Осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баҳри бекаронеро мемонад, ки лабрези гавҳари маънавист. Табиист, ки мо — инсонҳо ба қадри зарфият ва қобилияти зеҳнӣ аз ин баҳри маонӣ баҳра мебарем. Бинобар ин, мо кӯшидем то порае аз матолиби дар боби асолати инсонӣ баёнкардаи Мавлоноро ҷамъоварӣ намуда, пешкаши дӯстдорони осори ин шахсияти бедордил гардонем.
Дар нигоҳи Мавлоно маҷрои ҳаёти инсони аз аҳволи дили хештан бехабар дар асари интихоби як равиши носавобе аз масири аслии худ, ки ҳамон «наистон»-и фитрат мебошад, дур афтода, иштибоҳан ба самти номушаххасе маҷро гирифтааст. Аз ин рӯ, инсон аз асли худ бегона шуда, дар ҷаҳони нобасомоне, ки инъикоси фаъолиятҳои ноҳамоҳанги зеҳни ошуфта ва беқарори ӯ мебошад, зиндагӣ мекунад. Садои дардолуди оҳанги ҷудоӣ аз оғози «Маснавӣ» бо навои дилгудоз аз вуҷуди Мавлоно берун меояд ва най ин садои печидафарёдро ба гӯши ҳама мерасонад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В- аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Мавлоно гоҳҳо ба воситаи таъбироти равшану гӯё ва гоҳҳо тавассути образу символҳо мавзӯи бегонагии инсонро аз нигоҳи равоншиносӣ шарҳ медиҳаду баён мекунад. Ӯ зери мафҳуми истилоҳи «тани хокӣ», зоҳиран, ба ин маънӣ ишора менамояд, ки омили «бегонагӣ» дар бадан ё колбуди физикии инсон пайрезӣ шудааст. Бинобар ин, дарки бевосита ва ҳамаҷонибаи маърифати ӯ барои мо имконпазир нест. Аз ин рӯ, мебояд аз нигоҳи нисбият ва эҳтимолият ба баҳсу баррасии назариёти ӯ пардозем.
Аз нигоҳи мо, «тани хокӣ» ё колбуди физикии инсон майдонест, ки дар соҳати он неруҳои менталӣ (зеҳнӣ) ва виталӣ (ҳаётӣ, баданӣ) фаъолият ва амал менамоянд. Ҷараёни фаъолиятҳои зеҳнӣ– фикр, орзу, хаёл, ирода, хостаҳо ва майлу алоқамандиҳои дигар ва раванди амалкардҳои ҳаётӣ – отифа ва ғаризаҳо бахши умдаи барномаҳои ҳаётии моро шакл медиҳад. Табиист, ки дар ҳамин заминаи муносибатҳои мавҷуд дар зеҳн (ҳофиза) маркази бегонае ба унвони «худ» («нафс», «эго», «ман») по ба арсаи ҳастӣ мегузорад. Эҳтимолан, манзури Мавлоно аз таъбири «тани хокӣ» ҳамин ҷанбаи робитаҳои зеҳнӣ (менталӣ)-и инсон мебошад, ки дар асари ҳаракати нобаҳангоме он маркази худкомаро офаридааст:
Дар замини мардумон хона макун,
Кори худ кун, кори бегона макун.
Кист бегона? Тани хокии ту,
К-аз барои ӯст ғамнокии ту.
То ту танро чарбу ширин медиҳӣ,
Ҷавҳари худро набинӣ фарбеҳӣ.
То замоне ки ин марказ бар зеҳн ҳокимият мекунад, робитаи инсон ба асли фитрат қатъ мегардад. Дар натиҷа, феълу инфиолоти ин шабакаи худкома – «худ» ё «нафс» боиси парешонӣ ва «ғамнокӣ»-и инсоният мегардад. Ошуфтагии ҷаҳони имрӯз, ки шиддати буҳронии он рӯз аз рӯз бештар шуда, домани мадду ҷазри он сутуҳи ҳаёти иҷтимоии башарро фаро гирифтааст, аз асари фоҷиабори ин ҳаракати инҳирофӣ дар таърихи башар дарак медиҳад. Мо мушоҳида менамоем, ки чӣ гуна арзишҳои аслии инсонӣ дар саҳнаи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ранг мебозанд ва ҷойи худро ба арзишҳои худсохта ва пиндорӣ – майлу хостаҳои шаҳвонӣ ва дигар машғалаҳои бебунёд медиҳанд. Дар чунин рӯзгор беҳтар аст, ки инсон ба гуфтори пурмуҳтавои Мавлоно гӯш бидиҳад, расми бевафоиро раҳо кунад ва ба асли фитрии худ баргардад:
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Донишҳои мо дар бораи фаъолиятҳои зеҳнии инсон аз ҷиҳати кайфият чандон муассир нестанд, зеро онҳо то ҳол натавонистаанд заминаи муносибе барои пойдорӣ ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ фароҳам оваранд. Муносибатҳои иҷтимоӣ, робитаҳо, пиндору гуфтору рафтор ва феълу инфиолоти дигаре, ки дар маҷмӯъ ҳастии иҷтимоӣ ё ҷаҳони берунии инсонро ташкил медиҳанд, саҳнаҳое мебошанд, ки тавассути зеҳни инсон барномарезӣ шудааст. Яъне, ҷаҳони бурунӣ ё иҷтимоъ инъикоси он чизе аст, ки мо дар андеша ё зеҳн дорем. Муҳтавои ҷаҳони ботинии мо дар робитаҳои иҷтимоӣ ҷилвагар мегардад. Зеҳни аз қайди ҳирсу ҳасад, ҳавою ҳавас ва дигар вобастагии нафсонӣ вораста дар робитаҳои иҷтимоӣ самаре ба ҷуз назму инзибот, меҳру садоқат ва сулҳу сафо ба бор намеоварад. Зеҳни вораста аз кайфияти халлоқият ва созандагӣ бархӯрдор аст ва ҳаёти инсонро ободу зебо мегардонад. Аммо зеҳни вобаста ба феълу инфиолоти нафсонӣ ба ҷуз ошуфтагӣ ва парешонӣ ҳосиле надорад:
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар бувад андешаат гул гулшанӣ,
В-ар бувад хор ту ҳимай гулханӣ.
Мавлоно зери мафҳуми фитрат ё асолати вуҷуд аз чӣ розе бо мо суҳбат мекунад? Агар мо ба асли ин мафҳум пай бибарем, метавонем ба осонӣ аз сохтори падидае ба номи «нафс» огаҳӣ пайдо намоем. Донишмандони зистшинос гузориш медиҳанд, ки сохтори бадани инсон аз ҳуҷайраҳои бешумор ташкил шудааст. Ҳуҷайраҳо аз низоми мармузе табаият менамоянд ва барномаи кории мушаххасеро мутобиқ бо ҳисси фидокорӣ ва хидматгузорӣ анҷом медиҳанд. Таваллуду марг қонуни табиӣ ё раванди ҳаётии ҳар организми зинда аст. Тибқи талаботи ин қонуни фитрӣ ҳуҷайраҳо дар ҷараёни зист баъди анҷоми барномаи фаъолият ҳастии худро барои идомаи ҳаёт ва пойдории сохтори бадан, ки аз лиҳози мақом ва мавқеият нисбат ба ҳуҷайра дар вуҷуд ҷойгоҳи болотаре дорад, муштоқона қурбон мекунанд, то ки ҳуҷайраҳои ҷавону нерумандтаре вориди майдони фаъолият гарданд. Чунин равиши табииро метавон қонуни фитрат ё асолати вуҷуд номид.
Қиссаи дардолуди «бегонагӣ» дар сохтори бадан аз пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ оғоз мешавад. Ҳуҷайраҳои саратонӣ мавҷудоти саркаш ва исёнгаранд. Намехоҳанд мутобиқи усули умумии ҳастӣ, ки табиат, ҳақиқат ё иродаи фарозеҳнӣ дар асари шоистатарин интихоб аз байни ҳазорон имконоти интихоби дигар мавҷудияти ҳаётро дар густураи кайҳонӣ имконпазир гардонидааст, зиндагӣ кунанд. Онҳо по аз ин ҷодаи асил берун мениҳанд ва барои идомаи ҳаёт тибқи барномаи ҷузъии хеш, ки шадидан зидди барномаи куллии организм мебошад, ба парвариш ва афзоиши насли худ мепардозанд. Ҳар ҳаракати инфиродӣ ва худмеҳваре, ки ҷанбаҳои фаъолияташ аз хусусият ва кайфиятҳои худхоҳона шакл гирфтаанд, табиати ноқис ва нопойдор дорад, зеро ҳикмати асил ба мо меомӯзад, ки дар батни кулл имконоту тавонмандиҳои бештар ва зарфияти азими нерую иқтидорҳои ношинохта мавҷуд аст. Ҷузв ҳар қадар худро бузургу неруманд тасаввур намояд, чун аз кулл ҷудо гардад, он ҳама маҷмӯи имконотро аз даст медиҳад ва дар ниҳоят, нокому бенасиб мемонад. Мавлоно ба ин маънӣ ишора кардааст:
Ҷузв аз кулл қатъ шуд, бекор шуд,
Узв аз тан қатъ шуд, мурдор шуд.
То напайвандад ба кулл бори дигар,
Мурда бошад, набвадаш аз ҷон хабар.
Падидаҳои зеҳнӣ, аз қабили фикр, хаёл, орзу, майлу хостаҳои дигар аз нигоҳи Мавлоно ба падидаҳои асил ва нохолис ҷудо мешаванд. Агар зеҳнияти инсон дар партави маърифати иродаи кулл шакл бигирад ва инсонро аз саргаҳи парешонӣ ба сарвақти ваҳдат ҳаракат диҳад, метавон гуфт, ки чунин ҷараёни ҳастӣ ҳамоҳанг бо қонуни фитрат маҷро гирифтааст. Аммо дар равони инсон аз даврони ношинохтае маркази зеҳнии худруставу худмеҳвари дигаре ба номи «худ» («нафс», «ман» ё «эго» ва ғайра) ба вуҷуд омада, дар ин арсаи ниҳоят муҳим ва сарнавиштсози вуҷуди инсонӣ ба фаъолияти густардае оғоз кардааст. Мавлоно тани одамиро ба кӯза ва оби даруни онро ба ҳавос ё маҷмӯи донишу таҷриба (ё ки дидгоҳи инсон) ташбеҳ медиҳад. Тани одамӣ ҳиҷобест, ки муҳтавиёти зеҳнӣ онро аз баҳр, ки рамзи донишҳои куллӣ ё ҳақиқати асил мебошад, ҷудо нигаҳ медорад. Аммо ба иллати аз кулл ҷудо гардидан хусусияти вобастагӣ ва шартӣ шудан ба худ мегирад ва зарфияти маҳдуд ва мақсур касб мекунад. Чун оби ин кӯза тавассути равзанае ба оби баҳр роҳ ёбад, ба таъбири дигар, агар донишҳои ҷузъии мо ба моҳияти донишҳои куллӣ ё асил, ки дар зоти ҳастӣ мавҷуданд, пай бибаранд, он гоҳ вуҷуди одамӣ ба худ хӯйи баҳр мегирад, яъне ба идроки воқеӣ ё басират шарафёб мегардад:
Чист он кӯза? Тани маҳсури мо,
Андар он оби ҳавоси шӯри мо.
Кӯзае бо панҷ лӯлай панҷ ҳис,
Пок дор ин обро аз ҳар наҷис.
То шавад з-ин кӯза манфаз сӯйи баҳр,
То бигирад кӯзаи ман хӯйи баҳр.
***
Ҷӯй дидӣ, кӯза андар ҷӯй рез,
Обро аз ҷӯй кай бошад гурез?
Оби кӯза чун дар оби ҷӯ шавад,
Маҳв гардад дар ваю ҷӯ ӯ шавад.
***
Хум, ки аз дарё дар ӯ роҳе шавад,
Пеши ӯ Ҷайҳунҳо зону занад.
Дар таълимоти Мавлоно имкони дарки ҳақиқат дур аз дастрасии инсон қарор надорад. Ҳамин кофист, ки фазои зеҳнро аз хасу хошоки нафсонӣ пок кунем, то ки дубора ба асли хеш баргардад ва хусусияти халлоқу созандаи фитрии худро пайдо намояд. Лозим нест, ки мо барои идроки ҳақиқат аз чашму гӯши дигарон истифода намоем:
Чашм дорӣ ту, ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.
Гӯш дорӣ ту, ба гӯши худ шунав,
Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?
Олими Бухорӣ,
муҳаққиқи осори
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ