Дастгирӣ аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи хубест барои ҳар афроди мустақил ва созмонҳову ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, зеро аз дастгирии сиёсати замон давлату ҳукумат ба халқ ва ҳалқ ба ҳукумат наздик мешавад. Ин чиз ҳам ба манфиати давлату миллат ва ҳам ба манфиати шахсиятҳои алоҳидаву роҳбарони ҳама гуна ҳаракатҳову равандҳо мегардад. Ҳаракатҳое ҳастанд, ки дар баробари бо ҳукумат ҳамақида шудан аз давлат чизеро интизор мешаванд. Онҳо бар он назаранд, ки сиёсати имрӯзаро ҷонибдорӣ мекунанд ва бояд ба онҳо имтиёз дода шаванд. Суханони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаи телевизионии «Нур»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гувоҳи ин аст. Кабирӣ мегӯяд, ки агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳам ба паймонҳои соли 1997 байни тарафҳои тоҷик басташуда пойбанд бошад, эҳтимол ҲНИТ дар интихоботи президентии соли ҷорӣ аз номзадии ӯ пуштибонӣ кунад.
Раиси ҲНИТ бо ин таъкид мекунад, ки ҳамон имтиёзи аз ҷониби давлат ба мухолифини кишвар ҷудошуда, яъне 30 фоизи соли 1997 дуюмбора барқарор карда шавад. Он замон танҳо барои ба ҳам омадани гурӯҳҳои мухолифи зидди сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон, ки онро наҳзатиён ба уҳда доштанд, давлат пешниҳод кард то сулҳ пойдор бимонад ва мухолифин низ вориди ҳукумат шаванд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, мухолифин, махсусан ҷонибдорону аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вориди сиёсат ва ҳокимият гардиданд. Суханони Кабирӣ айнан ҳамин мазмунро дорад, ки ҳизби наҳзат аз Президенти кунунии Тоҷикистон, ки номзадиашро дар интихобот мегузорад, ҷонибдорӣ мекунад ва ба монанди имтиёз ба ин ҳизб имконият дода шавад, то ҳадафҳои худро бароварда гардонад ё ягон вазифаи муносиб ба раёсати ҳизб ва думраваконаш диҳанд.
Муҳиддин Кабирӣ бори дигар исбот сохт, ки ӯ аз пайравони мухолифини қаблӣ буда, роҳи гузаштагонашро таъин намудааст, яъне ягон вазифаи хуб диҳанд, аз ҳама чиз даст мекашад. Кабирӣ ҳанӯз ҳам квотаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз хотир набаровардааст ва кӯшиш дорад дубора соҳиби ҳамон гуна квота гардад. Ин сиёсати иштибоҳии Кабириро нишон медиҳад. Ӯ ба ёди «аҳду паймонҳои соли 1997» пойбанд аст.
Инчунин раҳбари олии ҳизб хостори ба миён гузоштани масъалаву шартҳо мебошад. Чуноне ки гуфтааст, агар наҳзат ба ин натиҷа бирасад, ки аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кунад, ҳатман шартҳо хоҳад буд, ки бояд Тоҷикистон вориди як сиёсатҳои ҷадид бошад ва Тоҷикистон вориди як марҳилаи дигар шавад. Ҳатто ба он таъкид мекунад, ки эҳтимоли пуштибонияш аз интихоботи президентии қарибулвуқуъ хеле кам аст, барои он ки давлат ин заминаро фароҳам насохтааст. Аммо ӯ аз кадом заминае ном набурдааст, ки аз давлат чӣ мехоҳад ва давлат чӣ заминаеро барои ӯ муҳайё кунад. Ба ақидаи ӯ, давлат ба монанди солҳои 90-ум, ки ба мухолифини сарсахт имкониятҳои зиёдеро пешниҳод дошта буд, бори дигар низ ба ҳамон наҳзатиён чизеро ироа кунад. Бо вуҷуди ин Кабирӣ тамаллуқкорона изҳор медорад, ки агар нақша ё шартҳояш амалӣ нашаванд, дар он сурат наҳзат номзади худро ба мақоми президентӣ муаррифӣ мекунад.
Ин рафтору гуфтори Кабирӣ бори дигар нишон дод, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на ба манфиати исломиёну на ба манфиати ҷамъият хизмат намекунад ва ормонҳои исломии халқи тоҷикро на пуштибонӣ мекунад ва на бароварда мегардонад. Шахсиятҳои роҳбарикунандаи ин ҳизб танҳо барои ба мақсадҳояшон расидан мекӯшанд. Гуфтан бамаврид аст, ки Президент ниёз ба овозҳои наҳзату пайравонаш надорад ва раёсати наҳзат аллакай чандрӯягии худро собит кардааст, ки дигар ҳоҷати шарҳу баён нест.
Муҳаммад МАҶИД