Ёздаҳуми майи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред. Дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Дилшод Абдуғафор»
2. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Исматуллозода Дилшод Абдуғафор»
3. Дар бораи Созишномаи грантии (гранти 0510 – TAJ (EF) (Маблағгузории беруна) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд
4. Дар бораи Созишномаи маблағгузории (қарзи № 3451- TAJ (SF) ва гранти 0509 – ТAJ (SF) (Амалиёти махсус) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Вакилони муҳтарам, чуноне хабар доред, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2017 Исматуллозода Дилшод Абдуғафор муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Бинобар ин, бояд барои ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Исматуллозода Дилшод Абдуғафор ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани ӯро қатъ намоем.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Дилшод Абдуғафор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Инчунин, баъди баррасӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Исматуллозода Дилшод Абдуғафор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, Дилшод Исматуллозода дар даъвати чорум ва тӯли зиёда аз ду соли даъвати панҷум ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштанд. Ин муддат худро ҳамчун вакили фаъол, масъулиятшинос, ташаббускор, соҳиби дониши амиқ ва ҳамкори хоксору самимӣ муаррифӣ намуданд.
Бо дарназардошти ин, Сарвари давлат салоҳ донистанд, ки Исматуллозода Дилшод Абдуғафор фаъолияти минбаъдаашро дар вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳад.
Ман аз номи худ ва шумо, вакилони гиромӣ, ба Дилшод Исматуллозода барои фаъолияти хубашон дар мақоми қонунгузори мамлакат миннатдорӣ изҳор намуда, дар иҷрои вазифаи басо муҳиму масъулиятнок муваффақият ва барори кор орзу мекунам. Барои саҳми пурарзиш дар фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъватҳои чорум ва панҷум ва иштироки намунавӣ дар ҳаёти ҷамъиятии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Дилшод Абдуғафор бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантии (гранти 0510 – TAJ (EF) (Маблағгузории беруна) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ҷузъи роҳравҳои байналмилалии нақлиётии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ 2,5 ва 6» маҳсуб меёбад. Маблағи умумии лоиҳа 96,4 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 15,8 млн. доллари ИМА гранти Бонки Осиёгии Рушд, 49,4 млн.доллари ИМА қарзи Бонки Осиёгии Рушд, 12,0 млн. доллари ИМА қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, 2,0 млн. доллари ИМА гранти Фонди неруи тоза ва 17,2 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 17,2 млн. доллари ИМА корҳои муайян ҷиҳати татбиқи лоиҳа маблағгузорӣ мешавад, ки аз он 14,3 млн. доллари ИМА дар шакли натуралӣ мебошад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои интихобшудаи Роҳравҳои 2, 5 ва 6 Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад, ки шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппаро бо ҳам пайваст мекунад. Марҳилаи аввали лоиҳа 33 километр роҳи автомобилгардро аз шаҳри Душанбе то деҳаи Чашмасорони ноҳияи Рӯдакӣ дар бар гирифта, дар доираи он роҳи автомобилгард то чор хат васеъ мешавад. Рӯйпӯши роҳҳо беҳтар ва воситаҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт гузошта мешаванд. Ҳамчунин, чароғҳои равшанкунанда ва системаи таъмини қувваи барқ дар асоси панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки татбиқи лоиҳа моҳи июни соли 2017 оғоз ёфта, то моҳи марти соли 2021 идома меёбад.
Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Роҳравҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» бо арзиши 65,2 млн.доллари ИМА, аз ҷумла 49,4 млн.доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ва 15,8 млн.доллари ИМА маблағҳои грантӣ ба имзо расидааст. Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шарти ба муҳлати 21 сол бо назардошти 8 соли давраи имтиёзнокӣ, бо меъёри 1 фоизи солона дар давраи имтиёзнокӣ ва баъд аз он 1,5 фоизи солона пешниҳод гардидааст. Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамоянд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.
Созишномаи грантии лоиҳаи «Роҳравҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» бо арзиши 2,0 млн. доллари ИМА ба имзо расида, маблағгузории лоиҳа тавассути гранти Фонди неруи тоза, ки маблағгузории якҷоя бо Бонки Осиёгии Рушд аст ва аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд идора карда мешавад, сурат мегирад. Шартҳои татбиқи созишномаи грантӣ бо шартҳои созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки маблағҳои созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд.
Яке аз шартҳои ба расмият даровардани созишномаҳои мазкур ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) гардидани онҳо мебошад. Хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф Раҳимзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантии (гранти 0510-TAJ (EF) (Маблағгузории беруна) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд, ки 15 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади созишномаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа мебошад. Маблағи умумии созишномаи грантӣ 2,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз ҳисоби Фонди неруи тоза ҳамчун грант пешниҳод гардида, барои маблағгузории қисмати лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» сарф мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Чоруми майи соли 2017 дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи маблағгузории (қарзи 3451 – TAJ (SF) ва гранти 0509– TAJ (SF) (Амалиёти махсус) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе –Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд, ки 15 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади созишномаи мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа мебошад
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Чоруми майи соли 2017 дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, қабули он мувофиқи мақсад ҳисобида шуд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории ҳар ду созишнома овоз диҳед.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳамчуноне мушоҳида кардед, маърӯзачиён ду масъаларо дар суханронӣ баррасӣ карданд, зеро онҳо ба ҳам алоқамандӣ доранд. Барои баррасии масъалаҳо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек низ иштирок доранд. Ҳоло сухан ба муҳтарам Худоёрзода дода мешавад.
Худоёрзода Худоёр Завқибек:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим барои кишвар арзёбӣ мешавад. Тавассути ин шоҳроҳ молҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, ба Панҷи Поён ва аз он ҷо ба Афғонистон, Покистон ва Эрон интиқол дода мешаванд.
Мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки муомилоти бор тавассути ин шоҳроҳ дар солҳои охир ду маротиба афзудааст. Аз ҷумла, содироти масолеҳи сохтмонӣ — семент аз кишвари мо ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон ба маротиб зиёд шудааст, ки асосан аз тариқи ин шоҳроҳ сурат мегирад. Илова бар ин, шоҳроҳи мазкур аз ҷумлаи долонҳои марказии роҳрави Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад.
Хоҳишмандам созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ҳар ду масъала савол доред? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷаббор Ахмедов дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Ман савол дорам. Маълум аст, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ роҳҳои зиёд сохта шуданд. Аксари онҳо хеле самаровар мебошанд. Мутаассифона, мақомоти санҷишӣ ва тафтишотӣ дар татбиқи лоиҳаҳо камбудиҳои ҷиддиро ошкор намуданд.
Мақсади асосӣ ҳар чӣ бештар ва тӯлонитар хизмат кардани роҳҳо ба нафъи мардум аст. Вобаста ба ин, мехостам пурсам, ки оё дар татбиқи лоиҳаи мазкур технология ва дастгоҳҳои замонавии бунёди роҳҳо мавриди истифода қарор мегирад?
РАИС: - Марҳамат, сухан ба сармуҳандиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Холбой Саидов дода мешавад.
Холбой САИДОВ: - Тарзу усул ва масолеҳи мумфаршкуниеро, ки дар шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа истифода хоҳад шуд, тариқи таҷрибавӣ дар масофаи дуюним километри даромадгоҳи шаҳри Ҳисор анҷом додем. Муҳлати истифодаи роҳи ба ин тарз мумфаршгардида аз 14 то 25 солро ташкил медиҳад.
РАИС: - Татбиқи лоиҳа аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ сурат мегирад ё ватанӣ?
Холбой САИДОВ: - Барои татбиқи лоиҳа 37 ширкати хориҷӣ ва 17 ширкати ватанӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Баъди баргузории тендер, ки онро мушовирони байналмилалӣ доир менамоянд, аниқ мешавад, ки кадом ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба татбиқи лоиҳа ҷалб мешаванд.
РАИС: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнуддин Сафаров дода мешавад.
Зайнуддин САФАРОВ: — Дар минтақаҳои роҳҳои бунёдшаванда обҳои зеризаминӣ хеле зиёд дучор меоянд. Барои бартараф кардани он кадом технология истифода мешавад?
Холбой САИДОВ: — Ин гуна минтақаҳо дар марҳалаи дуюми лоиҳа, яъне километрҳои 44 то 52 вуҷуд доранд. Дар ин қитъаи роҳ намнокӣ зиёд аст. Мо мутахассисони хориҷиро даъват кардем. Онҳо дар ин минтақа корҳои геологӣ анҷом дода, хулоса пешниҳод мекунанд ва тибқи он чораву тадбирҳои мушаххасу зарурӣ андешида мешаванд.
РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.
Абдуҳалим Ғаффоров: — Ман низ савол дорам. Роҳсозӣ кори басе гарон аст. Қабл аз оғози лоиҳа он аз назари ягон пажӯҳишгоҳ гузаронида шудааст?
Холбой САИДОВ: - Лоиҳаи мазкур аз назари мутахассисони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва олимони Донишкадаи «Автострада»- и Федератсияи Россия гузаштааст. Ҳамчуноне болотар гуфтам, минтақаи санҷишии роҳи даромадгоҳи шаҳри Ҳисор, ки ба тарзи пешбинишуда мумфарш гардидааст, аз он далолат мекунад, ки интихоб дуруст мебошад.
Худоёрзода Худоёр Завқибек: — Вақте ки кор оғоз шуд, дар муддати татбиқи лоиҳа озмоишгоҳи махсус амал хоҳад кард ва масолеҳи истифодашаванда аз ташхис гузаронида мешавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантии (гранти 0510 — TAJ (EF) маблағгузории беруна) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи маблағгузории (қарзи №3451 – TAJ (SF) ва гранти 0509 — TAJ (SF) (Амалиёти махсус) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи охирин – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёрҳои дохилии Кодекс аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Ҷобирзода Тоҳир Гул пешниҳод шудааст. Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, се моддаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пешниҳод гардида, ҳафт меъёри дигар бо қонунгузории ҷорӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида мешаванд.
Моддаи 1, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда дар таҳрири нав ифода меёбад, ба мақсади мутобиқгардонии он ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, истифодаи якхелаи истилоҳот ва мувофиқнамоии он ба қонунгузории ҷорӣ пешниҳод гардидааст.
Иловае, ки ба банди б) моддаи 81 пешниҳод шудааст, ба хотири мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекс бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Мувофиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи мақоми худ ба прокуророни вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар карда шудааст, аммо дар банди б) моддаи 81 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат сарфи назар шудааст. Аз ин рӯ, иловаи пешниҳодгардида ин ҳолатро пурра менамояд.
Моддаҳои 147 ва 148 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (дар таҳрири нав) ба анҷом расонидани ду ҳаракат, яъне «Дар колонияҳои тарбиявӣ монондани маҳкумшудагони ба балоғатрасида» ва «Гузаронидани маҳкумшудагон аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳӣ»-ро бо розигии прокурор ва аз ҷониби суд пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар қисми 1 ва 7 моддаи 208, ки тартиби пешниҳод кардан барои пеш аз муҳлат озод намудан аз адои ҷазоро вобаста ба ҳолатҳои мушаххас пешбинӣ менамояд, иловаи воридшаванда анҷом додани чунин ҳаракатҳоро бо розигии прокурор муайян мекунад. Ин ва дигар меъёрҳои дар боло овардашуда мувофиқ ба талаботи моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудаанд. Моддаи 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» предмети назорати прокурориро муқаррар намуда, қонунӣ ва асоснокии озод кардани маҳкумшудагон аз адои ҷазо бинобар ба итмом расидани муҳлати ҷазо, шартан, пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод кардан, ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо аз рӯи беморӣ, маъюбӣ, иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ ва татбиқи санади афв ё бахшиши ҷазоро ба он дохил менамояд. Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда меъёрҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамгун месозад.
Тағйироте, ки ба қисми 8 моддаи 211 ва қисми 2 моддаи 213 пешбинӣ мегардад, ба хотири дурусттар ва равшантар ифода намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ба ашхосе, ки аз адои ҷазо озод карда мешаванд ва ба роҳ мондани мушоҳида ва назорат ба рафтори чунин ашхос пешниҳод шудаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур 5 декабри 2016 мувофиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон №1001 барои баррасӣ ва ҷамъбасти хулосаҳо ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон супорида шуд. Оид ба лоиҳа хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаи масъул ворид гардиданд, ки дар маҷмӯъ лоиҳаро дастгирӣ намудаанд. Ҳамзамон, баҳри мукаммал гардонидани лоиҳа аз ҷониби субъектони номбурда 23 таклиф пешниҳод шуда, 21- тои онҳо ба лоиҳа ворид гардиданд.
Кумитаи масъул 3 майи соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуд, ки дар маҷмӯъ субъектони номбурда онро ҷонибдорӣ намуданд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Оид ба ин масъала ягон савол ё пешниҳод доред. Марҳамат, сухан ба Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Матни қисми 1 моддаи 147 каме таҳрирталаб аст. Онро ин ҷо меорам:
«1. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми мусбӣ арзёбӣ шудани рафтори маҳкумшудаи ба синни 18 расида, ӯ метавонад то синни 20 бо пешниҳоди сардори колонияи тарбиявӣ ва розигии прокурор аз ҷониби суд дар колонияи тарбиявӣ мононда шавад».
Мо вақте ки «ӯ метавонад» менависем, он ҳуқуқи маҳкумшуда мешавад. Дар асл, ин ҳуқуқи суд аст, на маҳкумшуда. Бинобар ин, агар мо нависем, ки: «1. Дар ҳолатҳои истисноӣ, суд метавонад маҳкумшудаи ба синни 18 расидаро, ки рафтораш мусбӣ арзёбӣ шудааст, бо пешниҳоди сардори колонияи тарбиявӣ ва розигии прокурор дар колонияи тарбиявӣ мононад», дуруст мебуд.
РАИС: — Бо дарназардошти пешниҳоди Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам.
Қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ