Таъиноти кадрӣ

№51 (3688) 11.05.2017

34489779306_1538547cac_oҲаштуми майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ пешниҳод ва таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир аз вазифаи раиси Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Саид Сӯҳроб аз вазифаи раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд, Ҷалолиддин Азиз аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Қаландарзода Мансур Сафар аз вазифаи судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардиданд. Хайриддинзода Азизбек Хайриддин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шуд.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоб намудани Азиззода Зафар Нусрат ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминзода Зокирҷон Тоҳир — муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Сӯҳроб — судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаландарзода Мансур Сафар — судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалолиддин Азизӣ — судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода — судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Бо пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Маҳмадсаид Алимардон аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Ховар Нурмуҳаммад аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Исмоил аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан бозхонд карда мешаванд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович- муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторзода Абдуҷаббор – сардори Раёсати кафо­латҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Бобишо — сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид­вализода Барно — сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Ҳусейн — сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоиён Нодир — сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарализода Зафар — мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пирназарзода Иброҳим- мудири бахши кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссари ҳарбии вилояти Хатлон ва фармондеҳони як қатор ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаро аз ҳисоби ҷавонони хатмкардаи муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таъин намуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муовини якум, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, директори киностудияи «Тоҷикфилм» таъин гардиданд.

Зимни суҳбати самимиву ошкоро Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ҷавону лаёқатмандро ба хизмати садоқатмандонаву пок­виҷдонона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуда, дар баробари таҷрибаи касбкарда омӯзиши пайваста, такмили ихтисос ва бахусус, омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид намуданд.

www.president.tj