Тоҷикистон–Ӯзбекистон. Ҳамкориҳо густариш меёбанд

№40 (3677) 15.04.2017

узбекКӯшишҳо дар мавриди барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошкент самари нек ба бор овард. 11 апрели соли ҷорӣ бо хатсайри Тошкент-Душанбе — Тошкент нахустин парвози ҳавопаймо ба роҳ монда шуд ва тавассути он 25 нафар аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон омад.

Тавре аз Маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд, мувофиқи шартнома миёни ниҳодҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарор аст, ки Ширкати ҳавоии «Сомон Эйр» низ ҳафтае ду маротиба дар хатсайри Душанбе — Тошкент парвозҳоро роҳандозӣ намояд.

Тавре иттилоъ дода будем, чанде қабл Ширкати «Ӯзекистон ҳаво юлларӣ» дар шаҳри Душанбе намояндагиашро ифтитоҳ кард. Ин кор бояд дар шаҳри Тошкент низ аз ҷониби  «Сомон Эйр» анҷом ёбад. Ҳафтаи гузашта ҳайатҳои  Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошкент ба Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба парвозҳо миёни ду кишвар имзо гузоштанд ва барои анҷоми онҳо миёни Тошкенту Душанбе заминаи ҳуқуқӣ фароҳам гардид.

Инчунин, мужда расид, ки 17 -21 апрел дар шаҳри Душанбе нахустин Намоиш-ярмаркаи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ки намоишгоҳи мазкур (17 апрел) дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт — 90» ифтитоҳ меёбад.  Он ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафҳо судманд мусоидат хоҳад кард.

Дар намоиш — ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатии зиёда аз 160 ширкати маъруфи Ӯзбекистон, аз ҷумла мошинсозӣ, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ, таҷҳизоти маишӣ, сару либос, қолин ва ғайра ба тамошо гузошта хоҳанд шуд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»