Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод ният доранд, ки соли ҷорӣ дар майдони 2130 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 1008 гектар картошка, 88 гектар зироатҳои техникӣ, 375 гектар сабзавот кишт намоянд.
Айни ҳол 91 тонна тухмии ғалла, 727 тонна картошка дар ноҳия мавҷуд аст. Дар ҳама сохтори кишоварзӣ эҳтиёҷот ба тухмии ғалла 95 тонна ва картошка 1039 тоннаро ташкил медиҳад. Аллакай аз ҷониби соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмӣ ба ноҳия ворид шуда истодааст ва иҷрои нақшаи киштукор имконпазир мебошад.
Саршумори чорвои шахсии мардум ба 19542 сар чорвои калон (185 сар аз соли гузашта зиёд), 57866 сар моли майда (3531 сар аз соли гузашта зиёд) ва саршумори паранда ба 42710 сар расидааст.
Ҳоло дар ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад. То имрӯз беш аз ҳафт ҳазор ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонда шудааст.
Тибқи нақша соли ҷорӣ шинонидани 25 ҳазор бех ниҳоли ҳархела, бунёди 18 гектар боғи нав, дар талу теппаҳо барқароркунии боғҳои кӯҳна дар назар аст. Дар ноҳия барои суръат бахшидани корҳои баҳорӣ аз нигоҳи таъминоти тухмӣ ва техника танқисӣ ҳис намешавад. Айни замон 202 адад техника дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»