Ба ифтихори 20- солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар доираи нақша-чорабиниҳое, ки раёсати донишгоҳ ба ин мақсад тарҳрезӣ намудааст, бо ибтикори устодону донишҷӯён чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ баргузор мешаванд. Фестивали забони русӣ ва фарҳанги Федератсияи Россия, ки дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев баргузор шуд, хеле ҷолибу хотирмон буд. Раиси шаҳри Хоруғ Фаромуз Имомбердиев дар сухани ифтитоҳии хеш аз дӯстии халқҳои тоҷику рус сухан гуфта, зикр кард, ки нақши бародарони рус дар замони шӯравӣ дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагӣ, аз ҷумла илму фарҳанг дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зиёд буд ва имрӯз ҳам нақши Федератсияи Россия ҳамчун шарики стратегӣ дар ин самтҳо кам нест. Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев Имомёрбек Қаландарбеков ва ноиби ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Хусрав Шанбезода аз ҳамкориҳои раёсатҳои ду донишгоҳ дар тамоми самтҳои фаъолияташон ҳарф заданд. Гурӯҳи ҳунарии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон барномаи рангини консертиро пешкаши ҳозирин гардонид.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»