Китобиёт

Ҳаҷвнигори Зуллисонайн

№59 (3696) 27.05.2017

Хонандагони замони шӯравӣ ҳаҷвияҳои намакини Самад Ғанӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, нависандагони дар ҳамон замон ҷавонтари умедбахш Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ, Додохони Эгамзод, Гурез Сафар, Наҷмидини Шоҳинбод, Саидаҳмади Зардон ва дигаронро хуб дар ёд доранд, ки тавассути маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Хорпуштак», рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ба нашр расида, камбудиҳои ҷамъиятро фош мекарданд.

Мутаассифона, дар замони истиқлолият ба ин жанри адабӣ таваҷҷуҳ камтар шуду чакидаҳои хомаи қаламкашони дар ин ҷода қуввасанҷ аз маҳсули эҷоди ҳаҷвнигорони солҳои 60-70-уми қарни гузашта дар сатҳи паст қарор доранд.

Хушбахтона, ҳастанд нигорандагоне, ки дар ин ҷода солҳои зиёд хомафарсоӣ мекунанд ва дастболо ҳам шудаанд. Ҳаҷвнигори варзида Эгамназари Соҳибназар аз ҳамин гуна ҳаҷвнависон мебошад. Ба қавли Анзурати Маликзод, «мазмуну моҳияти ҳаҷвияҳои Эгамназари Соҳибназарро инъикос намудани камбудиву норасоиҳо ва нуқсу иллатҳои дар ҷомеа ҷойдошта ташкил мекунанд».

Ӯ нависанда — ҳаҷвнигори зуллисонайн буда, дар замони шӯравӣ  чанд китобаш ба забони ӯзбекӣ рӯи чопро дидаанд. Акнун ӯ бештар ба забони тоҷикӣ менависад. «Ҳӯппоқ», «Одами ғалатӣ», «Обрӯи тӯй», «Одамҳои сарборӣ», «Муҳаррирони ҷойдории ман» ва маҷмӯаи ашъори ҳаҷвии «Зангӯлаҷон, зангӯла» асарҳои ба забони тоҷикӣ эҷодкардаи ӯ буда, аз ҷониби хонандагони сершумор баҳои хуб гирифтаанд.

Чанде пеш китоби нави Эгамназари Соҳибназар бо номи «Хомшӯрбо» дастраси хонандагон гардид, ки аз 20 ҳаҷвия, се саҳнача, се мусоҳиба ва зиёда аз 40 латифаю хандарезаҳо иборат аст.

Хонанда агар баъди мутолиаи ҳаҷвияҳои «Илҳомкуш», «Ҷонсахт», «Ҳамакора», «Муаллимон бекор намонданд», «Саги сардор», «Хушдомани кӣ беҳтар?», «Ман ба хизмат меравам», «Хона мефурӯшам» лаб ба табассум во кунад, пас аз хондани ҳаҷвияҳои «Нақши аввалу охир», «Ғолиб», «Зинда қадр надорад» ва ғайра аз ханда худдорӣ карда наметавонад.

Дар навиштаҳои адиб порахӯрӣ, нашъамандӣ, аз хизмати аскарӣ гурехтан, мардумфиребию ҳаннотӣ, муноқишаи байни келину хушдоман ва вайроншавии оилаҳои ҷавон барин зуҳуроти номатлуб сахт мазаммат шудаанд.

Муаллиф дар маҷмӯа чанд тарҷумаи худро аз эҷодиёти ҳаҷвнигорони хориҷӣ — Саид Аҳмад, Анвар Муқимов, Александр Перлюк, Сергей Кибанков, Леонид Франсузов, Александр Курляндский, Аркадий Ҳайт, Амир Даутов, Евгений Обухов, Евгений Микунов, Герман Дробиз, Виктор Плотитсин низ ҷой додааст.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»