Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мақолаи «3 компютер барои 832 хонандаи як мактаб»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 22 апрели соли 2017, № 43 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин воқеъ буда, дар он 832 нафар хонанда таҳсил менамояд. Дар асоси «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» фанни технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 7 — 11 таълим дода мешавад, ки шумораи таълимгирандагон 395 нафарро ташкил медиҳад.
Дар мақола қайд шудааст, ки талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, № 416 «Дар бораи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 иҷро нагардидааст. Дар ҳақиқат, дар муассисаи номбурда 7 компютер мавҷуд аст, ки 3-тои он коршоям мебошанд.
Бино ба гуфти директор ва омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаи таълимии мазкур, 4 компютер бо сабаби пасту баланд шудани барқ аз кор баромадаанд. Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки ба воситаи маблағҳои худӣ ва кумаки падару модарон 4 компютери корношоямро то соли таҳсили нав таъмир намояд.
Омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассиса, новобаста аз ин дониши хонандагонро аз фанни технологияи ҳозиразамон баланд бардошта, барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳо тайёр мекунанд. Дар соли таҳсили 2016-2017 аз ин муассиса ду нафар дар олимпиадаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори медали тилло ва нуқра гардиданд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, ки аксаш дар рӯзнома нашр гардидааст, соли 1959 сохта шудааст ва аз соли 2015 фаъолият намекунад. Хонандагон дар ду бинои соли 1972 сохташуда ва утоқҳои беморхонаи деҳот таҳсил мекунанд.
Дар асоси нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ба нақша гирифта шудааст ва умед аст, ки он амалӣ хоҳад шуд.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод баҳри ислоҳи камбудиҳои зикршуда чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.
О. Табаров,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод