Мақсад аз семинари омӯзишие, ки чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа масъулони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор намуданд, ба аҳолӣ фаҳмонидани сабабҳои сар задан ва оқибатҳои ногувори ҷиноятҳои характери коррупсионидошта буд.
Тавре зикр гардид, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият ва хавфҳои коррупсионӣ» имсол дар ҷумҳурӣ санҷишу мониторингҳо гузаронида, омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда муайян карда мешаванд. Айни замон 51 моддаи Кодекси ҷиноятӣ ва 20 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта бахшида шудааст.
Агар дар мамлакат мансабдорон ва шаҳрвандон бар зидди ришвахорӣ ва дуздии маблағҳои давлатӣ дастаҷамъона мубориза баранд, коррупсия аз байн меравад ва бахшҳои давлативу ҷамъиятӣ муътадил рушд мекунанд.
- Дар кишварҳое, ки сатҳи коррупсия паст аст, сатҳи зиндагии мардум баланд мебошад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ беш аз ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо коррупсия олуда аст, — таъкид гардид дар семинар.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»