Сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моро ба шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги кишвар роҳнамоӣ месозад, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор менамояд, ки баҳри эҳёи суннатҳо ва расму оинҳои мардумӣ ва ҷашну санаҳои таърихии миллат кӯшиш намояд.
Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки имрӯз ҳар яки мо шоҳиди ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз гардидем. Ин сиёсати фарҳангист, ки номҳои ҷуғрофӣ дар кишвар боз ба асли худ бармегарданд, номи қаҳрамонони миллӣ ва мардумӣ, аз қабили Деваштичу Спитамен, Исмоили Сомонӣ ва Темурмалик зинда шуданд.
Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо тавонистем дар даврони Истиқлолияти давлатӣ як силсила чорабиниҳои муҳими илмию адабӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор намоем. Аз ҷумла, таҷлили ҷашни бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авесто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии гузаштаи дуру наздик — Борбад, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Камолиддин Беҳзод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон исботи ин гуфтаҳоянд. Ин чорабиниҳо на танҳо як мавриди бисёр муносиб ва хуб барои шинохти амиқ, таҳқиқ ва баррасии илму адаб ва фарҳанг мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавони миллат ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина зинда намудани дигар ҷашну маросимҳои миллӣ низ аҳамияти хоса дорад ва дар ин мақола кӯшиш намудем доир ба ҷашни дигари миллиамон – Сада маълумот пешниҳод созем.
Ин ҷашни тақвимӣ ба шумораи сад иртибот дорад. Дар бораи интисоби он ба шумораи сад дар сарчашмаҳои таърихӣ мисолҳои зиёде овардаанд. Берунӣ дар «Ат-тафҳим» менависад: «Аммо сабаби номаш ба сада чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз асту панҷоҳ шаб».
Манучеҳрӣ менависад:
В-инак биёмадааст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.
Аз рӯи иттилои гоҳшуморҳо, ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст. Аҷдоди мо солро ба ду бахш тақсим мекарданд: тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа. Номи «Сада» ишора ба гузаштани сад рӯз пас аз оғози зимистон аст. Он чӣ асл менамояд, ин аст, ки ҷашни Сада, ки дар даҳуми баҳманмоҳ (мутобиқ ба 30 январи мелодӣ) ҷашн гирифта мешавад, дуруст сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа буд. Зоҳиран ин ваҷҳи тасмия ё этимология дар аҳди Сосониён ва то муддате пас аз онон шинохта буд. Фосилаи аввали обонмоҳ (оғози зимистони панҷмоҳа) ва даҳуми баҳман, дигар сад рӯз набуда, балки саду панҷ рӯз мешудааст. Бинобар ин, аз рӯи ҳисоби баръакс (регрес), аз даҳуми баҳманмоҳ рӯ ба пеш шумурда ва барои дуруст кардани сад рӯз панҷуми обонро оғози зимистон фарз мекардаанд.
Дар ҷашни Сада, ки ба муносибати мувофиқ омадани номи моҳу рӯз дар рӯзи 10-уми баҳманмоҳ баргузор мегардид, гулхани бузург афрӯхта, дар атрофи он мизҳо мегузоштанд бо хӯрданиҳои фаровон ва то поёни шаб мардум базми шеъру суруд меоростанд.
Дар «Бурҳони қотеъ» омадааст: «Гӯянд возеъи ин ҷашн Каюмарс буда ва боис бар ин аст, ки Каюмарсро сад фарзанд аз духтарон ва писарон буд, чун ба ҳадди рушд расиданд, дар шаби ин рӯз ҷашне сохт ва ҳамаро кадхудо кард ва фармуд, ки оташи бисёр афрӯхтанд, бад-ин сабаб онро «Сада мегӯянд».
Аммо Фирдавсӣ ин ҷашнро ба Ҳушанг ибни Сиёмак иртибот медиҳад:
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Унсурӣ ҷашни Садаро ба Фаридун нисбат медиҳад ва шаби ҷашни Садаро мисли кӯҳи Тури афсонавӣ равшан ва чун шарораи оташи Намруд тафсон тасвир намудааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин ин шаб гӯё кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд,
В-агар шаб рӯз шуд, худ рӯзгор аст.
Гар аз асли зимистон аст Баҳман,
Чаро ин шаб ҷаҳон чун лолазор аст?!
Ё дар ҷойи дигар менависад:
Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаридун,
Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣ бод ҳумоюн.
Дар «Наврӯзнома»-и Хайём омадааст, ки Фаридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро асир бигирифт ва шоҳӣ ба ӯ расид, ҷашни Сада бинҳод.
Сабаби асосии пайдоиши ҷашни Сада кашфи оташ аст. Аслан оташро ориёиҳо таҷаллигоҳи Худованд мешумориданд, зеро нур, оташ, хуршед таҷаллии нури Худованд аст. Нур мояи рӯзгору зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Ориёиҳо оташро гавҳари зиндагӣ, ишқу таҷаллигоҳи рӯзгор донистаанд. Торикӣ маҳзари Аҳриман ҳисоб мешуд. Ҳангоме ки оташро фурӯзон мекарданд ё чароғро равшан менамуданд, торикӣ ва Аҳриман фурсати амал наёфта, фирор мекардаанд.
Ҷойи тазаккур аст, ки дар байни мардуми ориёитабор роҷеъ ба оташ устура ва афсонаҳои гуногун арзи ҳастӣ намудаанд. Дар ин бора аз манбаъҳои авастоӣ ва форсии миёна, паҳлавии сосонӣ устура ва ривоятҳои фаровонро метавон пайдо намуд. Тибқи он ривоятҳо, нур ва оташ бо пайдоиш ва фурӯзонии хеш беморӣ, зиштӣ, тарсу воҳима ва осори бадиву шайтониро пароканда ва нобуд мекардааст. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо дар оташдонҳо ва оташкадаҳо оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоштанд. Онон намегузоштанд, ки оташ хомӯш шавад. Аз ин рӯ, дар оғози ҷашну сурҳо оташ меафрӯхтанд. Аҳурамаздаро ситоиш намуда, намоз мегузоштанд. Аз ҳамаи ҷашнҳои марбут ба оташ бошукӯҳтаринаш Сада буд.
Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардуми Варорӯд онро бо номҳои дигар — ҷашни «Ҳут», «Чаҳоршанбеи охирон», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯз» таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба оташ беэътиноӣ намекунанд ва онро гиромӣ медоранд.
Дар осори муаррихон ва шоирони мутақаддим ҷашни Сада чун муждадиҳандаи Наврӯз арзёбӣ гардидааст.
Хулоса, ин ҷашн то фаро расидан ба Наврӯз аст, яъне аз ин рӯз то ба Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб аст, ки маҷмӯи он сад мешавад ва ба 30 январ мусодиф аст.
Чун Сада муждае аз Наврӯз мерасонад ва назди ниёгони мо бо суннату анъанаҳояш ҷойгоҳи хосе доштааст, зарур аст чун ҷашни тақвимӣ эҳё шавад ва ба қатори дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ шомил гардад.
Фарҳод Раҳимӣ,
академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҳамза Камол,
доктори илми таърих,
Абдунабӣ Сатторзода,
доктори илми филология, профессор,
Юсуфшо Ёқубов,
узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Сахидод Раҳматуллозода,
доктори илми филология,
Рӯзӣ Аҳмад,
номзади илми филология