Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Созишномаҳо оид ба беҳтар намудани системаи обтаъминкунӣ ва пешгирии талафоти қувваи барқ ба тасвиб расиданд

№80 (3065) 29.06.2013

DSC_0928

26 июни соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Доир ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар хусуси созишномаҳои (кредитӣ) қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби  Тоҷикистон, марҳилаи 2

2. Дар хусуси созишномаҳои кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби  Тоҷикистон, марҳилаи 2

3. Дар хусуси Созишномаи грантӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии НБО-и Қайроққум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

4. Дар хусуси Созишнома дар бораи маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ оид ба лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

5. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ»)

6. Дар хусуси Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ дар вилояти Суғд» — Хизматрасониҳои машваратӣ ба Маркази татбиқи лоиҳаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд.

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар хусуси созишномаҳои (кредитӣ) қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии  шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2 сухан ба директори  генералии Корхонаи  воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Тағоймуродов Алимурод дода мешавад.

DSC_0939Алимурод ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!

Тадқиқоти аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва институтҳои молиявии хориҷии ҳавасманд гузаронида маълум намуд, ки танҳо 48,6 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ба оби ошомидании ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯй дастрасӣ дорад.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри беҳтар намудани таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз он ҷумла дар ин самт якчанд созишномаҳои (кредитӣ) қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шуданд, ки таркиби онҳо аз маблағҳои грантию қарзӣ ташаккул ёфта, мақсади онҳо татбиқи лоиҳаҳои беҳтар намудани системаҳои таъмини оби нӯшокии истеъмолкунандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

То имрӯз бо чунин лоиҳаҳо 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаро гирифта шудаанд ва мақсади асосӣ ин аст, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ бо чунин лоиҳаҳо фаро гирифта ва таъмини аҳолии ҷумҳурӣ беҳтар гардонида шавад, ки  ин ба иҷро шудани стратегияҳо ва барномаҳои дар сатҳи давлатӣ қабулгардида боис мегардад.

Имрӯз барои баррасӣ ба шумо лоиҳаи  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Оид ба лоиҳаҳои беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2» пешниҳод шудааст.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати маблағгузорӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон ҳавасмандӣ изҳор гардида буд ва дар ин самт аз тарафи мушовирони хориҷӣ асосноккунии лоиҳа дар соли 2012 ба анҷом расидааст.

Санаи 14 декабри соли 2012 байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пилотӣ созишномаҳо оид ба қарз, кафолат ва дастгирии лоиҳа ба имзо расонида шуда буд.

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи дуюм» шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафарободи вилояти Суғдро дар бар мегирад ва барои гирифтани маблағи қарзӣ ба миқдори 7 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки дар натиҷа маблағи умумии лоиҳа, бо назардошти маблағҳои грантӣ, 15,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Маблағҳои лоиҳавӣ барои шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ба тариқи зайл тақсим шудаанд:

-Истаравшан- 3 млн. 260 ҳазор доллари ИМА;

-Панҷакент -4 млн. 415 ҳазор доллари ИМА;

-Шаҳристон -3 млн. 900 ҳазор доллари ИМА;

-Зафаробод – 3 млн. 925 ҳазор доллари ИМА.

Маблағи барои лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи дуюм» пешбинишуда, ки ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румиро дар бар мегирад, 12 млн. доллари ИМА (аз он ҷумла, 5 млн. доллари ИМА қарз)- ро ташкил менамояд.

Маблағҳои лоиҳавӣ барои ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ба тариқи зайл тақсим шудаанд:

-Ёвон- 5 млн. 800 ҳазор доллари ИМА;

-Ҷалолиддини Румӣ -6 млн. доллари ИМА.

Ҷоизи зикр аст, ки татбиқи лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2» соли 2013 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом мерасанд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои мазкур мувофиқи талаботи мавҷуда зарурияти эътибор пайдо намудани ин созишномаи қарзӣ ба вуҷуд омадааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Зайнуддин дода мешавад.

DSC_1010Зайнуддин САФАРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Созишномаҳои (кредитӣ) қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2, 14 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2013 №1933 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаҳои мазкур бо мақсади расонидани кӯмаки молиявӣ ва таъмин намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ дар шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Шаҳристону Зафарободи вилояти Суғд мебошанд. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,5 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) – 7,0 млн. доллари ИМА, гранти котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт (SЕCО) – 8,5 млн. долларро ташкил медиҳад. Давраи татбиқи лоиҳа солҳои 2013-2016-ро дар бар мегирад.

Арзиши умумии лоиҳаи беҳсозии системаҳои обтаъминкунии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румӣ дар вилояти Хатлон маблағи 12,0 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад, ки аз он қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) – 5,0 млн. доллари ИМА ва гранти Фонди инвеститсионии Осиёи Марказӣ (ФИОМ) – 7,0 млн. долларро ташкил медиҳад.

Пардохти аввали кредит санаи 15 майи соли 2015 ва пардохти охирин санаи 15 ноябри соли 2028 амалӣ мегардад.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаҳои зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

20 июни соли 2013 дар ҷаласаи худ ва дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» созишномаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаҳои мазкур аз 7 модда иборат аст ва ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

Доир ба тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар хусуси Созишномаҳои кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии  шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи 2 сухан ба  муовини вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

DSC_2052Руҳулло ҲАКИМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо созишномаҳои кафолатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи лоиҳаҳои «Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» (марҳилаи 2) ва «Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) пешниҳод гардидааст.

Барои татбиқи лоиҳаи «Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» (марҳилаи дуюм)- 15,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 7,0 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 8,5 млн. доллари амрикоӣ гранти SECO (котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт) ва барои лоиҳаи «Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) 12,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 5,0 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 7,0 млн. доллари амрикоӣ грантӣ Фонди инвеститсионии Осиёи Марказӣ муайян гардидааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаҳои мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-муҳлати қарз – 15 сол;

-давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ -3 сол;

-меъёри фоиз – либор +1 фоиз.

Зикр намудан зарур аст, ки созишномаҳои қарзии лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шудааст ва хизматрасонии қарзҳо аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонии об пурра ба уҳдаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гузошта шудааст, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Мақсади лоиҳаҳои «Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» (марҳилаи 2) ва «Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) ҷорӣ намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва корезии шаҳрҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Зафаробод, Ёвон, Ҷалолиддини Румиро дар бар мегирад.

Қисматҳои асосии лоиҳаҳо:

-барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Истаравшан;

-навкунии пойгоҳҳои обкашӣ, ивазкунии таҷҳизоти хлоронии об, барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Панҷакент;

-барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ, таҷдид ва сохтмони  чоҳҳои обгирӣ дар ноҳияи Шаҳристон;

-таҷдиди чоҳҳои мавҷуда ва сохтмони чоҳҳои нави обгирӣ, сохтмони танкерҳо барои захираи об дар ноҳияи Зафаробод;

-таҷдиди системаи обтаъминкунӣ, сохтмони қубурҳои обфишор, таҷдиди системаи қубурҳои худобрав, васеъкунии шабакаи тақсимоти об дар ноҳияи Ёвон;

-таҷдиди таҳшингоҳҳо, чоҳҳо ва таъмири бинои КВД обу коррезӣ, васеъкунии шабакаи тақсимоти об, таҷдиди стансияҳои насосӣ, сохтмони қубурҳои обфишор ва таҷдиди системаи қубурҳои худобрав дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, таҳвил ва насби обченкунакҳои  харҷи об, гузаронидани тадқиқоти гидрологӣ дар ҳама ноҳияҳои зикргардида.

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур соли 2013 оғоз ёфта, то соли 2016 идома хоҳанд ёфт.

Бояд зикр намуд, ки айни замон бо ин мақсад лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ» ба маблағи 24,9 млн. доллари амрикоӣ ва «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон» ба маблағи 9,2 млн. доллари амрикоӣ бомуваффақият амалӣ гардида истодааст, ки аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, тасдиқ карда шудаанд.

Бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи баландбардории некуаҳволии мардуми Тоҷикистон зикр гардидааст. Тавре маълум аст Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби нӯшокӣ мебошад, аммо қисмати зиёди аҳолии он аз норасойии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар гардида истодааст. Айни замон дар ин ҷода дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳашт лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 120,2 млн. доллари ИМА амалӣ мешавад.

Дар маҷмуъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаҳои мазкур баланд бардоштани бехатарӣ, эътимоднокӣ ва истифодаи самараноки таъминоти оби нӯшокӣ дар қаламрави як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва болоравии сатҳи зиндагонии аҳолии ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин самт саҳми шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзанда мебошад, зеро созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ, ки аз ҷониби шумо доимо дастгирӣ карда мешаванд, барои рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ мусоидат менамоянд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  созишномаҳои пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Зайнуддин дода мешавад.

Зайнуддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Созишномаҳои мазкур бо мақсади бе чуну чаро ва сари вақт  пардохт намудани қисми маблағ ё маблағи пурраи қарзро мувофиқи Созишномаи кредитӣ ё дар муҳлати муқарраршуда ва ё дар муддати кӯтоҳтар, ё ба таври дигар, сари вақт иҷро намудани ҳамаи уҳдадориҳои қарзгирро, ки дар Созишномаи кредитӣ пешбинӣ шудаанд, кафолат медиҳад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» («Қарзгир») лоиҳаеро татбиқ карданӣ аст, ки махсус дар беҳтар намудани сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан ва Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон кӯмак расонида шавад, инчунин Созишномаи кредитӣ (қарзӣ) байни Қарзгир ва Бонк («Созишномаи кредитӣ», тавре дар муқаррарот ва Шартҳои Стандартӣ омадааст) дар санае, ки дар боло оварда шудааст, ба имзо расонидааст, Бонк розигӣ медиҳад, ки ба Қарзгир ҷамъ ба маблағи 12,000,000 доллари ИМА ҷудо намояд, аз ҷумла 7,000,000 доллари ИМА барои шаҳрҳои шимоли ҷумҳурӣ ва 5,000,000 доллари ИМА барои ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ мувофиқи муқаррарот ва шартҳои дар Созишномаи кредитӣ навишта ё нишон дода шудаанд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаҳои зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 20 июни соли 2013 дар ҷаласаи худ ва ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» созишномаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онҳоро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаҳои мазкур аз 3 модда иборат буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

Доир ба тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар хусуси Созишномаи грантӣ оид ба асосноккунии  техникию иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба асосноккунии техникӣ- иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти нерӯ дар вилояти Суғд» пешниҳод гардидааст.

21 ноябри соли 2012 Созишномаи гранти кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми 569292 евро барои хизматрасонии машваратӣ ҷиҳати омода намудани Асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ ва иҷтимоӣ- экологии таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонида шудааст.

Айни замон марҳалаи аввали лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд», яъне «Кам намудани талафоти неру дар шаҳри Хуҷанд», ки маблағи 21 млн. евро (14 млн. евро маблағҳои қарзӣ ва 7 млн. евро маблағҳои грантӣ) пешбинӣ шудааст, амалӣ гардида истодааст.

Баъди гузаронидани Асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ- экологии таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ҷалби маблағҳои бонкҳои аврупоӣ дар хаҷми 45 млн. евро барои таҷдиди неругоҳи номбурда дар назар дошта шудааст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 13 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 481,0 млн. доллари ИМА татбиқ гардида истодааст, ки онҳо ба таҷдид ва васеъ намудани низоми интиқоли барқи Тоҷикистон, паст намудани талафоти қувваи барқ тавассути ивази ҳисобкунакҳои электронии барқӣ, беҳтар намудани таъминоти қувваи барқ дар  минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани ҳаҷм ва эътимоднокии таҳвили барқ дар ҷумҳурӣ, махсусан дар давраи зимистонгузаронӣ, пайваст намудани системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи энергетикии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дар ин ҷода ташкил намудани бозори дохилии қувваи барқ ва гузоштани замина барои интиқоли минбаъдаи барқ ба дигар кишварҳои минтақа, таҷдид ва таъмири иншооти энергетикии кишвар равона гардидаанд, ки ин ҷиҳати истифодабарии самараноки энергия ва аз бунбасти энергетикӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Мавриди зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» солҳои 1956- 1957 бо иқтидори умумии 126 МВт (6 агрегат бо иқтидори 21 МВт) пурра ба кор дароварда шуда буд ва зиёда аз 50 сол истифода гардида, таҷҳизотҳои он фарсуда шудааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

DSC_0979Сафаралӣ ГУЛОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 21 ноябри соли 2012 ба имзо расидааст  ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон бо қарори худ аз 24 июни соли 2013 № 1955 Созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Созишномаи мазкур бо мақсади ташхиси техникӣ-иқтисодии таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба имзо расидааст. Баъд аз ба анҷом расидани тадқиқот ва пешниҳоди ҳисоботи ниҳойӣ, масъалаи ҷудо намудани маблағ барои таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» баррасӣ мегардад.

Мақсади лоиҳа ин беҳ намудани вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби кам намудани талафоти неруи барқ ва беҳтар намудани сифати барқи интиқолшаванда ба муштариён, кам гардидани  адади садамаҳо дар шабакаҳои  барқӣ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 24 июни соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: -Дар хусуси Созишнома дар бораи маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ оид ба лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи  байналмилалии рушд сухан ба муовини вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагии лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ» пешниҳод гардидааст.

Созишнома дар бораи маблағгузории иловагии лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 16 марти соли 2012 дар ҳаҷми 18,0 млн.доллари ИМА ҳамчун грант ба имзо расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки Созишномаи асосии лоиҳаи мазкур 8 сентябри соли 2005 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба имзо расидааст.

Мақсади лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» ин расонидани ёрӣ дар кам намудани талафоти тиҷоратии неруи барқ, инчунин гузоштани таҳкурсӣ ҷиҳати беҳбудии ҳолати молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» ва баҳодиҳии қобили иҷро будани лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО-и «Роғун» мебошад.

Лоиҳа барои дастгирии сектори энергетикӣ, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва пешрафти сектори мазкур мусоидат хоҳад намуд.

Қисматҳои асосии лоиҳа ин:

- харидорӣ ва насб намудани ҳисобкунакҳои қувваи барқ ва таҷҳизоту маводи дахлдор барои Шабакаи қувваи барқи шаҳри Душанбе;

- таҳия, харидорӣ ва насби системаи автоматикунонидаи ҳисоббаробаркунии пардохтҳо барои ШСХК «Барқи Тоҷик»;

- харидорӣ ва насб намудани ҳисобкунакҳои газ дар шаҳри Душанбе, таҷҳизот ва асбобу маводи дахлдор;

- таҳия, харидорӣ ва насби системаи автоматикунонидаи ҳисоббаробаркунии пардохтҳо барои шабакаи газӣ;

- гузаронидани таҳқиқот оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ, таҳқиқот оид ба арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, аз нав арзёбӣ намудани дороиҳои лоиҳаи пешниҳодшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун».

Дар маҷмуъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур талафоти газ ва қувваи барқ кам гардида, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти газ ва қувваи барқ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар сектори энергетикӣ мусоидат намуда, бо роҳи таъмини эътимоднокии барқтақсимкунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ кӯмак мерасонад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

DSC_0973Домуллоҷон ҶАББОРОВ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ оид ба лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ки 16 марти соли 2012 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 24 июни соли 2013 № 1956 созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Созишномаи мазкур бо мақсади пешниҳод намудани маблағгузории иловагии чорабиниҳо, аз ҷумла кам намудани талафоти тиҷоратӣ дар соҳаи энергетика ва газ, гузоштани замина ҷиҳати баланд бардоштани устувории молиявии хадамоти коммуналии энергетика ва газ ҳангоми риоя намудани принсипҳои сиёсати масъулияти иҷтимоӣ ва арзёбии амалисозии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки аз рӯйи лоиҳаи асосӣ пешбинӣ шудааст, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 24 июни соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Ҷиҳати тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ») сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Маблағи умумии созишномаи мазкур – 11,4 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 10,0 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 1,4 млн.доллари амрикоӣ грант аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд.

Қарзи ҷалбшудаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод карда шудааст:

- муҳлати қарз – 40 сол;

давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 10 сол;

меъёри фоиз – 0,75 фоиз.

Лоиҳа барои дастгирии сектори энергетикӣ, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва пешрафти соҳаи мазкур саҳмгузор аст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2005 оғоз гардидааст ва соли ҷорӣ анҷом меёбад.

Қисматҳои асосии лоиҳа ин:

- харидорӣ ва насб намудани тақрибан 160000 дона ҳисобкунаки қувваи барқ ва таҷҳизоту маводи дахлдор барои тамоми истеъмолкунандагони Шабакаи қувваи барқи шаҳри Душанбе;

- таҳия, харидорӣ ва насби системаи автоматикунонидаи ҳисоббаробаркунии пардохтҳо барои Шабакаи қувваи барқи шаҳри Душанбе;

- харидорӣ ва насб намудани тақрибан 160000 ҳисобкунаки газ, таҷҳизот ва асбобу маводи дахлдор барои ба анҷом расонидани барномаи ченкунии таҳвили газ аз ҷониби «Тоҷикгаз»;

- харидорӣ ва насби озмоишгоҳҳо барои муайян кардани калибри ҳисобкунакҳои газ, санҷиш ва назорати сифати онҳо.

- таҳия, харидорӣ ва насби системаи автоматикунонидаи ҳисоббаробаркунии пардохтҳо барои «Тоҷикгаз»;

Умуман, имрӯз дар ҷумҳурӣ 67 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ якҷо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла дар соҳаи энергетика 13 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 481,0 млн.доллари ИМА татбиқ гардида истодааст, ки онҳо барои таъмини боэътимоди қувваи барқ дар як қатор маҳалҳои калону хурди аҳолинишини навоҳии дурдаст, инчунин тавлиди қувваи барқ дар НБО-ҳои хурд оид ба аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд барои зарурияти хоҷагии қишлоқ ва рӯзгори аҳолӣ, васеъ ва таҷдид намудани системаи интиқоли барқи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои савдои минтақавии қувваи барқ мусоидат менамояд, равона гардидаанд.

Дар маҷмуъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур талафоти газ ва қувваи барқ кам гардида, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти газ ва қувваи барқ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар сектори энергетикӣ мусоидат намуда, бо роҳи таъмини эътимодноки барқтақсимкунӣ ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ кӯмак мерасонанд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ») 8 cентябри соли 2005 ба имзо расидааст  ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 24 июни соли 2013 № 1957 Созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Созишномаи мазкур бо мақсади кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ ба имзо расидааст, ки он барои гузоштани таҳкурсӣ ва беҳбудии ҳолати молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» шароит фароҳам меорад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 24 июни соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ дар вилояти Суғд» — Хизматрасониҳои машваратӣ ба Маркази татбиқи лоиҳаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» Созишномаи грантӣ (ёрии техникӣ) оид ба ҷудо намудани 820 000 евро байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 14 сентябри соли 2012 ба имзо расидааст.

Мақсади асосии Созишномаи мазкур ин мусоидат ба ШСХК        «Барқи Тоҷик» ҷиҳати:

-таъминоти муҳандисӣ, идоракунӣ ва назорати амалисозии Лоиҳаи «Паст намудани талафоти неру дар вилояти Суғд»;

-татбиқи Барномаи беҳтар намудани идоракунии молиявӣ (ББИМ) ва гузаронидани аудити мустақил;

-пешниҳод намудани хизматрасонии машваратӣ ва гузаронидани таҳқиқоти стратегӣ ҷиҳати рушди бахши энергетикии мамлакат, аз ҷумла (i) таҳқиқоти седиментатсияи обанбори Норак; (ii) таҳқиқот оид ба барқарорсозӣ ва бехатарии сарбанди НБО-и «Норак»; (iii) гузаронидани таҳқиқот оиди ба кор андохтани системаи ҷудокардашудаи ШСХК «Барқи Тоҷик»; (iv) таҳкими иқтидори ШСХК «Барқи Тоҷик» дар давраи тирамоҳу зимистон; беҳтар намудани ҷамъоварии маблағ аз истеъмолкунандагон, инчунин такмил додани системаи пешниҳоди иттилоот (коммуникатсия), мониторинг, пешниҳоди ҳисобот ва системаи оморӣ мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.


Ашӯрбег РАСУЛОВАш
ӯрбег РАСУЛОВ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи «Паст намудани талафоти қувваи барқ дар вилояти Суғд» – Хизматрасониҳои машваратӣ ба Маркази татбиқи лоиҳаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 14 сентябри соли 2012 ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2013 №1958 Созишномаи мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур бо мақсади кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, тавассути насбу васли ҳисобгиракҳои барқӣ, системаи баҳисобгирии биллингӣ ва қисман барқарор намудани шабакаҳои барқӣ, ки тақаллубкориро бартараф менамояд, ба имзо расонида шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикргардидаро бо тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи мазкур, ки 24 июни соли ҷорӣ бо иштироки вакилони мутасаддии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш  менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси     намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси        намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон         Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ