Иқтисоде, ки пешбурди он кафолати ҳифзи сарватҳои табиист

№ 30.05.2017

DSC_0136Ҷамъомаде, ки 25 майи соли равон дар толори КВД КТН «Шарқи озод» бо иштироки доираи васеи мутахассисону коршиносони марбута баргузор гардид, ба мавзӯи «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» бахшида шуд. Сардори Маркази захиравии «Орхус» дар шаҳри Душанбе Сулҳия Содиқова иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам ба 9 конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ба Конвенсия оид ба дастрас намудани маълумот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрас будани адолати судӣ вобаста ба масъалаҳои муҳити зист (Конвенсияи «Орхус») шомил шудааст.

Соли 2003 бо мувофиқаи байни Вазорати ҳифзи муҳити зист ва намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази захиравии «Орхус» таъсис ёфт. Баъдан, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва ноҳияҳои Рашту Қумсангир марказҳо ташкил шуданд. Фаъолияти марказҳои зикршуда ба самтҳои идоракунии муомилот бо партовҳо, захираҳои замин, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об ва маърифати экологии мардум равона шудааст.

- Назарияи иқтисоди «сабз» ба он аксиома такя мекунад, ки дар рӯи замин ҳама чиз ба ҳамдигар вобаста аст, — гуфт Сулҳия Содиқова.

Номбурда зикр намуд, ки самтҳои асосии рушди «иқтисодиёти сабз» дар Тоҷикистон инҳоянд:

1. Ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, (неругоҳҳои обӣ, офтобӣ, шамолӣ, биоэтанол, биогаз);

2. Татбиқи самаранокии энергия дар хоҷагии рифоҳи манзил (хизмати коммуналӣ);

3. Заминдории органикӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

4. Идоракунии партовҳо;

5. Ташкили системаи идоракунии захираҳои об;

6. Рушди нақлиёти «аз лиҳози экологӣ бехатар» (троллейбус, электромобил, электробус, электропоезд, метро, гелиомобил…);

7. Нигоҳдорӣ ва идоракунии босамари системаҳои экологӣ (экосистемаҳо).

Сардори Маркази илмию истеҳсолии «Табиат» Темур Назаров бобати рисолати мақомоти давлатии ҳифзи табиат дар пешбурди иқтисоди «сабз» иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки корхонаҳои аз сарватҳои табиӣ истифодабаранда барои пешбурди фаъолияти экологӣ манфиатдор нестанд. Зеро фаъолият дар соҳаи муҳити зист кори даромадовар набуда, танҳо дар сурати истифодаи дуюмбораи партовҳои сахти маишӣ андаке манфиати иқтисодӣ гирифтан мумкин аст. Аксар вақт мушоҳида мегардад, ки замони вайрон (ифлос) кардани муҳити зист ва вақти ба ҷавобгарӣ кашидан барои ин кирдор бо ҳам мувофиқат намекунанд. Масалан, ифлосшавии муҳити зист метавонад ба саломатии инсон дар тӯли якчанд сол ё баъди гузашти даҳсолаҳо таъсир расонад. Бисёр вақт мушоҳида мешавад, ки ба муҳити зист як корхона зарар мерасонаду муассисаҳои дигар зарар мебинанд. Барои мисол, ифлоскунандаҳои асосии муҳити зист соҳаҳои нақлиёт, саноат ва энергетика мебошанд, вале зарари асосиро соҳаҳои тандурустӣ, коммуналӣ, кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ мебинанд.

Сармуҳаррири нашрияи «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Яъқубӣ аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод кардаанд, ёдовар шуда, оид ба инъикоси иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи конвенсияҳои байналмилалии экологӣ дар ВАО- и кишвар иттилоъ дод.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ