Вахш. Навбатпойии тоҷирон барои қулфинай

№46 (3683) 29.04.2017

YAgody-klubniki-sorta-FestivalnayaТаҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ва дар заминаи онҳо таъсиси хоҷагиҳои хурди оилавию инфиродӣ, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ба деҳқонон имкон фароҳам овард, ки тибқи талаботи бозор маҳсулоти дилхоҳ парвариш намуда, фоида ба даст оранд.

Яке аз зироатҳои барои инсон зарурӣ қулфинай мебошад, ки кишоварзони ноҳияи Вахш дар парвариши он таҷрибаи зиёд ҳосил намудаанд. Бахусус, дар шаҳраки Киров зироати мазкур хуб парвариш меёбад. Кишоварзон соли ҷорӣ дар майдони зиёда аз 65 гектар навъҳои гуногун, аз ҷумла, ба таври таҷрибавӣ парвариши қулфинайи навъи «Фестивал»-ро ба роҳ монданд. Чанде аз қулфинайпарварон иброз намуданд, ки навъи нав аз ҷиҳати ҳосилнокӣ, ширинию болаззатӣ бартарӣ дорад.

Тавре раиси Ҷамоати шаҳраки Киров Тоҳир Турсунов иттилоъ дод, онҳо нақша доранд, ки майдони парвариши қулфинайро ба 100 гектар расонанд.

Сокини шаҳрак Худойдод Холов соли ҷорӣ дар 3 гектар парвариши қулфинайро ба роҳ монда, аввалин шуда, маҳсули дастран­ҷашро ба бозор баровард.

Дар оғози маъракаи ғунучини ҳосил, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 15 рӯз пештар сурат гирифт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва дигар масъулони ташкилоту идораҳои дахлдори вилоят иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар он рӯз бо мақсади омӯхтани таҷрибаи қулфинайпарварони вахшӣ шахсони масъул аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ даъват шуданд.

Дар хоҷагии «Ворис» ки роҳбариашро Худойдод Холов ба уҳда дорад, имсол парвариши қулфинайро дар зери плёнка ба роҳ мондаанд.

- Қаблан пахтаю дигар зироатҳо кишт менамудем. Чун фоидаи қулфинайро дар заминҳои наздиҳавлигӣ дидем, ба қароре омадем, ки парваришашро дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ низ ба роҳ монем, — гуфт роҳбари хоҷагии «Ворис».

Худойдод Холов аз аввалин нафароне мебошад, ки парвариши қулфинайро дар майдони васеъ таҷриба намудааст. Бино ба гуфти вай, таҷрибаи парвариши зери плёнка, ки соли ҷорӣ амалӣ шуд, бартарии худро нишон дод ва саҳмдорон ният доранд солҳои минбаъда майдони онро зиёд намоянд.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо қулфинайпарварон  ба самараи меҳнати онҳо баҳои баланд дода, тавсия дод, ки минбаъд парвариши он дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда шавад.

Дар рӯзҳои аввали ба бозор баровардани қулфинай дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳар як килограмми он бо арзиши 35 сомонӣ ба фурӯш рафт.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»