Додгар

№50 (3687) 09.05.2017

ОЗОДА НАЗАРОВАБоре шоири зиндаёд Раҷабалии Роғӣ гуфт:

- Сомеъ Одиназодаи Хатлониро Ҳукумати Шӯравӣ ду дафъа барои писари мулло будан ба маҳбас кашид. Аз ин рӯ, ӯ то оғози солҳои 90-уми асри гузашта, ба роҳбари ИҶШС (СССР)Иосиф Сталин  нафрин мехонд. Дар назди устод лом намегуфтем. Аммо, — афзуд ӯ, — бо оғози воқеаҳои номатлуби солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ забон аз нохуб гуфтанро боздоштанд. Танҳо охири умр парда аз роз бардоштанд ва дар шоҳидии шогирдон аз Парвардигор омурзиш хостанд, ки ноҳақ сухан ба забон меовардаанд: «Сталин дар Маскав, аз куҷо медонист, Мирзошариф намоз мехонад ё писари кадом муллоест…».

 

Инак, аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ 72 сол сипарӣ шуд. Аз бурду бохти он ва Иосиф Сталин зиёд навиштанд. Ба вижа, пас аз марги Сталин борони нафрин шиддат гирифт.

Бале, ӯ моҳи беайб набуд, аммо бо ҳама норасоӣ хидмати Сталин дар эъмори СССР бағоят бузург аст. Ин ҳамаро нодида гирифтан нишони камхирадист. Дастовардҳои Иттиҳоди Шӯравиро бо гуфти душмани ашадии СССР, собиқ Сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл ба мизон мемонем: «Сталин бузургтарин диктаторе буд, ки дар ҷаҳон назир надошт. Ӯ Россияро бо юғу умоч қабул карда, ба давлати дорои силоҳи атомӣ оварда расонд…».

Ба тақвияти гуфтаҳои боло, бобати адлу додгарии Сталин лаҳзаеро аз рӯзгори даврони ҷангии як бонуи тоҷик ёд меорем. Ӯ Озода Назарова аст, ки соли 1913 дар деҳаи Қаратоғ, дар оилаи марди чоряккор ба дунё омадааст. Баъдан, оилаи онҳо ба рустои Навободи ноҳияи Ҳисор кӯч баст.

Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар кишвар танҳо курсҳои яксолаи таълимӣ, омӯзишгоҳҳо амал мекарданд. Аз ин рӯ, бо тасмими Ҳукумат, ба вижа вазири вақти маорифи ҷумҳурӣ Нисор Муҳаммадов духтарони маҳаллиро ҷамъ оварда, ба Техникуми омӯзгории шаҳри Самарқанд сафарбар менамуданд. Бо ин мақсад вазир савори ароба деҳ ба деҳи кӯҳистон гашта, духтаронро барои таҳсил таблиғ мекард.

Озода, бо розигии бародар соли 1937 Техникуми омӯзгории Самарқандро сарбаландона хатм карда, ба зодгоҳ баргашт. Ӯро хуш пазируфта, директори мактаб-интернати Қаратоғ таъин намуданд. Баъдан мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи ҳизбии Ҳисор буд.

Моҳи июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба Давлати Шӯравӣ ҳуҷум кард. Пурдилон ба ҳифзи Ватан саф бастанд. Дар ин қатор ҳамсару бародари Озода — Қуд­рат Дӯстов ва Неъмат Назаров низ ба ҷабҳа рафтанд.

Аммо дар ақибгоҳ ашхоси ҳушу ёдашон ба корҳои муғризона банд, ба қавле, ҳавасронҳо Озодаро ба банд афтондан мехостанд. Ӯ аз пешниҳоди даюсону хабисон наҳаросид ва ба эшон оби даҳон партофт:

- Хирасарони беномус, медонед, ки ман шавҳар дорам. Шарм намедоред, охир шумо ҳам зан доред…

- Гитлер ба наздикӣ Тоҷикистонро ҳам ғасб мекунад…

- Зинда мондани шавҳарат низ дар гумон аст…

Озода сар нафаровард ва бо нафрат гуфт:

- Вазифаатон аз саратон монад ва тарки вазифа намуда, бо ду кӯдаки маъсум хонашин шуд.

Дар ҳамсоягии Озода муҳандиси рус – Пётр Камилков бо ҳамсараш Вера Александровнаи духтур мезистанд. Пётр аз рӯзҳои аввали ҷанг ихтиёрӣ ба фронт рафт. Охири соли 1941, пас аз корнамоие ба ӯ якмоҳа рухсатӣ доданд ва рӯзе ӯ аз аҳволи ҳамсоя — Озода пурсон гашт. Вера Александровна воқеаи нохушро ба ҳамсараш қисса кард. Зану шавҳар ба ҳолпурсии ҳамсоя равон шуданд. Ҳини рӯ ба рӯ задан Пётр пурсид:

- Озода, чӣ рӯзгор дорӣ?

- Аз хок берун, — маҳзунона посух дод ӯ ва аз беадолатиҳо лаб кушод. Дили ӯ, ки аз ноҳақии ноҷавонмардон пур шуда буд, сиришк бари рухсораҳояш шорид.

Камилков ором барошуфт ва бо қатъият гуфт:

- Ин даъвогарони номусу шараф душманони дохилӣ ҳастанд, ки ғалабаи моро намехоҳанд…

- Рост мегӯӣ, — тақвият бахшид ӯро Вера.

- Озода, хоҳарам озурдаву дилтанг мабош, баъди ду ҳафта ман ба ҷабҳа бармегардам. Биё, ба номи Иосиф Виссарионович Сталин навис. Мактубро дар Москва ба ҷои зарурӣ мерасонам…

- Хуб шудааст…

- Интизор шав, ҳатман посух хоҳӣ гирифт.

- Майлаш…

- Ҳукумат бесоҳиб нест, боварӣ дорам, ки ин ваҳшиҳо ҷазояшонро мебинанд. Рафиқ Сталин одил аст, ӯ, албатта, ба доди мо мерасад, — дилбардорӣ кард Пётр.

- Бо ду фарзанди хурдсол чӣ хел зиндагӣ мекунам? – пурсид Озода.

- Вера ба ту ёрӣ мерасонад.

Рухсатии Пётр Камилков поён ёфт ва ӯ бо ҳамсар, Озода ва дӯстонаш хайру маъзур намуда, ба ҷабҳа рафт. Ӯ рафту беному нишон гашт.

Рӯзҳо ба назари Озода солро мемонд. Ҳамоно ягон хабаре намерасид. Ӯро дигар касе суроғ намекард. Маҳзуну дилтанг машғули корҳои хона, ҳушу ёдаш ба пайвандон буд. Баногаҳ, рӯзе садои ношиносе ӯро ба худ овард. Назди дарвоза, чор марди руси низомипӯш меистоданд.

- Манзили Озода Назарова аст? – пурсид яке.

- Бале, — ҳаросон посух дод ӯ.

- Шумо ба рафиқ Сталин мактуб навишта будед?

- Ҳа.

- Ду нафари мо аз Москва, бо супориши рафиқ Сталин омадем. Ҳамроҳон, яке аз Комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ, дигарӣ комиссари ҳарбии ноҳия ҳастанд. Осуда бошед, наҳаросед.

Озода ботафсил рӯзҳои аз сар гузарондаашро нақл кард. Низомиён қиссаи ҳузнангезро шунида, хашм гирифтанд.

- Биёед, акнун ба коргоҳатон равем. Ба мо хонашерони майдонғарибро нишон диҳед, — гуфт низомии аз рӯи рутба масъултар.

Аҳли кормандони кумитаи ҳизбӣ ва комиҷроияи ноҳия дар як ҷо ҷамъ омаданд. Онҳо бо дидани низомиён ва Озода шах шуданд.

Афсари маскавӣ гуфт:

- Озода Назаровна, марҳамат гӯед, кӣ гуфт, ки Гитлер ғалаба мекунад? Ҳамон шаҳватпарастонро нишон диҳед.

Озода шаш танро нишон дод. Онҳо мисли барги бед меларзиданд.

Низомии маскавӣ тундутез гуфт:

- Садқаи нону намаки халқ шавед. Мардум баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ҷонфидоӣ мекунанд, шумо палидон дар ақибгоҳ ба кайфу сафо дода шудаед. Шаҳватпарастони худозада, шумо аз фашистони истилогар бадтаред. Пасон, ба комиссари ҳарбӣ фармон дод:

- Ин фосиқонро пушти панҷара нишонед, пагоҳ ба қатора савор карда, ба «штрафбат» (баталёни ҷаримавӣ) фиристонед.

Афсар баъдан рӯ ба масъулини ноҳия оварда, супориш медиҳад:

- Ба Озода барои тарбияи фарзандон озуқавории иловагӣ медиҳед!…

Ин амр ва таъкиди намояндаи Сталинро роҳбарон даст пеши бар ба зимма гирифтанд.

Ниҳоят, дар ҳузури ҳозирин пурсид:

- Озода Назарова, шумо аз тафтиши мо қаноатмандед?

- Бале…

Инро адолати сталинӣ мегӯянд. Чӣ тавр Ҳукумати Советӣ шарафу номуси як зани тоҷикро дар солҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯз ҳифз намуд.

Рӯзи дигар Озодаро бо ду дасти адаб дар вазифаи пешинааш барқарор намуданд. Овоза то дуриҳои дур танин андохт. Акнун мас­ъулини ҳизбиву давлатӣ бо дидани ӯ нӯг-нӯги по мегаштанд.

Соли 1943 фармони Сталин бобати ба ақибгоҳ рухсат додани муаллимон аз ҷабҳа ба тасвиб расид. Дар қатори ҳазорҳо Қудрат Дӯстов низ ба ақибгоҳ баргашт. Аммо Неъмат Назаров то ба Берлин расид. Пас аз ғалаба бо сари баланд ба Ватан баргашт. Аз ӯ ғанимати ҷангӣ-ханҷари шахсии афсари олирутбаи олмонӣ дар манзили фарзандон то кунун боқист.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Озода Назарова солҳои душвори баъдиҷангӣ мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи ҳизбӣ, муассис ва директори аввалин интернати занона буд.  Ӯ моҳи августи соли 1993 дунёи фониро тарк гуфта, аз  худ номи нек ба ёдгор монд.

 Умари ШЕРХОН