Дар Россия таҳсил кардан мехоҳед ?

№ 20.04.2017

Чанде пеш дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур бо иқдоми намояндагии «Россотрудничества» ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шашумин намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилот дар Федератсияи Россия, Душанбе — 2017» доир гардид.

Директори Муассисаи давлатии маркази барномаҳои байналмилалӣ Исматулло Шодиев иброз дошт, ки дар намоишгоҳи мазкур беш  аз 40 донишгоҳ ширкат варзиданд.  Мақсад аз чорабинии мазкур ҷалб намудани довталабон аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи тахсил дар муассисаҳои олии таҳсилоти касбии Федератсияи Россия мебошад.

Дар  намоишгоҳ — ярмарка рӯйхати  ихтисосҳо дар зинаи бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, мутахассис ва таҷрибаомӯзӣ  пешниҳод гардид. Довталабон бо супурдани имтиҳону санҷишҳо метавонанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ба тариқи буҷавӣ таҳсил намоянд. Онҳо аз ҷониби донишгоҳ бо идрорпулӣ ва хобгоҳ таъмин карда мешаванд.  Ҳуқуқу имтиёзҳои шаҳрвандони Федератсияи Россия  ва шаҳрвандони мо барои таҳсил баробар аст.

Дар ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ бештар дар риштаи техникӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд, ки барои иқтисодиёти миллӣ ва  бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир хоҳанд буд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»