Пешу пасе баст сафи кибриё,
Пас шуаро омаду пеш анбиё.
Шоирон пешоҳангони ҷомеа ҳастанд. Нақши онон дар ҷаҳони маънавии инсонҳо бебаҳс аст.
Исо Раҳим низ шоиру рӯзноманигор буд. Диле саршор аз муҳаббат дошт. Умри азизашро сарфи хизмат ба халқу Ватан кард. Сухан дониста мегуфт, вақте шеър мехонд чеҳрааш мешукуфт ва гоҳе дар маҳфилҳои дӯстон тарона месуруд.
Марди озода буду дили покиза дошт. Давру бараш дӯстон мечархиданд ва аз лутфи сухану шӯхиҳои намакинаш лаззат мебурданд.
Ӯ 2 майи соли 1940 ба дунё омаду 13 майи 2015 ҷаҳонро падруд гуфт. Ба ибораи дигар, баҳор омаду баҳор рафт.
Ба хотири гиромидошти хотири ӯ ду шеъри то кунун чопнашудаашро пешкаш мегардонем.
МАН НАВОЯМ
Ман навоям аз найистон омадам,
Сархуш аз оҳанги дастон омадам.
Чун Ҳилолӣ ғарқ дар хуни ғазал,
Шеърхону сангборон омадам.
Ҷо намеёбам, ки осоям даме,
Носирам бар ғори Юмгон омадам.
Мисра – мисра ман шикастам хешро,
Чун ғурури мавҷи Вахшон омадам.
То шиносам розҳои зиндагӣ,
Масту махмуру парешон омадам.
То Душанбе сад Бухоро гашт ман,
Пора – пора чун Хуросон омадам.
Хомаам бахшид теғи Бӯалӣ,
Исиам, аз баҳри дармон омадам.
ЧАШМИ
БИҲИШТӢ
Чун мавҷ беқарорам, аз шӯри ҷоми чашмат,
Масту парешу саркаш дил аз мароми чашмат.
Ин арш саҷда орад, дар пеши хоки поят,
Хуршед аз баландӣ ояд ба боми чашмат.
Хор аст пеши чашмат, дунёи гулситонҳо,
Ин дил ғазал сарояд умре ба номи чашмат.
Наврӯз дар ҷамолат, шаҳбозии хаёлат,
Сармаст менамояд ҷоми паёми чашмат.
Занҷири зулф бикшо, аз банд-банди ҷонам,
То ҳамчу нола хезам озоди доми чашмат.
Чун чашми шед покӣ, ҷоми даруни токӣ,
Ҳар хом пухта кардӣ, ин буд коми чашмат.
Аз дидаи биҳиштӣ, эй ҷони ман, маронам,
Оҳуи синаи ман гаштаст роми чашмат.
Доранд аҳли олам бар хеш қиблагоҳе,
Аз баҳри Исӣ, аммо арши мақоми чашмат.