Аъзои кумита дар муҳокима фаъол буданд

№80 (3065) 29.06.2013

DSC_1097 

Бисту шашуми июни соли 2013 таҳти раёсати раиси Кумита Мамадшо Илолов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ доир гардид.

Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буд:

1.Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2.Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

3.Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»

5.Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

6.Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ».

Раиси Кумита  Мамадшо Илолов масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро дар алоҳидагӣ шарҳ дод. Аъзои кумита С.Валиев, Т.Қарабоев, Г.Ҷангибеков дар баррасии масъалаҳои рӯзнома фаъолона ширкат доштанд.

Дар охир кумита ба таври алоҳида оид ба масъалаҳои рӯзнома хулоса қабул карда, онҳоро ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ