ШУҒНОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар деҳаи Боғеви деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси ВМКБ Қодири Қосим, директори КВДҶ «Захираи ғалла»-и назди Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Баротов ва раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов хишти аввали бинои корхонаи ордтайёркунӣ гузошта шуд. Корхона баъди мавриди истифода қарор гирифтан дар як шабонарӯз то 60 тонна орд тайёр мекунад ва зиёда аз 70 нафар дар ин ҷо кор ҳоҳанд кард. Ин корхона дар асоси дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолони вилоят баён гардида буд, сохта мешавад.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон