ШАҲРИТУС. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар поёноби дарёҳои Панҷу Вахшу Кофарниҳон ва саргаҳи Амударё пойгоҳи байналмилалии обсанҷӣ бунёд гардид. Пойгоҳи нав имкон медиҳад, ки минбаъд ҳаҷму миқдори оби дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи марзи мамлакат ҷорӣ мешаванд, дақиқ муайян ва ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шаванд. Ин пойгоҳ бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Он дар тавозуни Муассисаи давлатии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади бунёди пойгоҳи номбурда байни Тоҷикистону Афғонистон созишнома ба имзо расида буд, зеро тибқи маълумоти мавҷуда, 20 фоизи оби Амударё аз обҳои ҳудуди Афғонистон ва 80 фоизи боқимонда аз обҳои дарёҳои Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, маълумотномаи аз пойгоҳи мазкур бадастомада ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ пешниҳод мешавад.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон