Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо сардорони идораву муассисаҳои вилоятию шаҳри Хоруғ, кормандони бахшҳои дини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳӣ доир гардид. Ҷамъомадро муовини раиси вилоят А. Гиёев ифтитоҳ намуд. Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азизуллоҳ Мирзоев зимни суханрониаш иттилоъ дод, ки аз соли 2007, яъне, аз рӯзи аввали қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба камхарҷ гузаронидани маъракаҳои азодорӣ ва хурсандӣ пешравиҳо зиёданд. Хароҷоти зиёдатӣ пешгирӣ гардид.
Азизуллоҳ Мирзоев масъулини соҳаро ба он даъват намуд, ки ба ин масъалаи хеле муҳим бояд эътибори ҷиддӣ дод.
Ҳастанд шахсони камбизоат, ки ба тақлидкорӣ роҳ дода, оқибат дар зиндагӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Ба ин қабил инсонҳо бояд равшан фаҳмонд, ки исрофкории беҳуда буҷети оиларо сахт мекоҳонад. Онҳоеро, ки дар маъракаҳо барои дигарон давлатманд буданашонро собит намуданӣ шуда, ба хароҷоти зиёде даст мезананд, ҷарима бояд кард, -таъкид намуд А.Мирзоев.
Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар бораи мақом ва манзалати инсон, фикру андешаҳои динии ӯ, ҷавобгар будани шахс дар назди қонун ва дин ҳарф зада, иброз дошт, ки инсони боақлу дониш ҳаргиз ба амалҳои номатлуб даст намезанад, балки бо ақлу заковати худ зиндагии саодатмандонаро рӯйи кор меорад.
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»