. Кормандони милитсияро, ки аз шаҳру ноҳияҳои кишвар омада буданд, ба мавзеъҳои гуногун вобаста карданд. Гурӯҳи мо ҳудуди фурудгоҳро зери назорат гирифт. Он рӯзҳо одӣ набуданд, зеро тақдири мамлакат ҳал мешуд.
Дар ҳолати даст додани имкон (чунки роҳбари гурӯҳ будаму чунин фурсат бароям на ҳама вақт фароҳам меомад) аз телевизиони толори асосии фурудгоҳ рафти иҷлосияро тамошо мекардам. Вақте Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи сеюми иҷлосия, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, ба назарам шубҳаву нобовариҳо аз дили одамон зудуда гардид. Одӣ, самимона ва дилсӯзона сухан карданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», — гуфтанашон ба ҷисму ҷони ҳама рӯҳу тавон бахшид.
Гурӯҳи мо аз 25 нафар иборат буд ва наздик ба 20 рӯз сахт заҳмат кашид. Ин лаҳзаҳо месазад, ки аз хизмати софдилонаи аъзои гурӯҳ, аз ҷумла, майори милитсия Иброҳим Салимов (рӯҳаш шод бод) ва лейтенанти калони милитсия Икром Бобобеков ёдовар шавем.
Тавассути Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи навини давлатдорӣ оғоз шуд. Ба маънои томаш Тоҷикистон таҳти сарварии фарзанди фарзонааш — Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё ва дар ҷодаи рушд собитқадам гардид.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»