Одамият

Камбизоате, ки ба миллионҳо нафар мадад расонид

№40 (3677) 15.04.2017

photo_29_1468239807Баъзан дар рӯзномаву маҷаллаҳо матолибе нашр мешаванд, ки ба хонанда манфиат надоранд. Масалан, дар бораи  теъдоди маъшуқаҳои ким — кадом ҳунарпеша, чанд гурбаву саг ва ё бӯстонсарову мошин доштани онҳо менависанд. Мутаассифона, шахсиятҳое, ки умре ба ҷамъият нафъ расонида, ҳаёташон намунаи  ибрати дигарон аст, гоҳҳо аз мадди назар дур мемонанд. Яке аз ин гуна ашхос, ки умри худро сарфи хизмат ба мардум кардааст, Мавлоно Абдусаттор Эдҳӣ мебошад. Фонди ӯ ҳамчун дорандаи  бузургтарин шабакаи хусусии «Ёрии таъҷилӣ» дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст.

Абдусаттор Эдҳӣ 1 январи соли 1928 дар иёлати Гуҷарати Ҳиндустони Бритонӣ таваллуд шудааст. Вақте ин мустамликаи Британия ба ду  кишвари алоҳида – Ҳиндустону Покистон тақсим шуд, хонаводаи Абдусаттор ба шаҳри Карочии Покистон кӯч бастанд. Ӯ аз дидани теъдоди зиёди мардуми қашшоқу камбизоат мутаассир шуда, тасмим гирифт, ки ройгон ба онҳо хизмат расонад. Аз ин рӯ, ҳуҷраи хоби худро ба дорухона барои қашшоқон табдил дод. Вақте маблағаш  тамом шуд, бо пули талбандагӣ фойтуне харида, ҳамчун нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ба хизмати мардуми  нодор  гузошт. Овозаи кумаки беғаразонаи Абдусаттор Эдҳӣ ба гирду атроф паҳн шуда, мардум мувофиқи имконияти хеш ба Фонди Эдҳӣ пул  месупурданд. Дар натиҷа, ӯ нахустин беморхонаи ройгон барои камбизоатонро дар Покистон таъсис дод. Баъдан, шумораи хона- интернатҳои таъсисдодааш ба 17 адад расида, дар онҳо дар як вақт 5000 бехона сарпаноҳ ёфтанд. Фонди ӯ дорои 2000 мошину фойтуни «Ёрии таъҷилӣ», даҳҳо беморхонаю лаборатория, кӯдакистон ва марказҳои муолиҷаи нашъамандону камақлон гардид. Ӯ дар марказҳои тиббӣ равзана кушода,  гаҳвораи сафедеро бо навиштаҷоти зерин гузошта буд: «Кӯдаконро накушед! Агар ба шумо лозим набошанд, ба ин гаҳвора гузоред. Мо ин мавҷудоти бегуноҳро нигоҳубин мекунем».

Давоми 60 соли охир ӯ зиёда аз 20000 кӯдаки волидонашон партофтаро тарбия намуда, ба оилаҳои солим супурдааст. Ҳазорон духтари ятимро ба воя расонида, онҳоро ба хонаи бахт гуселонид. Вақте  ба ятимдухтарон хостгор меомад, Эдҳӣ ҳамроҳи хонумаш- Билқис шахсан бо домод ва хонаводаи ӯ вохӯрда, ба солим будани оилаашон боварӣ ҳосил мекарду он гоҳ ба тӯй розӣ мешуд. Ҳамсари ӯро ятимдухтарон бо меҳр «модар» ва Абдусаторро «абу ҷӣ» (падарҷон, қиблагоҳ) меномиданд.

Фаъолияти хайриявиро модараш ба  Абдусаттор ёд додааст. Ҳар рӯз вақте модар Абдусатторро ба мактаб гусел мекард, ба ӯ ду танга медод ва таъкид мекард, ки якеро барои худ ва дигареро барои  муҳтоҷе сарф намояд. Чун Абдусаттор аз мактаб меомад, модараш, пеш аз ҳама, мепурсид, ки тангаро ба кӣ хайр кардааст? Ӯ дар китоби худ «Оина барои нобино» навиштааст, ки гоҳҳо дар роҳи мактаб бо ягон  талбанда дучор наомада, як тангаро бозпас меовард.  Модараш ӯро танбеҳ дода, мегуфт: -Ту сангдил ҳастӣ, ки намехоҳӣ ба касе чизе бидиҳӣ. Бо ин таъкиди модар Абдусаттор аз хурдӣ кӯшиш мекард, ки ба афтодагон дасти ёрӣ дароз намояд. Танҳо тайи 50 соли охир бо кӯшиши Фонди Эдҳӣ 19400 ятим дар оилаҳои солим фарзандхонд шуданд. Шаби марги модар Абдусаттор Эдҳӣ қасам ёд кард, ки ҳаёти худро барои хизмат ба башарият мебахшад ва ба ин қавли худ содиқ монд.

- Бузургтарин таълимоте, ки ислом меомӯзад, ин одамгарӣ аст, — мегуфт Абдусаттор.

Соли 1957, вақте ки дар шаҳри Карочӣ  эпидемияи зуком паҳн шуд, Эдҳӣ чанд  хайма харида, эмкунии ройгонро ташкил намуд. Пеши ҳар як хайма қуттии оҳанинеро бо навиштаҷоти зерин гузошт: «Ба қадри имконатон пардохт кунед». Тӯли як ҳафта 30 000 рупия ҷамъ шуд. Ӯ бо ин маблағ Маркази маслиҳати тиббӣ барои занон ва Мактаби  омодасозии ҳамшираҳои шафқатро таъсис дод. Бо хайрияи соҳибкоре Эдҳӣ нахустин мошини «Ёрии таъҷилӣ»- ро харид, ки шабу рӯз худаш меронд. Беморонро ба шифохона мебурду ҷасадҳои бесоҳибро ба оромгоҳ. Он солҳо орзу мекард, ки соҳиби чархбол низ шавад. Ҳоло Фонди Абдусаттор Эдҳӣ дорои 40  киштии наҷотдиҳанда, ду  ҳавопаймо ва чархбол аст. Дилхоҳ шаҳрванди  Покистон вақте дар телефон  рақами 115- ро  бичинад, ходими «Ёрии таъҷилӣ»- и Фонди Эдҳӣ ба мададаш меояд. Дар Ситоди фонди мазкур ҳуҷраи қабули муроҷиат мавҷуд аст, ки 4 нафар  ихтиёрӣ дар он кор мекунанд. Теъдоди муроҷиаткунандагон бо телефон дар як рӯз то ба 6000  мерасад. Вақте занги телефонӣ шуд, операторон наздиктарин «Ёрии таъҷилӣ»-ро мефиристанд.

Абдусаттор Эдҳӣ бо ҳалолкорӣ ва дилсӯзиаш ба боварии ҳазорон нафар  даромад. Аз ин рӯ, ба ӯ покистониҳои сарватманду миёнаҳол ва ҳатто камбизоат барои идомаи фаъолияти хайриявиаш пул медоданд. Ҳар рӯз аз ҳисоби хайрияи  покистониҳои одӣ ба Фонди Эдҳӣ садҳо ҳазор рупия ворид мешавад. Ба гуфти Анвар Козимӣ, ки тайи 30 соли охир ёвари Абдусаттор Эдҳӣ буд, буҷети солонаи фонди мазкур 22 миллион долларро ташкил медод. Бо вуҷуди ин, Эдҳӣ дар ҳуҷраи кориаш болои як кӯрпача мехобид ва субҳ надамида, аз хоб мехест. Шиори ӯ дар зиндагӣ чунин буд: «Зиндагии хоксорона, ростгӯиву росткорӣ ва адолатро риоя кардан». Моҳи августи соли 2010 дар рӯзҳои аввали селу обхезии шадид дар Покистон Эдҳӣ  барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани 32 ҳазор нафар  ашхоси аз офат зарардида 60 мошини «Ёри таъҷилӣ» ва садҳо нафар  ихтиёриро сафарбар намуд. Ба зиёда аз 60 000 нафар орд, биринҷ ва оби тоза тақсим карда, дар минтақаҳои селзада хайма рост карда, ёрии тиббӣ ва тақсими хӯроки гармро ба роҳ монд.

Номбурда на танҳо ба мардуми офатзадаи Покистон, балки ба гурезаҳои Босния ва Гертсеговина, Лубнон, Миср, Эфиопия, Афғонистон, ашхоси аз зилзила зарардидаи  Гаитӣ кумак намудааст. Барои ин хизматҳои башардӯстонааш ӯ сазовори Ҷоизаи Рамон Магсайсай («Ҷоизаи Нобелии Осиё»), Ҷоизаи байналмилалии Балстсан барои гуманизм, сулҳ ва бародарӣ, Ҷоизаи ЮНЕСКО барои тарғиби идеяи таҳаммулпазирӣ ва тарки зӯроварӣ, Ҷоизаи байналмилалии ленинӣ «Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо» ва ғайра гаштааст. Ҳукумати Покистон ӯро бо  мукофоти олӣ — ордени «Нишони  имтиёз» сарфароз гардонид. Чанд маротиба вайро барои Ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карданд, вале ҳайати доварон онро то ҳол ба бархе аз сиёсатмадорони ҷангҷӯ, ки боиси марги  ҳазорон нафар дар мамолики гуногун гаштаанд, лоиқ донистанду ба Эдҳии сулҳпарвар не.

Мардуми Покистон ӯро бо эҳтиром «Мавлоно Эдҳӣ» меномиданд, вале ӯ хоксорона мегуфт: «Ман лоиқи номи Мавлоно нестам. Ман инқилобчиям ва ба муқобили ноадолатию зулм мубориза мебарам. Рисолати ман дар  зиндагӣ инсонгарӣ аст. Бе инсонгарӣ ҳаёт маънӣ надорад».

Вақте соли 2000- ум ба Эдҳӣ ҷоиза барои гуманизмро супурданд, ӯ гуфт: «Бузургтарин мукофоти ман ин табассуми касоне аст, ки баъди раҳоӣ аз машаққат лабонашон гул мекунад. Ман маблағи чунин ҷоизаҳоро баҳри зиёдтар шудани ҳамин гуна табассумҳо сарф мекунам. Ман ғайр аз ҳуҷрае, ки аз модарам мерос мондаасту дар он фаъолияти кориамро оғоз кардам ва ин либоси танам чизи дигаре надорам».

Муҳимтар аз ҳама, Абдусаттор Эдҳӣ дар роҳи кумакрасонӣ ба дину мазҳаби муҳтоҷон коре надошт. Ин мисраъҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро сармашқи кори худ қарор дода буд:

Одамият эҳтироми одамӣ,

Бохабар шав аз мақоми одамӣ.

Камхӯру камхобу камгуфтор бош,

Гирди худ гарданда  чун паргор бош.

Ҳарфи бадро бар лаб овардан  хатост,

Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.

Ба фаъолияти номбурда расонаҳои Покистон ва хориҷ аз он таваҷҷуҳи зиёд намуда, дар бораи ӯ зери унвони «Миллионери бехона бо хилъати обшуста», «Камбизоате, ки ба миллионҳо нафар кумак расонид», «Бехона, вале соҳибэҳтиром» ва ғайра мақолаҳо нашр кардаанд. Сарварони ҳизбҳои гуногун ӯро ба ҳизбашон ҷалб намуда, сазовори боварии халқ шудан мехостанд, вале Абдусаттор Эдҳӣ ба ягон ҳизб шомил нашуда, умре ба инсонҳои муҳтоҷ кумак расонид. Ҳамеша дар танаш куртаи дарозу обшустаи пахтагин буд.

Ин шахсияти хайрхоҳ 8 июли соли 2016 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Карочӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ дар Варзишгоҳи миллии Покистон доир гардид, ки чанд ҳазор нафар ширкат варзиданд. Зимни изҳори ҳамдардӣ Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо таассуф гуфт: «Мо яке аз бузургтарин хизматгорони башариятро аз даст додем».

Имрӯз ҳамсараш Билқис  кори хайри  шавҳарашро идома медиҳад. Нигоштаро барои он пешкаши хонандагон намудем, ки шояд дар ҷумҳурии мо низ нафароне пайдо шаванд, ки мисли Абдусаттор Эдҳӣ беғаразона бидуни супоришу риё ва аз рӯи шафқату одамгарӣ ба муҳтоҷон кумак намоянд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»