Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баъди гуфтушуниди зиёд санаи 27 июни соли 1997 амалӣ гардид ва он қуллаи баланде дар гуфтушуниди байни тоҷикон ҷиҳати ба даст овардани сулҳи сартосарӣ ва комёбии мардуми Тоҷикистон пазируфта шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ заминаи вусъати ободонӣ дар кишвар гардида, нақшаҳои нав ба нав баҳри пешрафт ва ободии Ватан ба миён омаданд.
Дар он солҳо ба мақсади татбиқи ин ҳадафҳои неку наҷиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфта, созмонҳои ибтидоии он дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ташкил карда шуд.
Созмони мазкур аз рӯзҳои нахустин дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати мустаҳкамшавии дӯстии халқҳо, ҳамдигарфаҳмӣ ва дар ниҳоди насли ҷавон парваридани ҳисси ифтихори миллӣ саҳми муносиб мегузорад.
Аъзои бахши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат ва Шӯрои кӯҳансолони ноҳия дар мулоқоту вохӯриҳо, ки бо аҳли меҳнат, толибилмон ва дар ҷойи зисти шаҳрвандон ташкил карда мешаванд, оид ба мавзуъҳои мубрами рӯз, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори милливу худшиносӣ баромад менамоянд, ки натиҷаи нек ба бор оварда, сокинони ноҳия дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Таваҷҷуҳ ба илму фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва созандагиву бунёдкорӣ, ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ хеле зиёд аст. Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хуб дарк менамоянд, ки ин ҳама маҳз ба туфайли ваҳдату якдилии мардуми кишвар ба даст омадааст.
Давоми якчанд соли охир дар ноҳия панҷ корхонаи коркарди пахта, бинои мактабҳои нав сохта, роҳҳо тармим гардиданд. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ рӯ ба афзоиш овард.
Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар деҳотҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Арал, Дӯстӣ, Иттифоқ, Ифтихор, Калинин, 50-солагии Тоҷикистон ва Яккатут вобаста бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавзуъҳои «Тоҷикистон, ваҳдатат поянда бод» ва «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо» мулоқотҳо доир намуда, аз дастовардҳои давраи истиқлолият, сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.
Аъзои бахши ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон якҷоя бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Шӯрои кӯҳансолон ва аҳолии ноҳия аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар оянда низ баҳри рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкими ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда мегузоранд.
Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ,
раиси Шӯрои ветеранҳои ноҳияи Абдураҳмони
Ҷомӣ ва котиби бахши ноҳиявии Ҳаракати
ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон