Воридсозии тағйиру илова ба баъзе аз қонунҳо тақозои замон аст

№53 (3690) 16.05.2017

DSC_037012 майи соли 2017 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ҷаласа доир гардид.

Дар он аъзои кумита масъалаҳо доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор доданд.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ зарурат ва моҳияти тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои ҷорӣ муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита нисбат ба онҳо андеша баён намуданд.

Дар хотима роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда хулосаи кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»