Шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб дар канори дарёи Оқсу, ки сокинон онро рӯди ҳаётбахш меноманд, воқеъ гардидааст. Баъди паймудани роҳи дурударози Хоруғ-Ҷелондеҳ-Аличур-Башгумбез аз гардишгоҳи мавзеи Муҳаммадзоҳир он намудор мешавад, ки иморатҳояш сап-сафеданд. Барҳақ, дар муҳити якранги нимбиёбонӣ ва терескензор дидани ин макон хеле аҷиб аст.
Дар бораи вазъи гузашта ва ҳозираи маркази ноҳия Мурзабай Ҷоошбаев — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия боифтихор қисса кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки дар замони шӯравӣ роҳи Ош — Мурғоб — Хоруғ аз миёни шаҳрак мегузашт. Ҳамон вақт шароит ва имконият буд, ки маркази ноҳия ва авулҳои деҳоти «Аличур», «Мурғоб», ба номи Ғожо Бердибаев, «Рангкӯл» ва «Қарокӯл» қадре обод шаванд, аммо масъулон парвои инро надоштанд. Боре ҳам роҳбарони кишвар дар зарфи қариб ҳафтод соли Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин диёри дурдаст қадам ранҷа нанамудаанд. Онҳо аз сокинони ноҳияи Мурғоб танҳо зиёд кардани саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулоти соҳаро талаб мекарданду халос.
Чунин бепарвоӣ сабаби аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба дигар шаҳру навоҳии Бадахшон хеле қафо мондани ноҳияи Мурғоб гашт. Он давра иморатҳои каму беш ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷавобгӯй биноҳои кумитаи ҳизби коммунист, комиҷроияи ноҳия, гурӯҳи сарҳадӣ ва Озмоишгоҳи илмӣ — тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Қариб ҳаштод фоизи қутоспарварону бузу гӯсфандпарварон дар хайма зиндагӣ мекарданд ва ин ҳолати якрангу дилбазан то даврони истиқлолият идома кард. Танҳо сафарҳои корӣ, қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мурғоб барои мардуми минтақа тақдирсозу бобарор гардид.
Сокинони ноҳия, махсусан бошандагони деҳоти «Аличур», яке аз сафарҳои кории аввалини Сардори давлатро ба Мурғоб дар солҳои истиқлолият хуб дар хотир доранд. Онҳо дар ҳар як ҷамъомад аз далерӣ, мушкилнописандӣ ва дӯстдори мардум будани Пешвои миллат гаштаю баргашта нақл мекунанд. Ба ёд меоранд, ки дар он рӯзи боронӣ осмони Помири Шарқиро абрҳои ғафс печонида буд. Халабонҳои чархбол таклиф намуданд, ки ба шаҳри Хоруғ баргарданд. Лекин Президенти кишвар қатъиян рад карданд. Аз ноилоҷӣ дар соҳили Булункӯл чархбол фуруд омад. Он рӯз аз меҳмондории самимонаю хоксоронаи аҳолии Аличур ва бо ягона мошини куҳнаи «Нива» ба маркази Мурғоб рафтанашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат хеле ба ваҷд омаданд. Баъди мулоқот бо мардум бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Мурғоб» қабул гардид. Дар доираи қарори номбурда корҳои созандагӣ сурат гирифтанд. Дар марказ ва панҷ деҳоти ноҳия беш аз 30 иншооти иҷтимоӣ ва даҳҳо манзили истиқоматӣ сохта шуд. Бо иқдоми Пешвои миллат қисми зиёди хонаводаҳо бо батареяҳои офтобӣ таъмин ва кошонаҳо равшан гардид. Ҳоло аҳолии ноҳия шабакаҳои телевизиониро пурра имкон доранд тамошо кунанд.
Алоқаи телефонӣ дар дурдасттарин деҳа низ як чизи муқаррарӣ гаштааст. Мактабиён аз компютеру принтерҳо ва дигар асбобу анҷоми ҳозиразамони таълимӣ истифода мебаранд. Чорводорон низ соҳиби хонаҳои чӯпонӣ гашта, танҳо фасли тобистон дар чарогоҳҳои дурдаст, дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.
- Дар солҳои аввали истиқлолият зиндагии мардум пасту баландиҳои зиёд дошт, — гуфт раиси ноҳия Мурзабай Ҷоошбаев. — Вақте ки бо роҳи Ош — Мурғоб — Хоруғ мошинҳо хеле кам ҳаракат мекарданд, мардум гумон доштанд, ки он баста мешавад. Аз ин хотир чанд хонавода ба Ҷумҳурии Қирғизистон кӯч баст. Онҳо он ҷо ба мушкилоти зиёде гирифтор шуданд. Маҳз дар айёме, ки мамлакат ҳанӯз оқибатҳои харобиовари муноқишаҳои шаҳрвандиро пурра бартараф накарда буд ва силоҳбадастон дар минтақа аз мавҷудияти худ дарак медоданд, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сохта, мавриди истифода қарор додани шоҳроҳи байналхалқии Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ, роҳи Мурғоб — Қулма — Қароқурум оғоз ва дар кӯтоҳтарин вақт сохта, ба истифода дода шуд. Баъдан, оилаҳое, ки ба Қирғизистон кӯчида буданд, баргаштанд ва чароғи кошонаҳояшонро аз нав равшан карданд. Хизматрасонӣ ба ронандагону мусофирон ва сайёҳони хориҷие, ки аз тариқи шоҳроҳи Душанбе — Дарвоз — Кӯлоб- Хоруғ — Мурғоб — Қулма ба кишвари бузурги Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекарданд, оғоз шуд. Дар маркази ноҳия бозори калон бо номи «Сари кӯл» бунёд гашт. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби бонуи соҳибкор Қумушай Таҷаллиева меҳмонхонаи замонавии дуошёна, дар мавзеи Оқбалиқ қаҳвахона ва чанд нуқтаи хизматрасонии нави замонавӣ бунёд шуд. Дар марказҳои деҳоти ба номи Ғожо Бердибаев, «Қароқӯл» ва «Аличур» биноҳои беморхонаи минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва яслӣ — боғчаҳо сохта шуданд. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ҳоло бунёди Неругоҳи барқи обии «Оқсу — 2» оғоз гардидааст.
Дар интиҳо Мурзабай Ҷоошбаев иброз дошт, ки мардуми ноҳия аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободкорӣ миннатдоранд. Аммо афсӯс мехӯрам, бисёриҳо ин диёри тулӯи шамси ховар, зебоиҳои табиати он, ҳамроҳи бузу гӯсфанд ва қутосҳо чаридани оҳувон, архарҳои минтақа ва кӯлҳои сермоҳиро надидаанд. Ба онҳо гуфтаниам, ки ба ин минтақаи биҳиштосои кишвар меҳмон шаванд ва аз зебоиҳои табиати нодири он ҳаловат баранд.
Сироншоҳи Диловар