ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Мумфаршкунии қариб 10 километр роҳи дохилии шаҳри Хуҷанд дар арафаи анҷомёбист. Ин навбат роҳҳои байни маҳаллаҳои рақамҳои 3 то 19 ва маҳаллаи 28-ум мумфарш гардид. Соли ҷорӣ барои мумфаршкунии роҳҳои дохилии Хуҷанд аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар вилояти Суғд тайи ду-се соли охир роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи зиёда аз 80 миллион сомонӣ асфалтпӯш шуданд.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон