5 майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» доир гардид, ки дар он намояндагони корпуси дипломатии мустақари Тоҷикистон аз ИДМ, кормандони вазорату идораҳо ва коршиносони мустақил иштирок намуданд.
Директори марказ Худобердӣ Холиқназар, изҳор дошт, ки халқи тоҷик ба муқобили фашизми Германия бо дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дӯш бар дӯш истода, дар ду ҷабҳа — майдони ҷанг ва ақибгоҳ корнамоиҳои бемисл нишон дод. Натиҷаи ҷонбозиҳои онҳо буд, ки фашизм бо нияти худхоҳонаи нопокаш аз рӯи замин бардошта шуд.
Дигар иштирокчиён андешаҳояшонро оид ба заминаҳои сар задани ин фоҷиа, нақшу аҳамияти беандоза бузурги дӯстии халқҳои шӯравӣ дар таъмини Ғалаба ва хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон баён намуданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»