Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шашумин маросими супоридани Ҷоизаи миллии кино — «Ак Илбирс» баргузор гардид.
Дар бахши (номинатсияи) «Беҳтарин филм» аъзои ҳакамон филми ҳунарии «Васияти падар»-и Бакита Мукула ва Достон Жепарро муносиб диданд.
«Актёри беҳтарини Осиёи Марказӣ» ҳамдиёри мо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков барои иҷрои нақши асосӣ дар филми ҳунарии «Хоби ҳамдуна» эътироф шуд.
Ин филми ҳунариро режиссёри ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов соли 2016 аз рӯйи ҳикояи «Чанголи маймун»-и нависандаи англис Уилям Ҷейкобс таҳия кардааст.
Нахустнамоиши филми мазкур соли гузашта дар Кинофестивали «Канори олам», ки дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия гузашт, баргузор гардид.
«Актрисаи беҳтарини Осиёи Марказӣ» ҳунарпешаи шинохтаи ӯзбек Фирӯза Саидова – иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми ҳунарии «Муфассал дар тирамоҳ» (истеҳсоли киностудияи «Ӯзбекфилм») ва «Беҳтарин филми ҳунарии Осиёи Марказӣ» филми ҳунарии «Роҳ ба сӯи модар»-и режиссёри қазоқ Акан Сатаев (истеҳсоли «Қазоқфилм» дониста шуданд.
Бояд гуфт, ки супоридани Ҷоизаи миллии кино – «Ак Илбирс» ҳамасола дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир мешавад.
Ҷоизаи миллии кино – «Ал Илбирс» соли 2012 таъсис ёфта, яке аз ҷоизаҳои бонуфуз ба шумор меравад.
Маросими ҷоизасупорӣ бо дастгирии Иттифоқи кинематографистон Қирғизистон, Фонди ҷамъиятии «Айтиш» Хазинаи инкишофи кино, Департаменти кинематографияи Қирғизистон ва дигар ташкилотҳо амалӣ мешавад.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум