Фарҳод Раҳимӣ,
президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи шукуфоиву рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард. Танҳо дар ин давраи муҳими таърихӣ имкони қувват гирифтани неруҳои зеҳнӣ ба вуҷуд омад ва халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба масири хушбахтию саодат қадамҳои устувор ниҳод.
Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ёфта, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид гардид. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дастгирии илми ватанӣ ва олимони кишварро ҳадафи стратегӣ қарор дода, сиёсати давлатиро бар асоси таҳкими илм ва маорифи миллӣ устувор сохтанд. Ин аст, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи илм аз ҳисоби Буҷети давлатӣ афзун мегардад ва сиёсати илм ба сифати меҳвар дар сиёсати давлатӣ эътироф мешавад.
Муҳимтар аз ин, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) илмро самти калидии сиёсати давлатӣ номида, бобати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ба истеҳсолоти ватанӣ пайвастани илм таъкидҳои саривақтӣ ироа намуданд.
Дарвоқеъ, илм наҷотбахши миллат ва мушкилкушои зиндагии инсонӣ аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус касб намуд.
Дастоварди арзишманди замони соҳибистиқлолӣ ба забони илм мубаддал гардидани забони тоҷикӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои бостонӣ ва асримиёнагии тоҷикӣ — форсӣ, гузаштагони мо — бохтариён, портҳо ва суғдиён дар давраҳои қадим баробари дигар қавмҳо — қибтиён, бобулиён, юнониён, ҳиндиён, чиниён масири илму донишро тай намуда, дар ҷамъоварӣ ва густариши он саҳми муносиб гузоштаанд. Кофист аз Академияи маъруфи Гунди Шопури замони салтанати Сосониён ёдовар шавем, ки ҳамчун маркази қудратманди таҳқиқотҳои илмӣ-назариявӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Натиҷаи фаъолияти илмии маркази Гунди Шопур дар қомуси 30-ҷилда ҷамъбаст гардидааст.
Баъди истилои араб ва паҳншавии дини ислом низ суннатҳои фарҳангофарии ақвоми ориёинажод идома пайдо кард ва донишмандони тоҷику форс дар рушди илму маърифат саҳми бузург гузоштанд. Тибқи шаҳодати манобеи таърихӣ, аксари риёзидонону аҳли нуҷуми Маркази илмии «Байт-ул-ҳикмат»-и Бағдод зодагони Хуросону Мовароуннаҳр ва Бохтару Суғд будаанд. Дар асрҳои Х — ХIII мактабҳои илмии Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Мароға ва Хоразм ба раванди илмӣ тобиши миллӣ-тоҷикӣ дода, забони тоҷикиро ба дараҷаи забони илм расониданд.
Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон (соли 1924) аввалин сохтори илмӣ таҳти унвони «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронитабори берун аз ҳудуди он» таъсис ёфт, ки ба ҳайати он олимони барҷастаи он замон — муаррих А. А. Семёнов, ҷуғрофиёдон Н. Л. Корженевский, фарҳангшинос М. С. Андреев ва дигарон шомил буданд. Фаъолияти ин ҷамъият то соли 1929 идома ёфта, дар омӯзиши захираҳои табиӣ, таърих, мардумшиносӣ, забон ва адабиёти халқи тоҷик мусоидат кард. Бояд дар назар дошт, ки пояи ташаккул ва тавсеаи илмҳои ҷомеашиносиро дар ҷумҳурӣ асосгузори адабиёти шӯравӣ ва муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ гузошт.
Солҳои 1932-1941 марҳилаи сеюми рушди илм маҳсуб ёфта, бо ташкили Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфтани он шурӯъ мешавад. Дар доираи он корҳои илмӣ-тадқиқотии мунтазам дар минтақа (манзур Тоҷикистон аст) солҳои сиюм ба василаи доир намудани экспедитсияҳои бузург аз тарафи олимони рус сурат мегиранд. Бар асоси мақолаҳои тадқиқотии экспедитсияҳои илмӣ охири соли 1933 Пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардид ва директори нахустини он академик С. Ф. Олденбург (1863-1934) таъин шуд. Пойгоҳи мазкур секторҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, хокшиносӣ ва илмҳои гуманитариро муттаҳид мекард.
Ибтидои солҳои 40-уми садаи бист зарурати таъсис додани муассисаи илмии дорои имконоти васеътар ба миён омад ва марҳилаи сифатан нави таърихи илм дар Тоҷикистон шурӯъ гардид. Ба Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳо табдил додани Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1941 ҳодисаи фараҳбахш дар ҳаёти иҷтимоию илмии кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар назди он се муассисаи илмии табиатшиносӣ – Институти геология, ботаника ва Институти зоология ва паразитология ва як муассисаи гуманитарӣ – Институти таърих, забон ва адабиёт кушода шуд.
14 апрели соли 1951 марҳилаи панҷуми рушди илми мамлакат оғоз гардид ва дар он рӯз Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳайати Академияи илмҳо аз се нафар академикҳои фахрӣ (А.Н.Несмеянов, Е.Н.Павловский, К.И.Сатпаев), 11 узви пайваста ва 14 узви вобаста иборат буд. Ҳамчунин дар сохтори Академияи илмҳо муассисаҳои нави илмӣ — Институти сейсмология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия (соли 1958) ташкил шуданд. Дар самти илмҳои гуманитарӣ ҳам тағйирот ба амал омада, Институти таърих, забон ва адабиёт, шуъбаи фалсафа ва иқтисодиёт таъсис ёфт. Нахустин президенти Академияи илмҳо устод Садриддин Айнӣ буд, ки бо талошҳои пайгиронааш илми тоҷик дар марҳилаи нави таърихӣ ба комёбиҳои беназир ноил гардид.
Ҳамин тариқ, солҳои баъдӣ (1957-1964) самтҳои тадқиқоти илмӣ тавсеа ёфта, олимони ҷавони тоҷик ба муассисаҳои илмии шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Новосибирск ва Минск ҷиҳати андӯхтани таҷрибаи илмӣ ва такмили ихтисос сафарбар шуданд.
Солҳои 1965-1988 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тақвият ёфта, Институти тибби минтақавӣ ба Институти гастроэнтерология, Боғи ботаникии Помир ба Институти биологии Помир. Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба Институти шарқшиносӣ, Шуъбаи математика ва Маркази ҳисоббарорӣ ба Институти математика ва Маркази ҳисоббарорӣ табдил дода шуд. Ҳамчунин Сарредаксияи Энсиклопедияи Шӯравии Тоҷик (ҳоло- Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик), Шуъбаи ҳифз ва истифодаи захираи табиӣ ва Шуъбаи генетикаи умумии пахта низ таъсис ёфтанд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Академияи илмҳо ва илми ватанӣ ба ҳолати буҳронӣ мувоҷеҳ гардид. Агарчӣ марҳилаи пасошӯравӣ (манзур марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки ба солҳои 1992-1997 рост меояд) бо мушкилоти зиёди молию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонӣ мувоҷеҳ буд ва дар сарнавишти Академияи илмҳо ва олимони ин ниҳод бетаъсир набуд, аҳли илми кишвари акнун ба Истиқлолияти сиёсӣ расидаро ноумед накард. Давраи нав дар инкишофи илми ватанӣ – давраи Истиқлолияти давлатӣ пеш омад ва аз ин давра, ки бо худ, қабл аз ҳама, истиқлоли илмӣ, андешавӣ ва маданиро дошт, таври бояду шояд истифода гардид.
Соли 2016 маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳо Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-ро ба кор андохт, ки дастоварди бузурги илми ватанӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, соли 2016 як қатор корҳои муҳими илмӣ анҷом дода шуд, аз ҷумла, бо ҷалби грантҳои хориҷӣ таъсиси озмоишгоҳи муосир барои олимони табиатшинос, озмоишгоҳи муосири сейсмикӣ дар мавзеи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо насби таҷҳизоти муосири сейсмикӣ, омода намудани асосноккунии техникию иқтисодии барқароркунии реактори маҳлулии ядроии «Аргус», ташкили экспедитсияи миллӣ ва гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ дар пойгоҳи баландкӯҳи «Помир-Чақалтой», коркарди пектинҳо барои тиб ва соҳаи дорусозӣ, ихтирои гандуми ба хунукӣ тобовар дар минтақаҳои баландкӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дигаргуншавии иқлим ва амсоли инҳо.
Натиҷаҳои илмие, ки олимони Академияи илмҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 100 мавзӯъ, аз ҷумла 65 мавзӯи бунёдӣ ва 35 мавзӯи амалӣ ба даст овардаанд, аз устувор шудани мавқеи илм ва нақши он дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Дар айни замон таваҷҷуҳи олимони Академияи илмҳо ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об; истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуоти тайёр, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгӯӣ кардани заминларзаҳо ва монанди инҳо равона шудааст.
Китоби шашҷилдаи таърихи халқи тоҷик ва китоби сеҷилдаи таърихи фалсафаи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз, фарҳангҳои гуногуни тафсириву дузабона, донишномаҳо, таҳқиқи тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ ва демографӣ дар ҷумҳурӣ, баррасии таърихи ҳуқуқ ва давлатдории тоҷикон, нашри осори зиёди адабиву фалсафӣ ва илмии ниёгон, ки солҳои охир анҷом ёфтаанд, барои рушди ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияву эҳсоси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллии мардум хеле судманданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот беш аз 250 патент ба даст оварда шуда, қариб даҳ ҳазор корҳои илмӣ, аз ҷумла беш аз 2000 китобу рисола, маҷмӯаҳои илмӣ ва ғайра ба табъ расонида шуд. Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриётҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин шаҳодати эътирофи олимони тоҷик ва натиҷаҳои илмии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Пайвастани илм бо истеҳсолот ҳадафи асосӣ ва бунёдии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кормандони он дар ин ҷода собитқадаманд. Олимони Академияи илмҳо бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ таҳқиқотҳоро идома дода, талош мекунанд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.