Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ

№80 (3065) 29.06.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умур ба ҳайси Амири Давлати Қатар сидқан табрику таҳният гӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст дар марҳилаи навини рушду шукуфоӣ комёбӣ орзу намоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд минбаъд низ бо талошҳои пайгирона ба манфиати ду кишвар густариш хоҳанд ёфт».

www.prezident.tj