12 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар деҳоти «Сангтӯда»-и ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳ ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти «Сангтӯда» бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, ки аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст, расман оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимии нав барои 1320 ҷойи нишаст дар 2 баст пешбинӣ шуда, аз 20 синфхона, толори навбунёди варзишӣ, китобхона бо ҳазорҳо нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 25 компютер, толори фарҳангӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол, ҳамчунин барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, синфхонаи коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 60 нафар дар як вақт ва утоқи хизматрасонии тиббӣ иборат мебошад.
Дар рафти боздид аз шароити муассиса Сардори давлат бо устодону толибилмон суҳбат ороста, ҷиҳати омӯзиши дақиқи илм ва забонҳои хориҷӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Муассисаи таълимии мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатӣ бо харҷи беш аз 16 млн. сомонӣ дар 18 моҳ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, бо фаъолияти пурраи он 68 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Устодону хонандагони муассисаи таълимӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд.
Он дар доираи дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзмарраи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара бунёд шудааст.
То бунёди он аҳолии деҳоти мазкур аз мактаби дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва дар солҳои 50 — уми асри гузашта сохташуда истифода менамуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати ифтитоҳи он самимона табрик гуфтанд ва ба тарбиятгирандагон дар ҷодаи азхудкунии донишҳои муосир комёбиҳо орзу намуданд.
Сохтмони мактаби нав дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, пеш аз муҳлат анҷом дода шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 15 миллион сомонӣ ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бунёд гардида, аз қисматҳои алоҳидаи ду ва сеошёна иборат буда, 24 синфхона дорад ва бо дарназардошти синфхонаҳои фаннӣ барои 560 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва толору маҷлисгоҳҳои мактаби нав бо корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёкарда шинос гардида, ба сифати корҳо, ки аз ҷониби ширкату иттиҳодияҳои сохтмонии ватанӣ анҷом дода шудаанд, баҳои баланд доданд.
Дар мактаби нав ҳафт синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи физика, химия, биология ва касбомӯзӣ барои духтарону писарон, амал менамояд, ки дорои таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири илмомӯзию касбомӯзӣ мебошанд. Толори ҳунаромӯзӣ барои духтарон бо таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ таъмин карда шудааст ва хоҳишмандон метавонанд нозукиҳои атласу адрас ва қолинбофиро аз худ намоянд.
Дар мактаб, ҳамчунин сифхонаҳои компютерӣ, лингофонӣ ва инкишофи кӯдак барои наврасони синни томактабӣ бунёд шудааст, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Толори барҳавои варзишӣ барои зиёда аз 180 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 200 ҷой, ошхона барои 60 нафар ва китобхонаю толори хониши электронӣ барои 32 нафар аз бартариятҳои дигари мактаб мебошанд.
Барои мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзгорону хонандагон дар мактаб аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин иншооти ёрирасон, аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, душхонаҳои толор ва майдонҳои варзишӣ, иншооти ёрирасони беруни бино, ба мисли буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта, ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият дорад, ки дар фасли сармо мактабро пурра бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Мактаб дорои майдонҳои хурду бузург барои бозиҳои варзишии алоҳида дар фазои кушод, аз қабили футболу волейбол, баскетбол ва намудҳои варзиши ором мебошад. Барои машғулиятҳои ҳарбӣ майдони алоҳида пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки бо дарназардошти афзун будани шумораи аҳолии деҳот лоиҳаи сохтмони бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар саҳни бинои мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар аз дастгирию таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи маориф ва ҷалби насли ҷавону наврас ба донишомӯзию азхуднамоии забонҳо ва технологияи муосир ёдовар шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов, ҳамчунин бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуданд.
Дар солҳои 2001-2016 дар ноҳияи Данғара бо ҷалби сармоя дар доираи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар ду марҳала 4248,5 га — солҳои 2001-2006 — марҳалаи якум 2500 га ва солҳои 2008-2016 — марҳалаи дуюм 1750 га замин обёрӣ ва аз худ карда шудааст. Маблағи умумии корҳои иҷрошуда 42,0 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Татбиқи навбати дуюми лоиҳа, ки дар муҳлати муайяншуда амалӣ гардид, барои киштукори пахта, зироатҳои полезӣ ва бунёди боғу токзор пешбинӣ шудааст. Истифодаи самараноки заминҳои обӣ кафолати таъсиси зиёда аз 6000 ҷойи корӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат мебошад.
Бояд қайд намуд, ки марҳалаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» аллакай оғоз гардидааст ва дар соли 2017 381,4 ҳазор доллари ИМА ва аз аввали марҳала 2849,2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи марҳалаи сеюм аз худ намудани 1750 га замини нав дар назар аст, ки имконияти таъсиси боз 8 ҳазор ҷойи нави кории иловагиро фароҳам меоварад.
Дар доираи «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар ноҳияи Данғара» корҳои тоза намудани каналҳои ирригатсионӣ (21 км) ва заҳбуру заҳкашҳо (15 км) ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ корҳо ба иҷро расидаанд.
Инчунин, корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ба дарозии 9,6 км, ғалақа (задвижка) 10 адад, қубури обпарто 44, чоҳҳои оҳану бетонӣ 24 адад ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То 1 апрели соли ҷорӣ дар ин самт ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расидаанд.
Дар баробари ин, аз ҳисоби лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасон, дарвозаҳои обтақсимкунанда, чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани ҷӯйборҳои обрасон ба тариқи дастӣ ба маблағи 7,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ва нимаи аввалии соли 2018 амалӣ хоҳанд гашт.
Ҳамчунин, дар доираи барномаҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2009 ва 2010-2014 дар ноҳияи Данғара ба маблағи 756 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ гузаронида, ҳолати ғайриқаноатбахши 739 га замин беҳтар карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳалаи дуюм ба сифати корҳои анҷомдодашуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба роҳбарияти вилоят, ноҳия ва масъулони дахлдори соҳа барои татбиқи саривақтӣ ва босифати марҳалаҳои ниҳоии обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, истифодаи самараноки об ва ҳар қитъа замини обёришуда, техникаю таҷҳизоти таъиноти мелиоративию кишоварзӣ, тақвияти корҳои беҳдоштии кишоварзӣ ва дигар масоили рӯзмарра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
12 майи соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара – 3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз бунёди ин иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани канали «Водии Данғара — 3» дар суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид намуданд, ки дурнамои натиҷаҳои ниҳоии марҳилаи сеюми лоиҳа боманфиат мебошад, зеро баъди татбиқи пурраи лоиҳа 1700 гектар замини нав обёрӣ гардида, ҳосилнокӣ боло хоҳад рафт. Ҳамчунин, истифодаи самараноки заминҳои обӣ барои таъсиси зиёда аз 5000 ҷойи корӣ мусоидат менамояд.
Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» беш аз 33 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки 4,1 миллион доллари он саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15,8 миллион доллар қарзи Бонки исломии рушд ва 13,8 миллион доллар маблағҳои Фонди Кувайт мебошанд.
Фармоишгар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Идораи сохтмони рақами 4 — и «Душанбесохтмон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Алем Трансстрой»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, машваратчии лоиҳа Ширкати «Консолидейтид Консалтантс»-и Урдун мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки масоҳати 6000 гектар заминро дар бар мегирад, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Марҳалаи сеюми лоиҳа моҳи майи соли 2013 оғоз гашта, 12 майи соли равон ба итмом расид ва масоҳати он 1700 гектарро дар бар мегирад. Канали «Водии Данғара – 3» бо дарозии 39 километр ва иқтидори обгузаронии 28 метри мукааб-сония барои обёрӣ намудани заминҳои марҳилаи 2 ва марҳилаи 3, инчунин дар оянда обёрӣ намудани заминҳои дигар пешбинӣ шудааст. Лоиҳа қисми ғарбу ҷануби Тоҷикистон, қад — қади ҳавзаи дарёи Вахш, массиви Данғара, тақрибан 120 километр аз ҷануби шаҳри Душанберо фаро мегирад. Дарозии массив 28 километр буда, бараш 10 километрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи нақша оянда дар ин заминҳо дар масоҳати 900 гектар пахта, 300 гектар ғалладона, 100 гектар сабзавот кишт карда, 100 гектар барои омода кардани хӯроки чорво ва 300 гектар барои бунёди боғ истифода мешавад.
12 майи соли 2017 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар ва пешрафти соҳаи саноат барои бунёди коргоҳи нав — Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ санги асос гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои ҷавонмардони ватанпараст баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда доданд.
Иқдоми бунёди корхонаи нав ба хотири дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ МУОСИР» ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди коргоҳи нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки он бо сарфи беш аз 15 миллион доллар дар муддати якуним сол бояд бунёд гардад.
Иқтидори солонаи он 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки аз чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар яктояш дар ноҳияи Данғара мавҷуд аст ва фаъолияти пурсамару гуногунҷанбаи корхонаҳои ҳудуди он дар муаррифии иқтидори саноатии мамлакат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти гуногун саҳми сазовор мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифати сохтмонӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмону азнавсозии роҳи маҳаллаҳои ноҳия шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, иҷрои корҳо аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» ҷараён дорад. Корҳо аз соли 2016 оғоз гардида, аллакай 8 километри роҳ пурра мумфарш карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони ширкати роҳсозӣ маслиҳат доданд, ки ба сифати корҳои бунёдӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
13 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази савдои «Каёнуш»-и ноҳия аз намоиш — фурӯши чорвои хушзоту маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан намуданд.
Он рӯз аз шаҳру ноҳияҳои вилоят кишоварзони номдор дастранҷи хеш — маҳсулоти кишоварзӣ, намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳиро ба маъраз гузошта, маҳсулоти нонӣ, хушкмева, обу шарбатҳои мева, маҳсулоти консервашуда, гӯшту маҳсулот аз гӯшт, ширу маҳсулоти бо шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатию кишоварзиро пешкаш намуданд.
Тавре маълум аст, дар рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон ва умуман мамлакат соҳаи кишоварзӣ нақши хеле муҳим мебозад. Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 майи соли 2017 дар бахшҳои хоҷагидории вилоят 947 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 482 ҳазор сар модагов, 2 миллиону 317 ҳазор сар моли майда, 57,9 ҳазор сар асп, 1 миллиону 739 ҳазор сар паранда ва 59,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешавад.
Дар намоишгоҳ таҷрибаи ибратбахши хоҷагиҳои кишоварзию зотпарварии «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара, хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»- и ноҳияи Фархор дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.
Бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад. Дастурҳои қатъии дигар барои тақвияти тадбирҳои коркарди гӯшту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат дода шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои кори хоҷагиҳои давлатии моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар асоси маълумоти оморӣ, дар вилоят баъди қабули Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол то сол афзоиш ёфта, теъдоди онҳо ба 185 адад расонида шудааст ва ба онҳо дар 1938 гектар кӯл ва ҳавзҳо вобаста карда шудааст. Дар натиҷаи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чор моҳи соли равон дар вилоят 271 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа ба хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят зиёда аз 230 ҳазор дона моҳии хурд дастрас мешавад. Дар қисмати фурӯши меваю сабзавоти бозори Каёнуш намоиши маҳсулоти боғу токпарварону зироаткорон ва корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзии вилоят ташкил карда шуд.Тавре таъкид гардид, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар масъулияти зиёд доранд, зеро имкону захираҳои васеътарин маҳз дар ин минтақаи ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
Хотиррасон бояд шуд, ки дар чор моҳи соли 2017 дар вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 683,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ соли равон дар 297,2 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки 100,6 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор гектар зиёд мебошад. Инчунин, соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳама бахши хоҷагидории вилоят дар 90 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.
Бо мақсади захираи дусолаи ғалла дар 137,5 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, аз он ҷумла 122 ҳазор гектар гандум кишт карда шудааст, ки иҷрои дурнамои он ба 103 фоиз баробар мебошад.
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар 120 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9416 гектар зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар вилоят нисбат ба солҳои гузашта зиёдтар кишти зироатҳои техникӣ, полезиҳо, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст, ки аҳли заҳмат имрӯзҳо ба коркарди замин ва ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ машғуланд.
Дар вилоят, ҳамчунин, ба масъалаи танзими кори гармхонаҳо ва вусъат бахшидани фаъолияти боғу токпарварӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мешавад. Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолу пурмаҳсул гардида, баробари хоҷагиҳои камшумори давлатӣ дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми намоён мегузоранд. Дастовардҳои рӯзафзуни кишоварзони вилоят, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа нақш мегузорад, асосан натиҷаи таъкидҳои пайваста ва супоришҳои қатъии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои чорводорӣ, зироаткорӣ, боғу токпарварӣ, моҳию парандапарварӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои кораму заминҳои обӣ тавассути кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил мебошанд.
13 майи соли 2017 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон мулоқоти судманду созанда доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон ва яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатию аграрии ҷумҳурӣ — Данғара бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ карда, барои иҷрои саривақтию босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти вилояти Хатлон дастурҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки соли 2016 ба вилоят 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки 38 фоизи ҳиссаи умумиҷумҳуриявиро ташкил медиҳад.
Соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 аз манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон 5,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра дар вилоят 29 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзии вилоят соли гузашта ба 11,7 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бошад, ин нишондиҳанда ба 440 миллион сомонӣ расонида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки захираву имкониятҳои бузурги вилоят то ҳанӯз пурра истифода намешаванд ва барои ҳалли мушкилот дар ин самт роҳбарияти вилоят ва масъулини соҳа бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Соли 2016 даромади буҷети вилоят нисбат ба соли 2015 — ум 88 миллион зиёд шуда, 1,3 миллиард сомониро ташкил кардааст ва нақшаи аниқшуда 96,1 фоиз иҷро шудааст. Дар чор моҳи соли 2017 ба буҷети вилоят 281 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳо доир ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет ва коҳиш додани бақияпулиҳои андоз вазифадор гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят, инчунин, вобаста ба истифодаи самараноки замин бо роҳи кишти такрорӣ, захираи маҳсулоту содироти он, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаи маориф, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини вилоят барору муваффақият орзу намуданд.
Дар мулоқот сокинони вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ карда, пеш аз ҳама, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва талошҳои созанда изҳори сипос намуданд.
www.president.tj