Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадаф — мукаммал гардонидани заминаи қонунгузорӣ

№80 (3065) 29.06.2013

DSC_0900

25 июни соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа доир гардид.

Аз суханронии ифтитоҳии раиси Кумита Убайдулло Қурбонов маълум гардид, ки рӯзномаи ҷаласа  фарогири масъалаҳои зерин:

1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

5.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» мебошад.

Убайдулло Қурбонов масъалаҳои ба баррасӣ пешниҳодгаштаро  муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита низ доир ба масъалаҳои зикргардида андешаронӣ  намуданд.

Дар хотима вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ