Аёдати нобиноён

№ 20.04.2017

 Чанде пеш масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон» бо 20 нафар саховатпеша ба аёдати таълимгирандагони бахши Иттифоқи миллии нобиноён дар шаҳри Душанбе рафта ба хотири болидарӯҳии онҳо озмуни фарҳангӣ гузаронданд.

Сипас, ба таълимгирандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»