Зиндагӣ панд медиҳад: ҷавонмард як сухани мардона, як амал, як ақида дорад, номард — сад
Сухан қувваи тавонои сафарбарӣ, нерубахши беинтиҳои офарандагӣ дорад. Хома ба дасти нопоке афтад, он боиси харобкорӣ, низоъ мешавад.
Дар бораи як масъала як бор сухан гуфтану навиштан дар доираи талабот ва одоби инсонист. Агар ин амал пай дар пай такрор ёбад, талаботи қонунгузории соҳа риоя нашавад, муаллиф дар назди қонун ҷавоб бояд бигӯяд. Мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди онанд, ки Додоҷон Атовуллоев оид ба як масъала чандин маротиба бо барномаҳои таҳқиромез нисбати давлату давлатдорӣ ва Сарвари давлат дар шабакаи мустақили телевизионии «К+» бе ягон далелҳои исботкунанда такрор ба такрор, бешарафона ва бешармона ба бадномкунии кишвари азизамон ва роҳбари он баромад дорад. Худи ӯ кист, ки бешарафона иброз медорад:
- Мо пайванди кафшери чархи давлатдории Шуморо мешиканем. «Мо» гуфта киро дар назар доред, ҷаноби Атовуллоев? Шумо тарафдори содиқ надоред, маълумотдиҳандагон ба ғайри хабаркашӣ аз дасташон кори дигаре намеояд.
Дониста бошед: аввало, шумо ва шумо баринҳо дар назди халқи тоҷик обру ва эътибор надоштед ва надоред. Аз сафсатагӯйӣ, дурӯғгӯйӣ сухани худро беқадр кардаед. Касе дар кишвар имрӯз ба суханони шумо эътиқод ва боварӣ надорад. Аз ба забон овардани суханони қабеҳ ва бешармона худдорӣ намекунед, ки ин хилофи одоби ҳамидаи инсонист.
Барои он ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намояд, ӯ аз туҳмату буҳтони бешармонаи бадномкунанда, ки асоси воқеӣ надорад, истифода бурда, ҳисси нафрати одамонро нисбати давлат ва Сарвари он афзоиш додан мехоҳад. Агар Додоҷон Атовуллоев заррае хоки пок ва муқаддаси Ватанро дӯст медошт, ба ин амали нанговар даст намезад. Инсон барои он инсон аст, ки виҷдон, нангу номуси ватандорӣ дорад, ба роҳи ғалат қадам ниҳад, пеш аз ҳама, дар назди виҷдони худ ҷавоб бигӯяд.
Биёед, андеша кунем, киҳоро ҷонибдорӣ мекунад Додоҷон Атовуллоев? Мансабдорони барои хатоиҳо аз вазифа дуршуда ва ё ҷинояткорони дар маҳбасбударо. Ба ин амалҳо чӣ дахл дорад Сарвари давлат? Канӣ далел?
Шумо ҳимоятгар –маслиҳатчии ҳуқуқии ин шахсон набошед, ба ин корҳо чаро дахолат мекунед? Сарвари давлат Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, на шахсони ҷиноятпешаро.
Додоҷон Атовуллоев ошкоро иброз медорад, ки баъзе ҳамфикронаш тавассути телефон ва каналҳои гуногун силсилаи хабарҳои иғвогарона ва туҳматомезро ба ӯ мерасонанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, вале ӯ кала, ақлу тамиз надорад, ки сиёҳро аз сафед фарқ кунад? Дорад, вале намехоҳад. Ба бемории касбии туҳматчигӣ гирифтор аст. Вуҷудаш, ҳастиаш дар деги туҳмат меҷӯшад.
«Шунидан кай бувад монанди дидан» гуфтаанд. Чизе, ки дидаӣ, ҳақиқат аст, надидаӣ, дурӯғ, туҳмат. Ин ҳарзагӯи гузаро аз ҳама чизи дидаву надидааш, хондааш, шунидааш танҳо як чиз – камбудӣ меҷӯяд. Олам бо ҳама зебоиҳояш ба назари ӯ доғдор метобад, ба ҷои лаззат, ҳасрат мебарад.
Дар барномаҳои охир Додоҷон Атовуллоев шарм надошта, калима ва ибораҳоеро истифода мебарад, ки таҳқир аст, шаъни одамонро паст мезанад.
Мехоҳем аз шумо бипурсем: кай дурӯғофарӣ ва туҳматро бас мекунед. Мехоҳед, ки дигарон ба шумо тарафдор, ҳамовоз шаванд, аммо ин хаёли хом аст.
Мо пай бурдем, ки ту дар ҳақиқат буздил, дурӯя, тарсончак ҳастӣ, аз гапи рост, аз ҳақиқат ҳазар мекунӣ. Ту имрӯз ҳокими бадбахтиҳо, туҳмату буҳтонҳо ҳастӣ, ки қасри он бе таҳкурсии мустаҳкам буда, оқибат фурӯ меафтад. Худро фарзанди Тоҷикистон меҳисобӣ, вале ин хатои маҳз аст. Тоҷикистон фарзандони содиқ ва арзандаи худро дорад, ки дар арсаи олам бо нангу номуси ватандорӣ шаъну шарафи кишварро баланд мебардоранд. Фарзандони бовафои миллат дар ҳаққи ин ватану ин халқу ин давлат дар давлатҳои хориҷӣ бо сарфарозӣ ва ифтихор суханони самимӣ мегӯянд, аз таърихи ғании ниёгон ёдовар мешаванд.
… Боз дар телевизион Додоҷон Атовуллоев пайдо мешавад. Садои нохуш, суханпардозиҳои воҳимаангези ӯ аз нав табъи хуши одамонро хира месозад.
Ин туҳматчии ноком ва ҷонибдоронаш бояд бидонанд, ки суханонашон беқадр шудааст. Мардуми тоҷик ва хориҷиён имрӯз сарсабзиву шукуфоии кишвари моро бо чашми худ дида, садҳо маротиба аз Додоҷон Атовуллоев ва ҷонибдоронаш хубтар медонанд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон кист, дар дохили кишвар ва хориҷи он чӣ мавқеъ дорад.
Фурсати он расидааст, ки Додоҷон Атовуллоев ба худ омада, аз аспи мағрурию ҳавобаландӣ фарояд, аз амалҳои ғайриқонунӣ даст кашад. Кирдорҳои ӯ шаҳодати он аст, ки эҳсоси ҳақиқатшиносӣ надорад, одат кардааст, ки каҷро рост бигӯяду ростро каҷ. Ҳар баромади ӯ боиси он мегардад, ки одамон гузаштаи на чандон дурро ба хотир оварда, дар атрофи Сарвари давлат боз ҳам муттаҳид мешаванд.
Саволе ба миён меояд, ки имрӯз тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши кист? Кӣ хизматҳои пурарзиш ва сазовор ба мардуми кишвар намудааст? Тоҷикистониён мегӯянд: «Ин марди шариф, барӯманд, диловар, ояндашинос, сиёсатмадор Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 21 сол роҳи мушкил, пурмашаққат, тоқатшикан ва хатарнокро бо ҳамроҳии мардуми диёр якҷоя тай карда, дар ҷодаи сарварӣ муваффақ шудааст. Бо кӯшишҳои пайваста, ҷонбозӣ, ҷоннисориҳои ӯ мо ба ин рӯзҳои муборак, сулҳ, ваҳдат, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ расидаем». Одамони қадршинос ва дардошно таърихи гузаштаро омӯхта, хотири фарзандони содиқ ва барӯманди миллатро пос медоранд. Додоҷон Атовуллоев мехоҳад ба ҳайси ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ баромад кунад. Аз ҳар ҳарф, ҳар калима, ҳар ибора ва ҳар ҷумлааш маълум мешавад, ки ӯ мунофиқ асту аз ашхоси сиёҳдил хубӣ ҷустан хатост.
Ба ёд меоварем, ки мардуми Тоҷикистон ва вилояти Хатлон солҳои 1992 ва 1993 чӣ гуна фалокати даҳшатборро аз сар гузарониданд, ки ин ба онҳо сабақ шуд. Ҳамон солҳо дар натиҷаи амалиётҳои мусаллаҳона дар вилояти Хатлон 633130 нафар шаҳрвандон фирорӣ гашта, баъди иқдоми неки Сарвари давлат боз ба ҷойҳои зисти муқимии худ баргаштанд. 33448 манзили сӯхтаю валангор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид аз нав сохта, ба соҳибони аслиашон дода шуд. Дар муноқишаҳои дохилӣ дар вилоят 17976 нафар фарзандон бе парастор монда, аз он 16226 нафар як сарвари оила ва 1750 нафар ҳар ду сарвари оиларо аз даст дода, ба ғамхории давлат фаро гирифта шуданд.
Кӣ мехоҳад ба чунин ҳолати марговар дубора дучор гардем? Ягон инсони солимақл, ба ғайри Додоҷон Атовуллоев, чунин фикр надорад.
Бо сарварии шаҳсавори сиёсати ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз давра ба давра, зина ба зина рушду камол меёбад.
Сад шукр, ки имрӯз Тоҷикистон дӯстони арзанда, сазовор ва қадрдон дорад. Бо кӯмаки онҳо неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» сохта шуда, нақбҳои бузург бунёд гардидаанд. Садҳо корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо роҳҳо навсозӣ шудаанд. Чаро ҳамаи инро Додоҷон Атовуллоев нодида мегирад? Ӯ ба ғайри таънаю маломат барои мардуми тоҷик ягон кори шоиста ва арзандаро анҷом надодааст.
Шоире дар ҳаққи чунин нотавонбинҳо ва туҳматчиён фармуда:
Гарм шав аз меҳру зи кин сард бош,
Чун маҳу хуршед ҷавонмард бош!
Мо медонем: шумо рақибону ғаразхоҳони баддили давлату миллати тоҷик аз шуҷоату ҷасорату мардонагии пойдору устувори Сарвари давлат ҳарос доред. Зеро ин марди соҳибдил миллати пошхӯрдаву дилсардгардидаро ба ҳам овард, талошҳои ғаразноки бегонагон ба боди фано рафт, ҳувияти миллӣ ва тафаккури созанда роҳбалад ва нерубахши фарзандони бонангу номуси диёранд.
Шукр, ҳазорон шукр, ки ба қалбҳои сӯхтаю дардолудаи мардуми азияткашидаи кишвар Ваҳдати миллӣ даво гашт. Инро тамоми сарварони давлатҳои дунё, Созмони Милали Муттаҳид, сиёсатшиносони шинохтаи олам эътироф ва ҷонибдорӣ кардаанд, ба ғайри Додоҷон Атовуллоев, зеро ӯ дили пуркину сиёҳ дораду нотавонбин аст.
Боймурод САЙДАЛИЕВ, Рӯзноманигор