Ҳодисаи нангине, ки дар деҳаи Урта Қайнари деҳоти «Норин»-и ноҳияи Ёвон, дар хонадони бобои Салимхон рух дод, касро ба андеша водор менамояд. Мо ба куҷо расидем? Чӣ гуна ахлоқу тафаккур, андешаву дилу ният дорем? Ҳатто даррандатарин ҳайвон чунин амали зиштро нисбат ба наздикон раво намебинад, ки инсон ба падару модар раво дидааст. Вале, мутаассифона, ин ҳодисаи нанговару даҳшатафкан дар рӯзгори мо рух додааст…
Муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Ёвон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Саидзода Абдулқодир Рустам, ки тафтишу таҳқиқи ин парвандаи, ба қавли ӯ, дар таърихи фаъолияти кориаш басо душвор ба зиммааш афтода буд, мегӯяд: — Чун аз асли ин воқеаи даҳшатбор воқиф гардидам ва мушаххас кардам, ки падару модари пиру нотавоне аз дасти фарзанди 29 — солаашон ваҳшиёна кушта шудаанд, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Вале аз рӯи тақозои касб эҳсосотро як тараф гузошта, мӯшикофонаю холисона ба таҳқиқи ҳодиса пардохтам.
Назар ба қавли муфаттиш, воқеа чунин рух додааст:
23 сентябри соли 2016 сокини деҳаи Урта Қайнари деҳоти «Норин»-и ноҳияи Ёвон Эргашев Акмалҷон Салимович дар таҳоратхонаи ҳавлиашон падараш Салимхон Самановро бо асочӯби худи ӯ ваҳшиёна латукӯб карда, ба қатл расондааст. Падари пиру нотавон ҳарчанд мекӯшад, ки аз чанголи даррандахӯ раҳо ёбад, наметавонад.
Падари сару рӯй хуншор зорию тавалло, доду фиғон мекунад. Вале бефоида… Чун асочӯб мешиканад, Акмали сангдил мехоҳад, ки барои анҷоми амали ношоистааш берун рафта, ягон воситаи дигари қатлу кушторро пайдо намояд.
Ҳамсари бечораи бобои Салимхон, модари Акмал, Бибиқиз Ғозиева доду фиғони шавҳарашро шунида, ба ёрӣ мешитобад. Аммо Акмал на танҳо ба зорию таваллои модар эътибор намедиҳад, балки бо як мушти обдор ӯро низ ба замин меафтонад. Баъдан ғӯлачӯберо, ки аз асои падар вазнинтару мустаҳкамтар буд, ба даст гирифта, бо як бераҳмии ба худ хос ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани онҳо мезанад…
Тибқи хулосаи экспертизаҳои судӣ-тиббии №16 — 17 аз 27 сентябри соли 2016, дар натиҷаи чунин амали бераҳмона косахонаҳои сари Салимхону Бибиқиз маҷақ, мағз аз онҳо берун ва боиси ҳалокати ҳар дуи онҳо шудааст…
Тафтиши қаблӣ ва гувоҳии шоҳидон ҳангоми мурофиаи кушоди судӣ, ки дар толори Суди вилояти Хатлон барпо гардид, муайян намуд: Ҳамон рӯзи наҳс падару модар мехостаанд, ки писарашонро барои дуохонӣ ба назди мулло баранд, яъне дар фикри саломатии ӯ будаанд, вале ин ба иззати нафси Акмал сахт расидааст ва боиси рафтори ваҳшиёнаи ӯ гардидааст.
Волидайн, ки яке 78 ва дигаре 69 сол доштанд, бо ҳазор нияту ормон фарзанд калон карда буданд. Гумон доштанд, ки онҳоро ҳангоми пирию барҷомондагиашон сарпарасту ғамхор мешавад. Вале, ҳайҳот, фарзанди сангдилу бадният кореро нисбат ба онҳо раво дид, ки дар таърихи инсоният ками андар кам рух додааст.
Шояд Акмал аз ақл бегона шуда бошад, — мегузарад аз дили ҳар яки мо. Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ-равоншиносӣ, №262, аз 27 сентябри соли 2016, Эргашев Акмал Салимович зимни содир намудани ин ҷинояти даҳшатнок солим ва соҳибақл эътироф шудааст.
Аз ин рӯ, хусусияту дараҷаи ҷинояти содиршударо ба инобат гирифта, Суди вилояти Хатлон Эргашев Акмал Салимовичро бо моддаи 104 қисми 2, бандҳои «а», «в», «е» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор донист ва ба ӯ ҷазои якумраи маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш махсусро раво дид.
Баъди шунидани ҳукми суд дар толор нишастагон оҳи сабук кашиданд. Шояд дар таҷрибаи судӣ кам рух дода бошад, ки ҳукмро ҳатто хешу табори шахси маҳкумшуда одилона дониста бошанд.
Рӯи қоғаз овардани ин ҳодисаи нангин ба он хотир буд, ки ҷавонони азизи кишвар аз он дарси ибрат бигиранд, падару модари худро азизу муътабар донанд. Фаромӯш накунанд, ки онҳо низ рӯзе падару модар мешаванд.
У. ҲАЙИТЗОДА,
сардори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи вилояти Хатлон, М. МУҲИБУЛЛОЗОДА,
прокурори ҳамин шуъба,
Давлати СУЛТОН,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон