Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба зиёд намудани тухмии хушсифат, аз ҷумла, ироа намуданд:
«Вазъи соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар ба талаботи торафт афзояндаи истеҳсолот ҷавобгӯй набуда, таъминоти кишоварзон бо тухмиҳои аълосифат ба беҳбудӣ ниёз дорад. Бо ин мақсад, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки таҳқиқоти илмиро оид ба ин масъала густариш дода, ба амалия татбиқ намудани корҳои таҳқиқотиро таъмин намоянд ва доир ба корҳои анҷомдодашуда ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот диҳанд».
- Ин дастури Пешвои муаззами миллат ҳар як шахси масъулро водор менамояд, ки дар ин самт мувофиқи қудрату тавоноӣ саҳм гузорад. Пеш аз ҳама, зарур мешуморем, ки кишоварзон бо маданияти истифодаи замин хубтар шинос бошанд, — гуфт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.
Бо ин мақсад дар ноҳия вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳа бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию ҷамоавӣ дар чойхона, фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки асоси рушди иқтисодиёти ноҳияро маҳз соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба рушди он ҳамвора авлавият дода шуда, баҳри бартараф кардани мушкилоти кишоварзон тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд. Ин аст, ки кишоварзони ноҳия ният доранд дар 1000 гектар картошка, 171 гектар сабзавот, 170 гектар зироатҳои техникӣ ва 2077 гектар ғалладонагӣ кишт карда, 69 гектар боғи нав бунёд намоянд. То кунун онҳо 124 гектар боғи куҳнаро барқарор намуда, дар 750 гектар шаклдарории боғҳо, 800 гектар коркарди байни қатораҳо ва 950 гектар коркарди химиявии боғҳо ба анҷом расид.
- Дар ноҳия барои суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ аз лиҳози таъминоти тухмӣ ва техника танқисӣ ҳис намешавад. Техникаҳои кишоварзӣ барои бомуваффақият анҷом додани маъракаи киштукори баҳорӣ сафарбар шуда, то ин давра дар 185 гектар кишти картошка гузаронида шуд. Тибқи дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонон, илова ба тухмии захирашуда беш аз 750 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид гардида, ба картошкапарварон мувофиқи дархост тақсим шуд. Минбаъд низ вохӯрии масъулин бо кишоварзон идома меёбад. Шоистаи зикр аст, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо бозгӯйии муҳимият ва махсусиятҳои сиёсати Пешвои муаззами миллат дар робита ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»